Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди равоншиносӣ

Салом муаллимаҷон. Мехостам, ки каме маълумот оиди таълиму тарбияи кӯдакон медодед. Кадом қадамҳо сӯйи ҳалли душворӣ оиди тарбияи кӯдак мусоидат мекунанд?

Салом Ҳафизамоҳ.

Таълиму тарбия дар оила мусоидат мекунад, ки волидон бо намунаи худ ба фарзандонашон дӯст доштанро ёд диҳанд.
Одатан аз волидон интизор мешавӣ, ки ба фарзандонашон одобу ахлоқро ёд медиҳанд. Лекин онҳо бисёртар дар бораи баҳо ва дар оянда кори сердаромад ёфтани фарзандонашон ташвиш мекашанд.
Бешубҳа, дар мактаб таҳсил кардан муҳим аст, аммо таҳсилоти беҳтарин ҳам ёрдам карда наметавонад, ки кас аз майлу хоҳиш ва амалҳои нодуруст даст кашад. Пас, чӣ ба мо ёрдам карда метавонад?
Вақте ки фарзандон ба маслиҳатҳои  падару модари худ гӯш медиҳанд,  маҳдудиятҳо ва камбудиҳояшонро хубтар мебинанд. Ғайр аз ин, волидон ба кӯдаконашон ёрдам мекунанд, ки дигар шаванду хислатҳоеро дар худ инкишоф диҳанд, ки сулҳу оромӣ меоранд. Ба ин хислатҳо некӯкорӣ, меҳрубонӣ, сабру тоқат, худдорӣ ва муҳаббат дохил мешаванд. Дар бораи муҳаббат ҳатто гуфта шудааст, ки «он ягонагии пурра меорад». Чаро муҳаббат хислати беҳамто мебошад? Хирадмандон фармудаанд:
«Муҳаббат пуртоқат ва меҳрубон аст, муҳаббат рашк намекунад, манманӣ намекунад, мағрур намешавад, беодобона рафтор намекунад, фоидаи худро намеҷӯяд, ба хашм намеояд, ба дил кина намегирад, аз бадӣ хурсанд намешавад, балки аз ростӣ шод мегардад. Муҳаббат ҳама чизро рӯпӯш мекунад... ба ҳама чиз тоб меорад. Муҳаббат ҳеҷ гоҳ аз байн намеравад».
Агар муҳаббат дошта бошед, пас ба дигарон бадӣ намекунем. «Пеш аз ҳама якдигарро аз дилу ҷон дӯст доред, зеро муҳаббат гуноҳҳои бисёрро рӯпӯш мекунад».
Шумо одатан дар байни дӯстон ва наздикон худро озод, дилпур ва дар бехатарӣ ҳис мекунед. Барои чӣ? Чунки медонед, ки онҳо беҳбудии шуморо мехоҳанд ва ҳеҷ гоҳ дидаю дониста ба шумо зарар намерасонанд.
Муҳаббат инчунин метавонад одамонро барангезад, ки барои манфиати дигарон ҳаёташонро дигар карда одатҳои бади худро партоянд.  Масалан, марде соҳиби набера шуд ва мехост бо ӯ бисёртар вақт гузаронад. Лекин як душворӣ буд. Вай бисёр сигор мекашид ва домодаш намехост, ки ӯ дар назди кӯдак сигор кашад. Ӯ чӣ кор кард? Ҳарчанд ӯ 50 сол боз сигор мекашид, ба хотири наберааш ин одаташро партофт. Бинед, муҳаббат ба чӣ корҳо қодир аст!
Тарбия ёрдам мекунад, ки хислатҳои некӯкорӣ, меҳрубонӣ ва хусусан муҳаббатро дар худ инкишоф диҳем.
Муҳаббатро инкишоф додан даркор. Волидон барои инкишоф додани муҳаббати фарзандонашон нақши калон мебозанд. Онҳо фарзандонашонро мехӯронанд, муҳофизат мекунанд ва агар ягон ҷояшон дард кунад ё касал шаванд, ба ёрдам мешитобанд. Волидони дилсӯз бо кӯдаконашон сӯҳбат карда онҳоро таълим медиҳанд. Ҳамчунин онҳо фарқи неку бадро фаҳмонда кӯдаконро тарбия мекунанд. Илова бар ин, чунин волидон ба фарзандонашон намуна мегузоранд.
Мутаассифона, баъзе волидон вазифаи худро иҷро намекунанд. Оё ин маънои онро дорад, ки аз чунин волидон фарзандони нағз ба воя намерасанд? Не, албатта! Ҳатто калонсолон, аз ҷумла касоне, ки дар оилаҳои нотинҷ ва носолим ба воя расиданд, тавонистанд, ки ҳаёташонро дигар карда шахсони боваринок ва фоиданоки ҷомеа гарданд.
Баъзе одамони бад кори бадашонро давом додан мегиранд. Оё ин маънои онро дорад, ки мо дигар ҳеҷ гоҳ дар сулҳу осоиштагӣ зиндагӣ намекунем? Агар оянда танҳо аз одамон вобаста мебуд, орзуи мо ҷомаи амал намепӯшид. Лекин чи хеле ки мебинем, илоҷи кор ҳаст ва моро ояндаи дурахшон интизор аст!
Ҳафизамоҳ, дар таълиму тарбияи фарзандон кӯшиш дар талаб аст. Ба ин диққати хоса бояд диҳем.

Бо эҳтиром Ризвона.


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.