Салом Вазир.
Баъзан аз кайфияти зудгузар одамон хеле азият мекашанд. Чунки хавотириву ҳаяҷон онҳоро фаро мегирад - мабодо, ки ягон вирусро қапанду сарашон ба бало намонад ва боз виҷдон ғам медиҳад. Онҳо дар фикре, ки 3 моҳ зуд гузарад, то ки аз ташхиси лабораторӣ гузаранду, ҷавобашро фаҳманд. Пас мефаҳманд, ки ҷавобаш "манфӣ" баромадааст, яъне вируси ВНМО - ро надоранд. Чӣ қадар хурсанд мегарданд. Ва саволе ба миён меояд: "охир ин ҳамааш гапи беҳуда будаст ку. ВИЧ/СПИД - яъне ВНМО/БПНМ дар мо набудаст. Ин қадар олимону донишмандон воҳима мебардоранд".
Фикр накунед, ки ҳамин беморӣ ба шумо неву ба дигарон часпиданаш мумкин. Чӣ хеле дар урфият мегуянд: " Як бор ҷасти малахак, ду бор ҷасти малахак, охир ба дасти малахак". Ва боз хирадмандон фармудаанд: "Ҳар кас бори худро хоҳад бардошт". Лекин бисёриҳо хирадмандона рафтор карда аз одамони рӯҳан баркамол маслиҳат мепурсанд.
Бисёре аз корҳое, ки одатан ҳангоми мулоқот карда мешавад, дар асл гуноҳи ҷиддӣ мебошад ва бояд аз бадахлоқии ҷинсӣ даргурез бошем. Ин на танҳо алоқаи ҷинсиро дар бар мегирад, балки корҳои зеринро низ: узвҳои ҷинсии якдигарро шаҳватомез навозиш намудан ва тариқи даҳон ё мақъад алоқаи ҷинсӣ кардан. Агар онҳое, ки дар издивоҷ нестанд, алоқаи ҷинсӣ накунанду ҳамзамон чунон рафтор намоянд, ки шаҳвати якдигарашонро бедор мекунад, ин «нопокӣ» ҳисоб меёбад. Ҳатто сӯҳбатҳои бадахлоқона ҳукм карда мешавад.
Издивоҷ пайванди якумра мебошад. Ҳар як фард мулоқоту шиносоиро чун қадам сӯйи издивоҷ меҳисобад, барои ҳамин ба он ҷиддӣ муносибат мекунад.
Мулоқоту шиносоӣ танҳо бояд барои шахсоне бошанд, ки ба синну соли оиладоршавӣ расидаанд. Дар ин ҷо гап дар бораи гузаштани синни балоғат меравад, ки дар ин вақт хоҳишҳои шаҳвонӣ бахусус пурзӯр мегарданд.
Онҳое, ки мулоқот мекунанд бояд муҷаррад бошанд. Баъзе одамоне, ки мувофиқи қонун бо ҳамсари худ ҷудо шуданд, аз нав оиладор шуда наметавонанд. Чунки барои Ӯ танҳо зино сабаби ҷудошавӣ буда метавонад.
Алоқаи ҷинсӣ берун аз издивоҷ оқибати талх дорад. Масалан он метавонад боиси ҳомиладорӣ, бемориҳои сироятӣ ва ранҷу азобҳои равонӣ гардад.
Вазир, акнун биёед ба чунин саволҳо ҷавоб диҳем:
Чӣ хел рафтор кардан беҳтар мебуд?
Аз хатоятон чӣ дарс гирифтед?
Шумо чӣ фикр доред?
Вазир, акнун хоҳед - нахоҳед бояд 3 моҳро интизор шавед. Хулосаи калом ҳамин аст, ки тарзи ҳаёти солимонаро интихоб намоед ва хушу хурсандона гардед.
Бо эҳтиром Ризвона.