Ассалом Юсуф.
Албатта одам, ки дар бораи статуси худаш мефаҳмад, зиқу рӯҳафтода мешавад. Шуморо фаҳмидан мумкин. Аммо хушбахтона бемории сил пурра табобатшаванда аст. Дар ҳолате ки агар доруҳои зиддисилиро сари вақт истеъмол кунед, баъди 6 моҳ пурра аз бемории сил мебароед.
Обу ҳавои хона бояд тез-тез иваз карда шавад. Косаву қошуқ ва пиёлаи худатонро алоҳида кунед. Сачоқ, асбобҳои гигиении шахсии худро истифода баред. Агар тавсияи духтуронро риоя кунед ва аз чорчӯбаи гуфтаашон набароед, пас худатон ва аҳли хонаводаатон бардаму солим мемонед.
Табобати ВНМО - идорашаванда буда, онро ҳам бояд дар як вақти муайяншуда истеъмол кунед. Агар шумо таҳти назорати духтури сироятшинос бошеду натиҷаи ташхисатон қаноатбахш бошад, пас табобат пайравии (приверженность) -и хуб дорад. Итминон дорем, ки умри дарозу осударо мебинед.
Юсуф, боз гуфтаниам ки табобати сил ва сирояти ВНМО пурра ройгон аст. Барои ҳамин пурра ва беташвиш табобати онҳоро сар кунед. Шумо акнун хоҳед нахоҳед, бояд ин 2 бемориҳоро тан гиред, ки дар шумо вуҷуд дорад. Дар боло гуфта гузаштем, ки агар доруҳоро сари вақт хурда истед, Худо хоҳад, аз бемории сил пурра озод мешавед. Ва ба бемории 3 -ми равонӣ гирифтор нахоҳед шуд. Гарчанд аз вируси ВНМО пурра озод нашавед ҳам, он дар ҳолати номуайян меистад. Дар ҳолати тавсияи духтуронро риоя кардан, вазъи саломатиатон хуб шуда, сифати зиндагиатон беҳтар мегардад. Ва аз ҷиҳати равонӣ метавонед худро идора намоед. Орому осуда бошед ва табобатро сар кунед.
Зиндагӣ давом дорад.
Дунё ба умед аст.