Салом Ҷамол.
Вақте шумо фикру ақидаи худро доред, намемонед, ки бозичаи дасти дигарон шавед.
Ин воқеаро тасаввур кунед: дар роҳи мактаб ду ҳамсинфаш пеши Бежан меоянд. Онҳоро дида, дилаш гуп-гуп задан мегирад. Ин ҳафта аллакай ду бор онҳо ба ӯ сигор пешкаш карда буданд. Ду бор Бежан «не» гуфт. Ин дафъаи сеюм аст.
Якум ҳамсинфаш салом карда, мегӯяд:
«Ҳа, Бежан, тоқа гаштӣ? Биё, бо як ҷӯрам тура шинос кунам».
Ӯ дасташро ба кисааш бурда, чизеро аз он мебарорад ва ба Бежан дароз мекунад. Дили Бежан боз ҳам сахттар мезанад.
Бежан мебинад, ки «ҷӯра»-и гуфтагиаш сигарет аст ва дамаш ба дарун мезанад.
«Э бача, ман гуфтам-ку, ин хел чиза наме...»
Ҳамсинфи дуюмаш гапи ӯро бурида мегӯяд: «Неки ту тарсончак будай!»
«Не, ман тарсончак нестам»,— тамоми ғайраташро ҷамъ карда мегӯяд Бежан.
Ҳамсинфи дуюмаш дасташро ба китфи Бежан монда, бо овози дӯстона мегӯяд: «Гир, Бежан. Ман медонам, ки ту мардӣ».
Ҳамсинфи якумаш сигаретро ба рӯи ӯ наздиктар меорад ва бо овози паст мегӯяд: «Натарс, гир. Мо ба ягон кас намегӯем».
Агар ту ба ҷойи Бежан мебудӣ, чӣ кор мекардӣ?
Исто ва фикр кун!
Ба фикри шумо, оё дӯстони Бежан дар бораи дуруст ё нодуруст будани сигоркашӣ фикр карда буданд? Оё онҳо худашон хостанд ба ин кор даст зананд? Аз афташ, не. Бисёри ҷавонон ба таъсири ҳамсолонашон дода мешаванд. Онҳо барои ба ҳамсолон маъқул шудан мисли онҳо рафтор мекунанд.
Агар шумо ҳам мисли Бежан ба ин хел ҳолат рӯ ба рӯ мешудед, барои ба таъсири ҳамсолон муқобилат кардан чӣ кор мекардед?
Хатарро пешакӣ бинед
Дар як китоби қадима гуфта мешавад: «Шахси бофаросат мусибатро мебинад, ва пинҳон мешавад: вале содадилон гузашта мераванд, ва ҷазо меёбанд».
Баъзан хатарро пешакӣ дидан мумкин аст. Масалан, шумо рафта истодаед ва аз дур мебинед, ки як гурӯҳ ҳамсинфонатон сигор кашида истодаанд. Агар шумо пешакӣ фикр кунед, ки чӣ рӯй дода метавонад, боақлона рафтор мекунед.
Фикр кунед
Бигзор виҷдони шумо пок бошад.
Аз худ бипурсед: «Агар ман мисли дигарон рафтор кунам, чӣ ҳис мекунам?» Агар ин хел кунед, мумкин дар аввал шумо худро дар байни ҳамсинфон одами худӣ ҳис кунед. Лекин баъдтар-чӣ? Оё шумо тайёред, ки барои ба ҳамсинфонат маъқул шудан аз фикру ақидаҳои худ даст кашед?
Амал кунед
«Бофаросат ба ҳар қадами худ диққат медиҳад».
Чӣ қароре ки қабул кунем, як рӯз не, як рӯз оқибаташро мечашем.
«Ба некӣ бичаспед». Агар шумо қарор қабул кунед ва дар бораи оқибаташ фикр намоед, шумо нотарсона фикратонро ба дигарон мегӯед. Баъд аз ин шумо оромиро ҳис мекунед.
Шарт нест, ки вақте ҳамсолонатон шуморо ба кори бад тела медиҳанд, ба онҳо дар бораи одобу ахлоқ лексия хонед. Танҳо бо боварӣ «НЕ» гуфтан бас аст. Ё ки барои қувват додани гапи худ метавонед илова кунед:
«Ман ба ин чизҳо даст намезанам!»
«Гапи ман якта!»
«Биёед монед, шумо мана медонед-ку!»
Асосаш ҳамин ки барои ин хел вазъиятҳо бояд ҷавобатон тайёр бошад ва бо боварӣ гап занед! Агар ин хел кунед, мебинед, ки ҳамсолонатон дигар ба шумо кордор намешаванд.
Вақте шуморо масхара мекунанд...
Агар шумо ҳам мисли Бежан ба ин хел ҳолат рӯ ба рӯ мешудед, барои ба таъсири ҳамсолон муқобилат кардан чӣ кор мекардед?
Агар ҳамсолонатон ба шумо ягон чиз пешкаш кунанд ва шумо розӣ нашавед, онҳо шояд шуморо масхара кунанд. Мумкин онҳо чунин гӯянд: «Биё мон! Тарсончакӣ накун!» Бо ин роҳ онҳо кӯшиш мекунанд, ки шуморо идора кунанд. Шумо чӣ хел рафтор карда метавонистед.
Ду вариант доред:
Бо масхара «розӣ» шавед. («Ҳа, ман метарсам». Баъд кӯтоҳакак сабабашро фаҳмонед.)
Ба масхара ҷавоб гардонед. Сабаби розӣ нашуданатонро фаҳмонед ва бо ягон гап кӯшиш кунед ақлашонро бедор кунед. («Одамони боақл метобед, лекин як корҳое мекунед ки...»)
Агар онҳо фишор оварданро давом диҳанд, хеста равед! Чи қадаре ки бисёртар истед, ҳамон қадар таъсири онҳо бештар мешавад. Бо ин рафторатон шумо нишон медиҳед, ки ба ягон кас намегузоред, ки хӯҷаини ҳаёти шумо бошад.
Ҷамол, албатта, шумо аз таъсири ҳамсолон гурехта наметавонед. Лекин шумо ҳама вақт метавонед худатон қарор кунед, ки розӣ шавед ё не ва фикратонро ба дигарон гӯед. Шумо соҳиби ҳаёти худ ҳастед. Ихтиёр дар дасти шумост!
Ва ба худ чунин саволҳоро диҳед:
Шумо чӣ кор карда метавонед?
Чӣ тавр ман барои ба таъсири ҳамсолон муқобилат кардан худро тайёр карда метавонам?
Агар ҳамсолонам маро ба кори нодуруст тела доданӣ бошанд, ман чӣ кор мекунам?