Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди равоншиносӣ

Салом духтурчон як савол пурсам мумкин аст ман худ ба худ фикр мекунам ки бемор хастам аз фикрам хамин фикрхо дур намешавад ва рафтам тамоми анализхоро супоридам нагз хастам холохам аз фикрам хамин чиз намеравад агар дастам дар ягон чой занад хун барояд худ ба худ фикр мекунам ба ягон бемори гирифтор шудаам илтимос бигуед аз хамин фикрхо чи тавр дури чуям.

Салом Сӯҳроб
Дар аввал ором шавед. Чаро шумо ба чунин хулоса меоед, ки ба ягон беморӣ гирифтор шудед. Агар аз ташхис гузашта бошед ва духтурон шуморо дида бошанд,  пас шумо дар ҳақиқат солим ҳастед.
Агар тез- тез чунин саволҳо ба саратон ояд, пас ба худ савол диҳед:
Оё ман ба ягон кори ношоям даст мезанам? Чаро чунин фикрҳо ба сарам меояд? Шояд асабҳоям ноором шудаанд? Ва ҳаракат кунед, то ба худатон барои ин саволҳо ҷавоби муфассали шахсӣ диҳед.
Ман мехостам фаҳмам, ки чаро шумо хавотир шудед? Шумо дар ташвиш ҳастед, ки бо зарфҳои хӯрокхӯрӣ метавонед гирифтори ВНМО, ё Гепатитҳо шавед? Барои чӣ ба чунин хулоса омадед? Шумо ягон ашёи хӯрокхӯриро хунолуд дидед ва ё он тамизнаёфта буд?
Шумо ба категорияи шахсоне дохил мешавед, ки ҳама чизро сахт ба дил мегиранду боиси ҳамин чиз зиёд ғам мехуранд. Гарчанд ягон асосу далел нест. Чунки вирус дар пиелаву  қошуқ нест. Тасаввур кунем, ки пеш аз шумо шахси сироятёфта аз ин косаву табақ хурок хӯрда буд, пас  дар он вирус нест, чунки вирус танҳо дар хун, нутфа, тарашуҳоти маҳбал  мебошад ва боз пас аз шустани ашёҳои хӯрокхӯрӣ он пурра тоза мешавад. Инчунин вирус дар ҳавои кушод зуд нест мешавад.
Агар лабатон кафида бошаду, шумо аз зарфи хунолуд мехӯрдед, дар ин ҳолат эҳтимолияти гирифтори сироят ёфтан мешудед. Хушбахтона, ки чунин набуд.
Дар бораи ВНМО чиро донистан муҳим аст?
ВНМО - ин вируси норасоии масунияти одам буда, ҳангоми ворид шудан ба организм, системаи худмуҳофизатии (иммунии) шахсро, ки организмро аз ҳар гуна бемориҳо муҳофизат мекунад, хароб менамояд.
Бемориҳои ВНМО се роҳи гузариш дорад: ҳангоми алоқаи ҷинсӣ; ба воситаи хуни сироятёфта; аз модар ба кӯдак (дар вақти ҳомиладорӣ, таваллуд ва ширмаконӣ).
ВНМО бо дигар роҳҳо намегузарад, аз ҷумла: ҳангоми  истифода бурдани зарфҳои умумӣ, ҳангоми бӯса намудан, ҳангоми якҷоя хӯрок хӯрдан, ҳангоми сӯҳбат намудан, ҳангоми дастфишурдан ва ба оғӯш гирифтан, ҳангоми сулфа , атса задан, ашк ва арақи бадан.
Сӯҳроб, агар ба ягон кори ношоями тасодуфӣ даст зада бошед, пас бояд пас аз 3 моҳ аз ташхиси ВНМО гузаред.
Пешгирии ВНМО: истифодаи асбобҳои яккаратаи тиббӣ (стоматологӣ). Танҳо асбобҳои гигиении шахсии худро истифода баред (қайчиҳои маникюр), асбобҳои риштарошӣ. Агар пайхас баред, ки хатари сироятёбӣ доред, пас аз санҷиши ВНМО гузаред. Метавонед ройгон тести оҷилии даҳонӣ барои санҷиши ВНМО фармоиш диҳед дар сомонаи www.hivtest.tj
Суҳроб, барои маълумоти бештару муфассал метавонед ба табиби сироятшиноси ҳамин шабака муроҷиат намоед. Он кас бароятон маълумоти кофӣ оид ба ВНМО ва Гепатитҳо мерасонанд.
Пас,  барои дар дил оромӣ доштан ҳаракат кунед ки тарзи ҳаёти солимонаро баред. То ки дар дил ҳар гуна фикрҳои  манфӣ ба саратон наояд. Пас, пеш аз ҳама ба оилаи худ содиқу вафодор монед.
Ман албатта ба пуррагӣ вазъияти шуморо намедонам, пас ин маълумотҳои умумӣ барои бартараф намудани фикрҳои манфӣ.
Сӯҳроб, агар боз саволҳо дошта бошед, пас ман дар хати алоқа.
Бо эҳтиром Ризвона


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.