Салом
Агар ту ба гардан гирифтани хатоҳоятро ёд гирӣ, одами масъулиятшинос ва боваринок мешавӣ.
Ман фаҳмидам, ки бо дӯстонат бозӣ карда нохост ту бо тӯб ба тирезаи мошини ҳамсоя зада, онро шикастӣ.
Биё, истода фикр мекунем. Якчанд вариант ҳаст. Кадомашро интихоб мекунӣ:
Гурехта меравӣ.
Дигар касро айбдор мекунӣ.
Ба ҳамсоя воқеаро нақл мекунӣ ва ваъда медиҳӣ, ки зарарро бартараф мекунӣ.
Мумкин дилат ба варианти 1 кашол бошад. Лекин чӣ коре накарда бошӣ, ба гардан гирифтани хатоҳо роҳи беҳтарин аст.
Барои ба гардан гирифтани хатогиҳо се сабаб ҳаст.
Ин аз рӯйи инсоф аст.
Пас, хирадмандон фармудаанд: «Дар ҳар бобат мехоҳем ҳалолкорона рафтор кунем».
Касеро, ки ба гуноҳҳояш қоил мешавад, зудтар мебахшанд.
«Касе ки ҷиноятҳои худро пинҳон дорад, муваффақият намеёбад; вале касе ки иқрор шавад ва онҳоро тарк кунад, сазовори раҳм мегардад»
Аз ҳама муҳимаш, ин ба Худо маъқул аст.
Китоби Муқаддас мегӯяд: «Даҳони дурӯғгӯй назди Худованд зишт аст, вале росткорон ба Ӯ мақбуланд».
Як писари 20 соларо барои бо суръати баланд ҳай кардани мошин ҷарима мекунанд. Лекин вай ба падараш ҳеҷ чиз намегӯяд. Ӯ нақл мекунад: «Як сол пас падарам коғази ҷаримаро дида, аз ин воқеа хабардор шуд. Ин рафторам ба ман вазнин афтод!
Чӣ дарс гирифтан мумкин аст? Он ҷавон мегӯяд: «Пинҳон кардани хатогиҳо вазъиятро бадтар мекунад. Оқибат ҳамааш маълум мешавад ва ту як рӯз не, як рӯз барои хатогиҳоят ҷавоб медиҳӣ».
Чӣ хел аз хатоҳоямон дарс гирем?
Одаме, ки хатогиҳояшро ба гардан мегирад, хоксору фурӯтан ва шахси пухта мебошад.
Қадами дуюм аз хатоҳо дарс гирифтан аст. Духтаре бо номи Вазира мегӯяд: «Ман кӯшиш мекунам, ки аз хатоҳоям дарс гирам, шахси беҳтар шавам ва дафъаи дигар онҳоро такрор накунам». Биё бинем, ки чӣ тавр ин корро кардан мумкин аст.
Фарз кардем, ту велосипеди акаатро гирифта ягон ҷояшро задӣ ё вайрон кардӣ. Чӣ кор мекунӣ?
Ба умеде, ки акаат пай намебарад, ҳеҷ чиз намегӯӣ?
Ба акаат воқеаро нақл мекунӣ?
Ва ё воқеаро нақл мекунӣ, лекин айбро ба гардани дигар кас бор мекунӣ?
Мисоли дигар. Ту аз тест баҳои паст мегирӣ, чунки тайёрӣ надидӣ. Чӣ кор мекунӣ?
Баҳона мекунӣ, ки тест душвор буд?
Айбатро ба гардан мегирӣ?
Ё мегӯӣ, ки муаллим туро чап гирифтааст?
Ба хотир овардани хатоҳои пештара ба монанди он аст, ки шахс вақти ҳай кардани мошин ба оинаи ақиб нигоҳ мекунад
Акнун дар мисоли якум худро ба ҷойи акаат ва дар мисоли дуюм худро ба ҷойи муаллимат мон. Агар ту даррав хатоятро ба гардан гирӣ, акаат ва муаллимат дар бораи ту чӣ фикр мекунанд? Агар ба гардан нагирӣ-чӣ?
Акнун дар бораи ягон хатогие, ки соли охир кардӣ, фикр кун ва ба ин саволҳо ҷавоб навис:
Он хатогӣ чӣ буд? Баъд ту чӣ кор кардӣ?
Онро баҷо кардӣ.
Айбро ба сари дигар кас задӣ.
Хаторо даррав ба гардан гирифтӣ.
Агар ту хатоятро ба гардан нагирифта бошӣ, баъд аз он чӣ ҳис кардӣ?
Хурсандӣ. «Хайрият, ҳеҷ кас нафаҳмид!»
Виҷдонат туро азоб дод. «Бояд росташро мегуфтам».
Чӣ хел рафтор кардан беҳтар мебуд?
Аз хатоят чӣ дарс гирифтӣ?
Ту чӣ фикр дорӣ?
Барои чӣ бисёр одамон хатогиҳояшонро ба гардан намегиранд? Чӣ ба онҳо халал мерасонад?
Агар хатогиҳоятро доим ба гардан нагирӣ, одамон дар бораи ту чӣ фикр мекунанд? Агар ба гардан гирӣ-чӣ?
Дар муддати 12 моҳи наздик ту оиди хатогиҳоят кадом мақсад мондан мехоҳӣ?
Ин саволҳо барои мулоҳиза кардан кӯмак мекунанд, ки қарори дуруст бароред.