Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди равоншиносӣ

Салом. Дар оила бисёр мушкилиҳо сар мезананд. Масалан, дар муносибат бо ҳамсарам, дар тарбияи фарзандон. Чӣ хелин маслиҳатҳо барои хушбахт шудани оила дода метавонед, ё вуҷуд доранд? Бовар кунед, ки сару калобаамро гум кардам.

Салом Маҳмадрасул
Албатта, ҳар шахс мехоҳад, ки ҳаёти оилавиаш хушбахт бошад. Ба маслиҳатҳои бохирадонае, ки дар поён оварда шудаанд, аҳамият диҳед.
Шавҳарон, зани худро дӯст доред
«Шавҳарон... бояд занони худро мисли тани худ дӯст доранд. Марде, ки зани худро дӯст медорад, худро дӯст медорад, чунки ҳаргиз касе тани худро бад намебинад, балки онро мехӯронад ва азиз медорад».
Шавҳар сардори оила аст. Вале шавҳари хуб дағал ё сахтгиру серталаб нест. Ӯ занашро қадр мекунад ва дар бораи ниёзҳои моддӣ ва равониаш ғамхорӣ мекунад. Шавҳар ҳамчунин ҳаракат мекунад, ки занаш хурсанд бошад ва ҳамеша гапи худро намегузаронад. Вай бо занаш дар бораи фикру ҳиссиёташ кушоду равшан гап мезанад ва суханони ҳамсарашро бодиққат гӯш мекунад. Шавҳари хуб ҳеҷ гоҳ ғазабашро ба сари занаш намерезад ва ӯро намезанад ё суханони пасту баланд намегӯяд.
Занон, шавҳари худро эҳтиром кунед
«Зан бояд ба шавҳари худ эҳтироми зиёд дошта бошад».
Вақте зан шавҳари худро ҳурмату эҳтиром карда қарорҳои ӯро дастгирӣ мекунад, дар оила тинҷию оромӣ зиёдтар мешавад. Агар шавҳар ягон хато кунад, зан ӯро паст намезанад, балки оромона ва бо эҳтиром муносибат мекунад. Вақте зан дар бораи ягон душворӣ гап заданӣ мешавад, ӯ вазъиятро дар лаҳзаи мувофиқ ва бо эҳтиром ба шавҳараш мефаҳмонад.
Ба ҳамсаратон вафодор бошед
«Мард... бо зани худ мепайвандад ва ҳар ду як тан мешаванд».
Вақте марду зан оиладор мешаванд, онҳо муносибати наздик пайдо мекунанд. Барои пайванди издивоҷро мустаҳкам нигоҳ доштан ҳамсарон бояд самимона тез-тез бо ҳам муошират намоянд ва бо корҳои форами худ, ҳатто хурд бошанд ҳам, якдигарро хурсанд кунанд. Онҳо бояд ба якдигар вафодор бошанд ва ҳеҷ гоҳ хиёнат накунанд, зеро хиёнат мисли зарби шамшер аст. Агар яке аз онҳо ба ин кор даст занад, аз боварии ҳамсари худ мебарояд ва оилааш вайрон шуда метавонад.
Волидон, фарзандони худро таълиму тарбия диҳед
«Кӯдакро дар роҳи рост таълим деҳ, пир шавад ҳам, аз он дур намешавад» .
Падару модар вазифадоранд, ки фарзандони худро таълиму тарбия намоянд. Ин маънои онро дорад, ки онҳо ба фарзандонашон дуруст рафтор карданро ёд диҳанд ва барои ин худашон намуна бошанд. Вақте фарзанд хато мекунад, волиди бохирад сари қаҳр ӯро ҷазо намедиҳад. Падару модар ин тавр амал намуда нишон медиҳанд, ки «дар шунидан бошитоб, вале дар гуфтан ва дар хашм оҳиста» мебошанд.  Агар волид фарзандашро ҷазо доданӣ шавад, ӯ набояд ин  корро барои хунук кардани дилаш кунад, балки аз рӯйи дӯстдориаш.
Фарзандон, ба волидони худ гӯш диҳед
«Эй фарзандон... ба падару модари худ итоат кунед... “Падару модаратро иззат кун”».
Фарзандон бояд ба волидони худ итоат кунанд ва онҳоро аз таҳти дил ҳурмату эҳтиром намоянд. Вақте фарзандон падару модари худро иззат мекунанд, дар хонадони онҳо хурсандӣ ва сулҳу осоиштагӣ зиёд мегардад. Фарзанди болиғ дар ҳаққи волидонаш нағз ғамхорӣ намуда, нишон медиҳад, ки онҳоро иззату эҳтиром мекунад. Онҳо қарзи фарзандиашонро ба ҷо оварда, хонаи волидонро метавонанд нигоҳубин намоянд ва аз ҷиҳати моддӣ онҳоро дастгирӣ кунанд.
Маҳмадрасул, боре як марде чунин хулоса кард:  "Ман шавҳари хубтар шудам. Аз сабаби тарбияи худ нисбати занам серталаб будам. Лекин баъдтар фаҳмидам, ки чун сардори оила ман набояд худбину сахтгир бошам, балки ба гапи занам гӯш диҳам. Чунки ману занам, охир як танем ва ман бояд ӯро мисли тани худам азиз дорам. Ба шарофати ин маслиҳати бохирадона ман ҳоло шавҳари хубтар шудам ва дар издивоҷ хушбахтам».
Маҳмадрасул, ҳеҷ гоҳ рӯҳафтода нашавед, чунки ҳамаи мо умед дорем, ки ҳамааш хуб мешавад. Ба шумо дар муносибат бо завҷаатон ва тарбияи фарзандон муваффақият таманно дорам.


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.