Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди равоншиносӣ

Салом муаллимаҷон. Пас, аз ин «бемории бадгумонӣ» давое ҳаст? Ба ин саволҳо аз куҷо ҷавоб ёбем?

Салом  Осия.
Биёед ба одамон дилсӯз бошем.
Душворӣ
Агар мо доимо диққатамонро ба он равона кунем, ки дигарон то чӣ андоза аз мо фарқ мекунанд, ба назарамон чунин метобад, ки онҳо фақат камбудӣ доранд. Дар натиҷа, мо мумкин ба ягон гурӯҳи одамон чун ба одамони навъи дуюм назар кунем. Агар дар дили мо нисбати дигарон ҳиссиёти манфӣ пайдо шавад, он гоҳ зоҳир кардани ҳамдардӣ ва дилсӯзӣ ба мо душвор мешавад. Норасоии дилсӯзӣ нишонаи «бемории» ҷиддиест, ки номи он бадгумонӣ аст.
Хирадмандон мегӯянд:
«Бо шодикунандагон шодӣ кунед, бо гирякунандагон — гиря».
Ин чӣ маъно дорад? Ин панднома ба мо таълим медиҳад, ки дилсӯз бошем. Дилсӯзӣ ин хислатест, ки шахс худро дар ҷойи каси дигар гузошта дарди ӯро ҳис карда метавонад.
Барои чӣ дилсӯз будан лозим аст?
Вақте мо худро ба ҷойи дигарон мемонем, мо мефаҳмем, ки бисёр умумият дорем. Мо дарк мекунем, ки дар ин ё он вазъият онҳо низ худро мисли мо ҳис мекунанд. Дилсӯзӣ ба мо ёрдам медиҳад, ки ба ҳамаи одамон, новобаста аз куҷо ва кадом миллат буданашон чун ба аъзои як оилаи калон нигарем. Чи қадаре ки мо диққатамонро ба ҷиҳатҳои ба онҳо монандамон равона кунем, ҳамон қадар ақидаи манфиамон дар бораи онҳо кам мегардад.
Дилсӯзӣ инчунин ба мо ёрӣ медиҳад, ки дигаронро эҳтиром кунем. Масалан, зане ба одамоне, ки дар назари дигарон табақаи паст ҳисоб меёфтанд, назарбаландона муносибат мекард. Вай нақл мекунад, ки чӣ тавр дилсӯзӣ ба вай кӯмак кард: «Вақте медидам, ки одамони табақаҳояшон паст чӣ гуна душвориҳои сахтро аз сар мегузаронанд, ман ба андеша рафтам: “Агар ман дар ҷойи онҳо мебудам, худро чӣ хел ҳис мекардам?” Баъд дар ман савол пайдо шуд: “Оё ман ҳақ дорам, ки худро аз онҳо боло ҳисобам? Охир, ман ҳеҷ кор накардаам, ки сазовори мавқеи беҳтар бошам”». Чи хеле мебинем, агар мо ба фаҳмидани душвориҳои шахси дигар кӯшиш кунем, мо ӯро бисёр танқид намекунем, балки диламон ба вай месӯзад.
Чӣ кор кардан мумкин аст?
Осия, агар ба ягон гурӯҳи одамон назари манфӣ дошта бошед, на танҳо ба ҷиҳатҳои фарқкунанда, балки ба ҷиҳатҳои бо шумо умумӣ аҳамият диҳед. Масалан, тасаввур кунед, ки дар ҳолатҳои зерин онҳо чӣ ҳис мекунанд:
Вақте мо худро ба ҷойи каси дигар мемонем, мо мефаҳмем, ки ҳама одамон қисми як оилаи калонанд;
вақте бо оилаи худ хӯрок мехӯранд;
вақте ки рӯзи дароз сахт кор карда ба хона бармегарданд;
вақте бо дӯстонашон муошират мекунанд;
вақте мусиқии дӯстдоштаашонро гӯш мекунанд
Баъд, худро дар ҷойи онҳо тасаввур карда ба худ чунин саволҳо диҳед:
Агар одамон маро паст мезаданд, ман худро чӣ хел ҳис мекардам?
Агар дигарон ҳоло бо ман шинос нашуда пешакӣ дар бораи ман ақидаи манфӣ медоштанд, оё ман аз ин зиқ намешудам?
Агар ман аз қабили онҳо мебудам, нисбати худ чӣ гуна муносибатро мехостам?
Мисоли ҳаётӣ меорем.
«Пеш ҳамаи одамони ношунаво ба назарам ким-чи хел аҷоиб метофтанд, ман фикр мекардам, ки тафаккури онҳо паст ва беҳад зудранҷанд. Барои ҳамин худро аз онҳо дур мекашидам. Лекин намедонистам, ки нисбати онҳо бадгумонӣ дорам, чунки ман ба онҳо ягон бадӣ намекардам.
Вақте ман худро дар ҷойи онҳо гузоштам, тасаввур кардам, ки онҳо чӣ ҳис мекунанд. Ин ба ман кӯмак кард, ки аз бадгумонӣ халос шавам. Масалан, пеш дар ёдам ҳаст, ки ҳар дафъа вақте ба онҳо гап мезадам, онҳо гӯё мисли бефаҳм ба ман ҳайрон шуда нигоҳ карда меистоданд. Ман тасаввур кардам, ки агар ман овози одамонеро, ки ба ман гап мезананд, намешунидам, чӣ ҳис мекардам. Албатта ман ҳам ба онҳо ҳайрон нигоҳ карда меистодам! Ҳатто агар дар гӯшам асбоби гӯшкунӣ медоштам, қиёфаи ман мумкин мегуфт: “ман шуморо базӯр мефаҳмам”, вале дар асл ин маънои онро медошт, ки “ман шуморо базӯр мешунавам”.
Вақте ман худро ба ҷойи одамони ношунаво гузоштам, бадгумонии ман нисбати онҳо зуд бартараф шуд». Ба хислатҳои хуби дигарон аҳамият диҳед
Душворӣ
Агар одам худашро аз дигарон муҳимтар шуморад, дар дили ӯ нисбати дигарон ба осонӣ бадгумонӣ пайдо шуда метавонад. Шахси худбин худашро аз дигарон беҳтар меҳисобад. Чунин шахс фикр мекунад, ки ӯ ҳамеша ҳақ аст ва ба одамоне, ки аз ягон ҷиҳат аз ӯ фарқ мекунанд, ҳавобаландона менигарад. Ба ин дом ҳар кас афтиданаш мумкин аст. Дар «Энсиклопедияи бритонӣ» гуфта мешавад: «Қариб ҳамаи гурӯҳҳо (маданиятҳо) фикр мекунанд, ки тарзи ҳаёти онҳо, хӯрок, либоспӯшӣ, эътиқодашон, арзишҳо ва меъёрҳояшон аз дигар маданиятҳо беҳтар аст». Аз чунин тарзи фикрронӣ чӣ тавр худро муҳофизат кунем?
«Бо фурӯтанӣ дигаронро аз худ боло донед».
Ин чӣ маъно дорад? Барои аз ҳад ҳавобаланд нашудан, мо бояд хислати баръакси он — фурӯтаниро инкишоф диҳем. Фурӯтанӣ ба мо кӯмак мекунад, то дарк кунем, ки дигарон аз ин ё он ҷиҳат аз мо беҳтаранд. Чунин шуда наметавонад, ки танҳо одамони як маданият ҳамаи хислату қобилиятҳои хубро дошта бошанду дигарон не. Марде бар бадгумоние, ки ба одамони дигар давлатҳо дошт, ғолиб омада тавонист. Ӯ мегӯяд: «Барои  аз худ решакан кардани бадгумонӣ шахс бояд хислату қобилиятҳои хуби дигаронро эътироф кунад. Чизҳое ҳастанд, ки ман намедонам. Ва аз ҳар кас ягон чизро омӯхтан мумкин аст».
Чӣ кор кардан мумкин аст?
Осияҷон, воқеъбин бошед, яъне ҳангоми ба худ баҳо додан камбудиҳоятонро ба гардан гиред. Иқрор шавед, ки дигарон баъзе чизҳоро аз шумо беҳтар карда метавонанд. Ҳамаро бо як «қолаб» чен накунед, дар бораи ин ё он гурӯҳи одамон фикр накунед, ки ҳамаи онҳо баданд.
Ба ақидаҳои манфие, ки дар бораи ягон гурӯҳи одамон паҳн шудааст, бовар накунед. Ҳангоми муносибат бо яке аз онҳо ба ҷойи дар борааш хулосаи бад баровардан оиди ин чизҳо фикр кунед:
Тан гиред, ки дигарон аз ӯҳдаи ягон чиз назар ба шумо хубтар мебароянд
Хислате, ки дар ин шахс ба ман намефорад, оё ҳақиқатан бад аст ё он фақат гуногунӣ байни ману ӯст?
Оё ман ҳам хислате дорам, ки мумкин ба вай намефорад?
Аз кадом ҷиҳатҳо ин шахс аз ман бартарӣ дорад?
Агар шумо ба ин саволҳо ростқавлона ҷавоб диҳед, шумо на танҳо бар бадгумонии худ ғолиб меоед, балки ҳамчунин дар он шахс хислатҳои дилписандро дида метавонед.
Пас, биёед бадгумониро аз худ решакан кунем.


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.