Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди равоншиносӣ

Салом, муаллимаи азиз ман модари як беморатон аз ш. Кулоб. Фарзанди ман дар як семинари шумо оиди бемории ВНМО бо доктор Татьяна дар ш. душанбе иштирок карда буд. Вай дар ончо оиди бемориаш фахмид, аз хамон руз сар карда тамоман тагир ёфт. Асабони шуд. Муносибаташ нисбати дигар аъзоёни оилаамон хуб нест. Фикр мекунам ки худ ва одамони солимро бад мебинад. Илова бар ин баъди марги падараш бисёр дар як холати бад карор дорад. Дар танхои бисер гиря мекунад. Хама чи вайро безобита мекунад. Бисёр хашмгин аст, аз хаёту одамон норози аст. Тахсил кардан намехохад. Аз одамон мегурезад. Дорухяшро низ ба вакту соаташ намехурад. Чи мехохад ман намедонам. Умуман дар оила хамаро гам медихад. Бо касе муносибати хуб намекунад. Илтимос ба вай ягон кумак кунед, то аз хамин холат барояд. Ракамхоятонро аз сайти afif.tj гирифтам.

Салом  модари ...
Ман миннатдорам, ки ба шабакаи мо муроҷиат намудед. Аз ин маълум аст, ки шумо ба ҳаёти духтаратон  бефарқият нестед. Ман фикр мекунам, ки якчанд сабабҳо барои хавотириҳо вуҷуд доранд.  Якум ин аст, ки дар оилаатон фоҷиаи нохуше сар зад, яъне духтаратон падарашро аз даст дод. Дар ҳақиқат, марги шахси наздик дарди сахттарину давомноктарин аст.
Сабаби дуюм- духтаратон статуси худро оиди ВНМО дар 14 солагӣ фаҳмид. Равоншиносон мегӯянд, ки чӣ қадар фарзанд калонтар шавад, ҳатто дар синни 12 солагӣ ва аз он боло оиди статуси худ фаҳмад, ин барояш хеле мавриди ғамангезу аламовар, ки ҳатто ба агрессия метавонад бурда расонад. Фарзанд агар дар синни кудакиаш оиди статуси худ фаҳмад, онро бозикунон бе мушкилӣ қабул  мекунад.
Ва сабаби сеюм он аст, ки вай аллакай ба балоғат расидааст. Дар ин синну соли наврасӣ ҷавонон ҳаётро аллакай ба таври хоса қабул мекунанд. Дар назари духтаратон чӣ қадар орзуву ҳавасҳое буданд, ки ба фикри вай акнун амалӣ намегарданд.
Волиди азиз, шумо метавонед бо фарзандатон як каме дар бораи ин се сабабҳое, ки  гуфта мегузарем, мулоҳиза ронед.
1. Шумо  шахси наздикатонро аз даст додаед ва чунин ҳиссиёт ба шумо шинос аст. Марги шахси наздик дарди сахттарину давомноктарин аст.
«Ҳар чиз вақту соати худро дорад... Вақте барои гиристан ва вақте барои хандидан, вақте барои нолидан ва вақте барои рақсидан».
Вақте шахс аз рӯйи реҷа амал кунад (хоб, кор ва машғулиятҳои дигар), он гоҳ вай тезтар ба ҳаёти муқаррарӣ бармегардад. Бо корҳои фоидабахш машғул шудан ба шумо кумак мекунад, ки дарду ғаматонро фаромӯш кунед.
1. Ниёзатонро ба назар гирифта муайян кунед, ки чӣ қадар вақтро бо дигарон мегузаронеду чӣ қадар вақтро дар танҳоӣ.
2. Хӯроки солим хӯред, ба таври кофӣ об нӯшед ва машқи ҷисмонӣ кунед.
3. Аз хоб сер шудан барои тоб овардан ба дарди ҷудоӣ кумак мекунад.
4. Дар хотир доред, ки ҳар кас ба таври худ месӯзад. Бояд аниқ кунед, ки ба духтаратон маҳз чӣ кумак карда метавонад.
5. Кушиш кунед, ки бо дӯстонатон муошират намоед ва барои дамгирӣ низ вақт ҷудо кунед.
7.  Реҷаи хуб кумак мекунад, ки тезтар ба ҳаёти муқаррарӣ баргардед.
8.  Пеш аз баровардани қарорҳои муҳим як сол ё аз ин зиёдтар интизор шавед, то ки баъд пушаймон нашавед.
9. Суратҳо ё чизҳои шахси азизатонро ҷамъ оред ё дар дафтаре хотираҳоеро нависед, ки фаромӯш кардан намехоҳед.
10. Ақаллан як рӯз ё якчанд соат ба ягон ҷо равед.
11. Ба дигарон, хусусан ба наздикони мотамзадаатон, дасти ёрӣ дароз кунед. Ҳамин тавр шумо ба худатон кумак мекунед.
12. Дар вазъияти нав фикр кунед, ки ҳаётатонро ба чӣ сарф кардан мехоҳед. Агар лозим ояд, ба ҳаётатон дигаргунӣ дароред. Дар асл, дарди шуморо ҳеҷ чиз пурра бартараф карда наметавонад. Лекин бисёриҳо аз таҷрибаи худ фаҳмиданд, ки ба кор бурдани ин маслиҳатҳо дарди ҷудоиро сабук карда метавонад. Албатта, боз дигар маслиҳатҳое ҳастанд, ки ба шумоён кумак карда метавонанд. Вале, агар ҳам шумо ва ҳам духтаратон ақаллан баъзе аз ин маслиҳатҳоро ба кор баред, тасаллӣ меёбед.
2. Дар бобати табобати зиддиретровирусӣ барои шахсони бо ВНМО зиндагикунанда. Пеш аз ҳама доруҳои зиддиретровирусӣ барои пахш намудани вирус равона шуда истодааст. Агар вирус маҳкам бошаду номуайян гардад, пас сатҳи ҳуҷайраҳои иммунии шахс баланд мешавад. Қабул накардани доруҳо 2-3 рӯз пай дар пай дар баъзе мавридҳо мумкин аст, ки барои зиёд гардидани сатҳи сарбории вирусӣ то ҳадди муайяншаванда оварда расонад. Дар ин ҳолат шахс метавонад гирифтори боз бемориҳои иловагӣ гардад. Барои ҳамин, доруҳоро сари вақт бояд истеъмол намуд.
Модарҷони..., ғайр аз он, агар фосилаҳои қабул накардани доруҳо мунтазам бошанд, вирус метавонад ба доруҳо устувор шавад ва реҷаи табобат кору самаранокиашро қатъ мекунад. Духтур бояд реҷаи шуморо тағйир диҳад ва доруҳои навро интихоб намояд.
Доруҳои зиддиретровирусӣ ВНМО-ро пурра нест карда наметавонад, аз ин сабаб доруҳоро ҳар рӯз, доимо, дар як вақти муайян истеъмол намудан лозим аст. Ҳангоми вайрон намудани реҷаи истеъмоли доруҳо муолиҷа бесамар мегардад ва муқовиматпазирӣ, яъне устуворӣ нисбати доруҳо инкишоф меёбад.
Духтарҷонам, то ҳоло олимон доруе наёфтанд, ки ба пуррагӣ вирусро нест кунад.  Аммо чунин табобати зиддиретровирусӣ мавҷуд аст. Ба воситаи он шахс доимо бардаму бақувват,  сатҳи сарбории вирусӣ паст шуда, ҳолати иммунии шахс баланд мегардад. Ва албатта сифати зиндагӣ беҳтар мегардад. 
3.  Бо фарзанди наврасатон бе баҳсу мунозира сӯҳбат кунед. «Ҳар кас бояд дар шунидан бошитоб, вале дар гуфтан... оҳиста бошад». Дар аввал шояд фарзандатон ба шумо дар бораи тарсу хавотириаш гуфтан нахоҳад, вале, агар ӯро пуртоқатона гӯш кунед, ниҳоят дилашро ба шумо холӣ мекунад. Муҳитеро фароҳам оред, ки фарзандатон бемалол ҳиссиёташро гуфта тавонад. Барои баъзе кӯдакон бо волидашон рӯ ба рӯ гап задан осон нест. Лекин, вақте онҳо худро озод ҳис мекунанд, масалан, дар мошин ё ҳангоми сайругашт, барояшон дар бораи ҳиссиёти худ гап задан осонтар мешавад. Назорат кунед, ки фарзандатон хабарҳои нохушро аз ҳад зиёд тамошо накунад. Шояд вай тарс, хавотирӣ ё ҳатто қаҳрашро пинҳон кунад. Гӯед, ки шумо низ чунин ҳиссиёт доред ва фаҳмонед, ки чӣ тавр бо он мубориза мебаред.
Аз худ пурсед...
Чӣ тавр ман сабаби сар задани баҳсу мунозира бо фарзандам шуда метавонам?
Чӣ тавр ман маслиҳатҳои овардашударо ба кор бурда метавонам, то фарзандамро беҳтар фаҳмам?
Чӣ кор карда метавонам, то бо фарзанди наврасам бе баҳсу мунозира сӯҳбат кунам?
Модарҷони ..., шумо метавонед рақами телефони манро ба духтаратон  диҳед, ман бо ӯ дар тамос мешавам. Ин рақамам чӣ дар telegram ва WhatsApp ҳамин аст.


Бо эҳтиром Ризвона


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.