Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди равоншиносӣ

Салом. Оё аз бадгумонӣ сироят ёфтан мумкин аст? Донишмандон ба бадгумонӣ иҷозат медиҳанд? Баъзеҳо мегӯянд, ки мутахассисон бадгумониро дастгирӣ мекунанд. Аммо ман мехоҳам донам ки дар асл дар ин бора чӣ гуфта шудааст?

Салом Сайфиддин.
Бадгумониро ба бемории гузарандае монанд кардан мумкин аст. Ин «беморӣ» хеле хатарнок мебошад ва одамон мумкин ҳатто пай набаранд, ки аз он сироят ёфтаанд.
Бадгумонӣ дар он зоҳир мегардад, ки шахс оиди ягон одам ё гурӯҳи одамон ақидаи манфӣ дорад. Масалан, баъзеҳо одамони ягон миллат, маҳал, забон ё динро дӯст намедоранд, баъзеҳо занонро паст мешуморанд ё баръакс нисбати мардҳо бадгумонанд. Баъзеҳо бошанд, ба дигарон дар асоси синну сол, касб, бой ё камбағал будан, вазъи саломатӣ ва намуди зоҳириашон хулосаи манфӣ мебароранд. Бо вуҷуди ин онҳо фикр мекунанд, ки бадгумонӣ надоранд.
Сайфиддин, маълумоти аниқ пайдо кунед
Душворӣ
Бадгумонӣ бисёр вақт дар натиҷаи надонистани маълумоти аниқ ё шунидани овозаҳои дурӯғ пайдо мешавад. Якчанд мисол меорем:
Сардорони баъзе корхонаҳо гумон мекунанд, ки занҳо аз ӯҳдаи иҷрои корҳои илмӣ ва техникӣ намебароянд.
Дар асрҳои миёна сокинони Аврупо яҳудиёнро ба он айбдор мекарданд, ки онҳо чоҳҳои обдорро заҳролуд мекунанд ва сабабгори паҳншавии касалиҳо мебошанд. Дар замони ҳукмронии фашистон бошад, яҳудиёнро дар пастравии иқтисодиёти Германия айбдор медонистанд. Дар ҳарду маврид ҳам яҳудиён аз муносибати бадбинона сахт зарар диданд. Баъзеҳо то ба имрӯз дар бораи яҳудиён бадгумонӣ доранд.
Бисёриҳо ақидаи нодуруст доранд, ки ҳамаи маъюбон камгап ё бадқаҳранд.
Одамоне, ки чунин ақида доранд, аз ҳаёт гӯё мисолҳо ва далелҳо меоранд, то дуруст будани фикрашонро исбот кунанд. Ва касеро, ки бо онҳо розӣ намешавад, нодон меҳисобанд.
«Дили оқил орзуманди дониш [донистан] аст».
Ин чӣ маъно дорад? Агар кас маълумоти аниқро надонад, қарори нодуруст мебарорад. Агар мо ба овозаҳо бовар кунему асли гапро надонем, оиди одамон ақидаи хато пайдо мекунем.
Ҳама одамон аз як оилаанд: «Ҳамаи халқҳоро [Худо] аз як одам ба вуҷуд овардааст».
Мо набояд касеро аз дигаре боло гузорем: «Худо ба ҳама бо як чашм менигарад, ва ҳар кӣ аз Ӯ тарсаду дуруст рафтор кунад, аз кадом халқе набошад, ба Ӯ маъқул аст».
Бояд ба ботини инсон, яъне ба хислатҳояш аҳамият диҳем, на ба намуди зоҳирии ӯ
Сайфиддин, чаро маълумоти аниқро донистан хуб аст?
Ин ба мо ёрдам медиҳад, ки ба овозаҳои дурӯғ зуд бовар накунем, ҳатто агар онҳо васеъ паҳн шуда бошанд ҳам. Агар мо як бор фаҳмем, ки  оиди ин ё он гурӯҳи одамон хато фикр кардаем, ин дафъа ба овозаҳо даррав бовар намекунем.
Мисоли ҳаётӣ: Самир дар айёми кӯдакӣ мешунид, ки чӣ тавр одамон байни худ, дар ахбор ва барномаҳои телевизионӣ дар бораи як халқияти камшумор чизҳои бад мегуфтанд. «Дар дилам нисбати он халқият кина ва ҳатто бадбинӣ пайдо шуд,— мегӯяд Самир. Ва ман фикру ҳиссиёти худро сад фоиз дуруст меҳисобидам».
«Аммо вақте ман дар аскарӣ будам, якчанд ҳамхизматам аз он халқият буданд. Мо якҷоя зиндагӣ ва кор мекардем. Бо гузашти вақт ман дар бораи он одамон бисёртар фаҳмидам. Ман ҳатто ба омӯхтани забони онҳо сар кардам ва сурудҳои халқии онҳоро гӯш мекардам. Медидам, ки онҳо ҷавонони хубанд ва муносибатамро ба халқияти онҳо дигар кардам. Лекин ман дарк мекунам, ки бадгумонӣ аз нав пайдо шуда метавонад. Барои ҳамин ман ахборотеро, ки ин халқиятро сиёҳ мекунанд ё филму ҳаҷвияҳоеро, ки онҳоро масхара мекунанд, тамошо намекунам. Зеро медонам, ки ҳисси бадгумонӣ зуд ба хашму ғазаб ва нафрат табдил ёфта метавонад».
Чӣ кор кардан мумкин аст?
Вақте аксарият мегӯянд, ки ягон миллат ё халқият хислатҳои бад доранд, дар бораи ҳамаи онҳо чунин фикр накунед. Дар ёд доред, ки бисёри онҳо он хислати бадро надоранд.
Мумкин маълумоте, ки шумо дар бораи он гурӯҳи одамон доред, нопурра аст. Барои ҳамин саросемавор оиди онҳо хулосаи нодуруст набароред.
Кӯшиш кунед, аз сарчашмаҳои боваринок маълумоти аниқ ба даст оред.
Оё шумо низ аз бадгумонӣ сироят ёфтаед? Бисёре аз мо ин чизро дар дигарон даррав пай мебарем. Лекин дар худ пай бурдани бадгумонӣ душвор буда метавонад. Аслан гирем, ҳамаи мо ба андозае бадгумонӣ дорем. Профессори соҳаи ҷомеашиносӣ Дэвид Уилямс мегӯяд, ки агар одамон дар бораи ягон гурӯҳ ақидаи бад дошта бошанд, ҳангоми яке аз онҳоро вохӯрдан «худ аз худ тавре муносибат мекунанд, ки одатан бо дигарон намекарданд».
Бисёр давлатҳо барои мубориза бо миллатчигӣ ва дигар шаклҳои бадгумонӣ қонунҳо мебароранд. Вале бо ин роҳ бадгумониро решакан карда наметавонанд. Барои чӣ? Барои он ки он қонунҳо танҳо амали шахсро маҳдуд мекунанд. Онҳо фикр ва ҳиссиёти касро идора карда наметавонанд. Бадгумонӣ бошад, маҳз дар фикр ва дил пайдо мешавад. Пас, саволҳо барои мулоҳиза: оё мубориза бо ин майл бефоида аст ва бар он ғолиб омадан номумкин мебошад? Оё аз ин «беморӣ» давое ҳаст?
Пас, Сайфиддин, ҳаракат мекунем ки бадгумониро аз худ бартараф кунем.


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.