Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди равоншиносӣ

Салом муаллима. Як камтар маълумот дар бораи чӣ хел карда доираи дустигариро инкишоф диҳем медодед. Бо эҳтиром, Маҳинабону.

Салом Маҳинабону
Чӣ хел душворӣ метавонад барои доираи дӯстонатонро васеъ гардондан, монеа шавад.
Душворӣ
Агар мо аз одамоне, ки ба мо маъқул нестанд, худро дур кашем, бадгумониамон нисбати онҳо зиёд мегардад. Агар танҳо бо касоне дӯст шавем, ки ба мо монанданд, дар мо чунин фикр пайдо шуда метавонад, ки танҳо тарзи фикрронӣ ва рафтори мо дуруст асту аз они дигарон хато.
«Дари дили худро... боз кунед».
Ин чӣ маъно дорад? «Дил» гуфта ҳиссиёт ва меҳру дилбастагии мо дар назар дошта шудааст. Агар мо танҳо одамони мисли худро дӯст дорем, дари диламонро гӯё маҳкам пӯшида меистем. Лекин хуб мебуд, ки мо онро боз кунем. Барои ин бо касоне низ дӯст шудан лозим аст, ки аз мо фарқ мекунанд.
Чаро васеъ кардани доираи дӯстон хуб аст?
Вақте мо бо дигарон шахсан шинос мешавем, хубтар мефаҳмем, ки чаро онҳо аз ин ё он ҷиҳат аз мо фарқ мекунанд. Бо онҳо муносибати наздиктар пайдо карда, мо ҳатто аз ёдамон мебарорем, ки онҳо аз мо фарқ доранд. Вақте меҳри мо зиёд мешавад, мо онҳоро бисёртар қадр мекунем ва дар ғаму шодиашон шарик будан мехоҳем.
Масалан, зане нақл мекунад, ки ӯ пеш ба муҳоҷирон бадгумонӣ дошт. Вай мефаҳмонад, ки чӣ ба ӯ кӯмак кард: «Ман бо онҳо дар як ҷо кор кардам ва ҳамроҳашон шинухез намудам. Бисёри онҳо одамони хуб буданд ва чизҳои манфие, ки одамони маҳалламон оиди муҳоҷирон мегуфтанд, ба онҳо мувофиқ намеомад. Вақте бо касони миллату маданияташон дигар дӯстӣ  мекунӣ, мефаҳмӣ, ки ҳамаро бо як қолаб чен кардан нодуруст аст. Бо гузашти вақт ту пай мебарӣ, ки ҳар яки онҳо хислатҳои хуб доранд, аз ин рӯ онҳоро дӯст медорӣ ва қадр мекунӣ».
Эҳтиёт бошед
Тарзи ҳаёт ва одатҳои баъзе одамон ба худи онҳо ва атрофиён зарар расонда метавонад. Барои ҳамин дар интихоби дӯстон хеле эҳтиёт бояд шуд. Аз дӯстӣ бо одамони қаллоб ё бадахлоқ дурӣ ҷустан бадгумонӣ ҳисоб намеёбад. Албатта, ба касоне, ки меъёрҳои ахлоқиашон дигар аст, бадӣ кардан ё онҳоро аз ягон ҳуқуқашон маҳрум кардан лозим нест. Вале онҳоро аз рӯйхати дӯстони худ хат задан аз рӯйи хирад мебуд.
Чӣ кор кардан мумкин аст?
Имконият ҷӯед, то бо одамони давлатҳои гуногун ё миллату забонашон дигар ҳамсӯҳбат шавед. Шумо метавонед:
аз онҳо хоҳиш кунед, ки каме дар бораи худ нақл кунанд.
онҳоро ба якҷоя хӯрок хӯрдан таклиф кунед.
бодиққат онҳоро гӯш карда дар бораи ҳаёташон фаҳмед.
Вақте мефаҳмед, ки онҳо дар зиндагӣ чиҳоро аз сар гузарондаанд ва чӣ тавр он чизҳо ба хулқу атвори онҳо таъсир расондааст, муносибати шумо ба чунин одамон дигар мешавад.
Мисоли ҳаётӣ:  "Одамони нажодҳои гуногунро маҷбур мекарданд, ки дар маҳалҳо ва шаҳрҳои алоҳида зиндагӣ кунанд ва ин нафрату бадгумониро байни нажодҳо боз ҳам зиёд мекард. Мо хусусан сафедпӯстонро бад медидем, чунки баъзеи онҳо моро одам намеҳисобиданд. Он вақт мо ҳатто фикр намекардем, ки ба касе бадгумонӣ дорем. Ва фикр доштем, ки дар асл онҳо бо мо ноҳақ муносибат мекунанд.
Барои дигар кардани рӯҳияи худ мо қарор додем, ки “дари дилҳои худро боз мекунем” ва бо одамони дигар миллат дӯст мешавем. Вақте бо сафедпӯстон муошират карданро сар кардем, мо дарк намудем, ки байни мо қариб ягон фарқият нест ва ҳамаи мо вазъияту душвориҳои якхеларо аз сар мегузаронем.
Мо ҳатто як зану шавҳари сафедпӯстро ба хонаи худ қабул кардем. Ин ҳамсарон чанд муддат ҳамроҳи мо зиндагӣ карданд. Мо бо онҳо нағз шинос шудем. Дере нагузашта мо бо ҳам дӯст шудем ва ҳеҷ кадоми мо худро аз дигаре боло намеҳисобид. Дар натиҷа, мо бо одамони сафедпӯст хубтар муносибат мекардагӣ шудем".
Бояд ба бадгумонӣ роҳ надиҳем, ки дустигариамонро аз одамон канда кунад.


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.