Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди равоншиносӣ

Салом духтурҷон. Вақте ки духтарам 14-сола шуд, ӯ гапгардониро сар кард. Вақте ман ба ӯ мегуфтам, ки вақти хӯрокхӯрӣ расид, ӯ мегуфт: “Ман кай хоҳам, ҳамон вақт хӯрок мехӯрам”. Ё агар пурсам, ки корубори хонаро кардӣ, ӯ бо дуруштӣ ҷавоб медод: “Ба ман кордор нашавед. Умуман, калиди хушбахтии оила дар чист?

Салом Шаҳло

Агар шумо фарзанди наврас дошта бошед, қобилияти тарбиякунӣ ва пурсабриатон зери озмоиш қарор гирифта метавонад. Бо фарзанди наврасатон бе баҳсу мунозира сӯҳбат кунед. «Вақте ки духтарам гапи маро намегирад ва нисбати ман беҳурматӣ мекунад, хун ба сарам мезанад,— мегӯяд Мариа, модаре аз Бразилия, ки духтари 14-сола дорад.— Мо ҳарду чунон ба ғазаб меоем, ки ба якдигар дод мезанем». Кармела аз Италия низ чунин душвориро аз сар мегузаронад. «Баҳсу мунозираҳо бо писарам ҳамеша хашму ғазабро бедор мекунанд,— мегӯяд ӯ.— Муноқишаҳои мо бо он меанҷоманд, ки вай ба хонааш даромада, дарро аз пасаш мепӯшад».
Чаро ба назар чунин метобад, ки баъзе наврасон баҳс карданро дӯст медоранд? Оё ба онҳо ҳамсолонашон таъсир мекунанд? Шояд. Атрофиён метавонанд таъсири хуб ё бад расонанд. Ғайр аз ин, бисёр вақтхушиҳое, ки ба наврасон пешкаш карда мешаванд, беитоатӣ ва беҳурматиро чун як чизи муқаррарие тасвир менамоянд.
Аммо омилҳои дигарро низ ба назар гирифтан даркор аст. Агар фаҳмед, ки чӣ тавр ин омилҳо ба фарзанди наврасатон таъсир карда метавонанд, ба кор бурдани чораҳои лозима ба шумо осонтар хоҳад буд. Биёед баъзе мисолҳоро дида бароем.
Инкишофёбии қобилияти фикрронӣ
Шаҳло, кӯдакон ба таври оддӣ фикр меронанд, яъне ҳар як чизро ё сафед мешуморанд, ё сиёҳ. Калонсолон бошанд, баръакси онҳо аксар вақт масъалаҳои на он қадар равшанро нағзтар мефаҳманд ва ҳангоми хулоса баровардану қарор қабул намудан чуқуртар андеша меронанд. Масалан, калонсолон одатан ба ҷиҳатҳои ахлоқии масъала бештар аҳамият медиҳанд ва дар бораи он фикр мекунанд, ки корҳои онҳо ба дигарон чӣ тавр таъсир мерасонанд. Онҳо шояд ба чунин тарзи фикрронӣ одат кардаанд, наврасон бошанд инро нав меомӯзанд.
Баъзан тарзи фикрронии фарзанди наврасатон сабаби бо шумо баҳс кардани ӯ мегардад, ҳатто оиди чизҳое ки ҷиддӣ наметобанд. Ё ӯ метавонад чунин фикреро гӯяд, ки тамоман нодуруст аст. Дар чунин маврид ба ҷои баҳс кардан чӣ тавр шумо метавонед бо ӯ мулоҳиза ронед?
Инро санҷида бинед.
Ба назар гиред, ки чунин рафтор шояд аз он шаҳодат медиҳад, ки фарзанди наврасатон бо тарзи дигар мулоҳиза ронданро ёд гирифта истодааст ва фикрашро гуфтани ӯ маънои онро надорад, ки вай ба ақидааш устувор аст. Бо мақсади ӯро хубтар фаҳмидан аввал барои фикру мулоҳиза ронданаш ӯро таъриф кунед. («Ба ман маъқул аст, ки чӣ тавр ту фикру андеша мекунӣ, гарчанде ман на бо ҳама хулосаҳои баровардаат розиам».) Баъд ба ӯ ёрӣ диҳед, то фикрҳояшро таҳлил намояд. («Ба фикри ту, он чизеро ки нав гуфтӣ, дар ҳама маврид ба кор бурдан мумкин аст?») Шумо метавонед ба ҳайрат оед, ки чӣ тавр фарзандатон ақидаашро аз нав дида баромада, хулосаи дурусттар мебарорад.
Як чизро бояд ба назар гирифт: вақте ки бо фарзанди наврасатон мулоҳиза меронед, фикр накунед, ки шумо бояд ҳатман ҳақ будани худро исбот кунед. Ҳатто агар ба назаратон чунин тобад, ки гапи шумо ба гӯши фарзандатон намедарояд, эҳтимоли зиёд аст, ки ӯ аз сӯҳбат бештар аз оне ки гумон доред, фоида мегирад, ҳатто агар ба ин иқрор нашавад ҳам. Ҳайрон нашавед, агар баъд аз якчанд рӯз ӯ ақидаи шуморо қабул кунад ва ҳатто гӯяд, ки ин фикри худаш аст.
«Баъзан ману писарам дар бораи чизҳои на он қадар ҷиддӣ, масалан, оиди сарфакор будан ё дар бораи хоҳарчаашро масхара накардан, баҳс мекардем. Аммо дар бисёр мавридҳо ба назар чунин менамуд, ки ӯ мехост ман фикрашро пурсам, ӯро то андозае фаҳмам ва чунин гӯям: “Вазъият чунин будааст–ку” ё “Акнун фикру нияти туро фаҳмидам”. Ба гузашта нигариста ман мефаҳмам, ки агар чизе ба монанди ин мегуфтам, мо шояд ин қадар бисёр баҳс намекардем».
Давраи наврасӣ шахсро ба он тайёр мекунад, ки ӯ рӯзе хонаи волидонашро тарк карда, чун шахси мустақил зиндагӣ кунад. Ин давра ҳамчунин ташаккул ёфтани шахсиятро дар бар мегирад, яъне пайдо кардани хусусиятҳо, ақидаҳо ва арзишҳое, ки ӯро чун шахсият муайян мекунанд. Вақте наврас медонад, ки чӣ гуна шахс будан мехоҳад, вай ҳангоми муқобилат кардан ба онҳое, ки ӯро ба кори бад тела медиҳанд, дар бораи оқибати кор андеша мекунад. Ба ғайр аз ин ӯ ба худ чунин саволҳо медиҳад: «Ман чӣ гуна шахс ҳастам? Аз рӯи кадом меъёрҳову арзишҳо зиндагӣ кардан мехоҳам? Инро ба назар гирифта, дар ин маврид чӣ гуна рафтор кардан дуруст мебуд?».
Фарзанди навраси шумо низ шахсияти худро ташаккул дода истодааст. Ин хеле хуб аст, зеро ақидаи устувор доштан ба вай ёрӣ медиҳад, ки ба фишори ҳамсолонаш тоб оварад ва худро ҳимоя кунад. Аз тарафи дигар, доштани ақидаи шахсӣ ӯро ба он барангехта метавонад, ки зидди фикри шумо барояд. Агар ин тавр шавад, шумо чӣ кор карда метавонед?
Ба ҷои баҳсу мунозираро сар кардан, хуб мебуд, ки фикри баёнкардаи ӯро аз нав гуфта диҳед. («Мехоҳам боварӣ ҳосил кунам, ки фикри туро дуруст фаҳмидам. Ту гуфтӣ, ки...») Сипас саволҳо диҳед. («Чаро ту ин хел фикр мекунӣ?» ё «Барои чӣ ту ба чунин хулоса омадӣ?») Фарзандатонро ба сӯҳбат  кардан ҷалб намоед. Гузоред, ки ӯ фикру ақидаи худро баён кунад. Агар фикрҳои шумо танҳо бо сабаби хоҳишҳои шахсиатон фарқ кунанд, ба вай нишон диҳед, ки нуқтаи назарашро эҳтиром мекунед, ҳатто агар бо ӯ пурра розӣ набошед ҳам.
Ташаккул додани шахсият, аз он ҷумла фикру ақидаҳои худ, на танҳо табиӣ, балки фоидаовар низ ҳаст. Бинобар ин ба фарзанди наврасатон имкон диҳед ва ҳатто ӯро барангезед, ки шахсияти худро инкишоф диҳад ва ақидаҳои устувори шахсӣ пайдо кунад.
Шаҳло, вақте ки бо омодагӣ гапи духтаронатонро гӯш мекунед, онҳо ба мулоҳиза кардан оиди нуқтаи назари шумо бештар моил мегарданд, ҳатто фикрҳоятон гуногун бошанд ҳам. Кӯшиш кунед, ки онҳоро ба қабул кардани ақидаашон маҷбур накунед, балки имкон диҳед, ки фикру ақидаи худашонро инкишоф диҳанд.
Устувор ва ҳамзамон оқил бошед
Баъзе наврасон ба мисли кӯдакон чунин корро ёд гирифтаанд, ки падару модари худро безор карда, гапи худро мегузаронанд. Агар ин дар оилаи шумо тез–тез рӯй диҳад, эҳтиёт шавед. Гарчанде ба гапи ӯ розӣ шудан сабукии муваққатӣ меорад, навраси шумо мефаҳмад, ки ба воситаи баҳс ба мақсадаш расида метавонад. Чӣ чора андешидан мумкин аст? Маслиҳати зеринро ба кор баред: «Сухани шумо: “оре, оре” ва “не, не” бошад». Вақте наврасон медонанд, ки шумо мувофиқи суханатон амал мекунед, онҳо камтар баҳсу мунозира мекунанд.
Вале дар баробари ин оқил бошед. Бигзор навраси шумо фаҳмонад, ки масалан, барои чӣ вай мехоҳад, ки ба хона дертар биёяд. Дар чунин маврид шумо на ин ки ба фишори ӯ таслим мешавед, балки мувофиқи маслиҳати зерин амал мекунед: «Бигзор оқилии шумо... маълум бошад». Аъзоёни оилаатонро ҷамъ оварда, қоидаҳоро дар оила муҳокима намоед, масалан, онро ки фарзандонатон аз ҳама дер соати чанд бояд дар хона бошанд. Нишон диҳед, ки пеш аз қарор баровардан омодаед, ки дигаронро гӯш кунед ва ҳамаи ҷиҳатҳои ба масъала дахлдорро дида баромадед. Наврасон бояд донанд, ки падару модарашон ба қабул кардани хоҳиши онҳо тайёранд, ба шарте ки он принсипи ахлоқиро вайрон нанамояд.
Албатта, волидон комил нестанд. Ҳамаи мо бисёр пешпо мехӯрем. Агар шумо фаҳмед, ки каме ҳам бошад, сабабгори сар задани баҳсу муноқиша гаштед, шарм надошта, аз фарзанди наврасатон бахшиш пурсед. Хатои худро ба гардан гирифта, шумо дар фурӯтан будан намуна мегузоред ва он гоҳ ба фарзандатон осонтар мешавад, ки чунин амал кунад.
Боре пас аз муноқиша кардан падаре ором шуда, аз писараш барои он ки ба ғазаб омада буд, бахшиш пурсид. Ин ёрӣ дод, ки ӯ низ ором гардад ва пас аз ин ба гапи падараш гӯш додан ба вай осонтар шуд.
Шаҳлоҷон, аз худ пурсед...
Чӣ тавр ман сабаби сар задани баҳсу мунозира бо фарзандам шуда метавонам?
Чӣ тавр ман маслиҳатҳоро ба кор бурда метавонам, то фарзандамро беҳтар фаҳмам?
Чӣ кор карда метавонам, то бо фарзанди наврасам бе баҳсу мунозира сӯҳбат кунам?

Дар тарбияи фарзанд муваффақ гардед!


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.