Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди равоншиносӣ

Салом апаҷон. Чӣ тавр ба шахсе, ки бемории равонӣ дорад, кумак расонем? Ин худаш чӣ маъно дорад? Чӣ ба шахс ёрдам мекунад?

Салом Амираҷон.
«Дӯст ҳама вақт дӯст медорад, ӯ бародарест, ки барои рӯзи сахт зода шудааст».
Вақте шахси наздикамон аз бемории равонӣ азоб мекашад, шояд, мо худамонро гум карда, чӣ кор карданамонро надонем. Лекин бисёр роҳҳое ҳастанд, ки муҳаббатамонро ба ӯ нишон дода метавонем. «Дар шунидан бошитоб бошед».
Яке аз роҳҳои беҳтарин ин гӯш кардани шахси наздикамон мебошад. Ҳамзамон дар ёд доред, ки ба ҳар сухани ӯ чизе гуфтан шарт нест. Муҳимаш ӯ ҳис кунад, ки касе суханонашро бодиққат гӯш мекунад ва ҳамдардӣ менамояд. Кӯшиш кунед, ки дарди дилашро фаҳмед ва ягон зарра ӯро ҳукм накунед. Фаромӯш накунед, ки ӯ фикр накарда суханонеро гуфта метавонад, ки баъд пушаймон мешавад. Пас чӣ тавре хирадмандон фармудаанд: «Рӯҳафтодагонро тасаллӣ диҳед».
Шояд, дӯсти наздики шумо бо ҳисси хавотирӣ мубориза барад ва ё худро беқадру ночиз ҳис кунад. Агар дар ин ҳолат чӣ гуфтанатонро надонед, нишон диҳед, ки ӯ барои шумо азиз аст ва ин ӯро тасаллӣ дода метавонад.
Дӯст ҳама вақт дӯст медорад. Ба дӯстатон кумаки худро пешкаш кунед. Фикр накунед, ки чӣ хел ёрдам карданро медонед, беҳтараш аз ӯ пурсед. Агар ӯ надонад, ки чӣ мехоҳад, пешниҳод кунед, ки ягон корро дукаса иҷро намоед, масалан, ба сайругашт равед. Ғайр  аз ин, шумо метавонед харид ё рӯбучин кунед ва ё боз дар ягон кори дигар кумак расонед.
«Пуртоқат бошед».
Шояд, шахси наздикатон на ҳама вақт ба суҳбат кардан майлу хоҳиш дорад. Ба ӯ гӯед, ки кадом вақте хоҳад, шумо бо хурсандӣ ӯро гӯш карда метавонед. Аз сабаби беморӣ ӯ метавонад сухане гӯяд ё коре кунад, ки ба одам сахт расад. Масалан, ӯ метавонад нақшаи якҷоя кашидаатонро рад кунад ё ногаҳон табъаш хира шавад. Дар чунин ҳолат пурсабр бошед ва фаҳмиш зоҳир кунед.
Кумаки шумо бебаҳост
Кӯшиш кунед, ки ба дугонаатон, ё шахси наздикатон дӯсти боваринок бошед. Албатта, ҳама душвориҳои ӯро ҳал карда натавонед ҳам, лекин ҳаракат мекунед, ки бодиққат ӯро гӯш кунед. Баъзан барои сабук шудан ба вай даркор аст, ки ба касе дарди дил кунад. Шояд ин шахс аз вайроншавии реҷаи хӯрокхӯрӣ, ҳисси хавотирӣ ва депрессия азоб мекашад.
Марде ҳамсарашро, ки рӯҳафтода аст, бо ҳамдардӣ гӯш мекунад.
Шояд шумо дугонае доред, ки ҳама вақт дилкушоду хушчақчақ аст ва шуморо рӯҳбаланд мекунад. Боре вай  ба меҳмонӣ даъват карду хӯроки бомаза пухт. Меҳру муҳаббати ӯро ҳис карда, ин шахси рӯҳафтода дилашро ба вай холӣ мекунад. Ин чиз моро сахт дастгирӣ мекунад!»
«Бе пуртоқатӣ намешавад. Вақте занам бо ягон кораш маро зиқ мекунад, ман ба худ ёдрас мекунам, ки ин айби ӯ неву айби беморияш аст (занаш аз бемории депрессия азоб мекашад). Ин ба ман ёрдам мекунад, ки асабонӣ нашавам ва ба ҳиссиёту ниёзҳои занам бодиққат бошам».
«Зани ман ҳама вақт тайёр аст, ки маро дастгирӣ карда, тасаллӣ диҳад. Вақте ҳисси хавотирӣ маро азоб медиҳад, занам ҳеҷ гоҳ маро ба кардани ягон кор маҷбур намекунад. Баъзан барои ман шуда вай аз кори мехостагиаш даст мекашад. Зани ман тиллост, вай дасткушоду фидокор мебошад» (шавҳараш аз ҳисси хавотирӣ азоб мекашад).
Амираҷон, ин маслиҳатҳоро ба кор бурда, каме ҳам бошад, ба шахси наздикатон кӯмаки равонӣ расонида метавонед.
Ба шумо дар иҷрои ин супоришҳо муваффақият металабам.


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.