Салом Алӣ.
Агар шумо ба гардан гирифтани хатоҳоятонро ёд гиред, одами масъулиятшинос ва боваринок мешавед.
Ин воқеаро тасаввур кунед: Тоҳир бо дӯстонаш бозӣ карда истодааст. Нохост ӯ бо тӯб ба тирезаи мошини ҳамсоя зада, онро мешиканад.
Агар ба ҷойи Тоҳир мебудед, чӣ кор мекардед?
Истед ва фикр кунед! Се вариант ҳаст:
Гурехта меравед.
Дигар касро айбдор мекунед.
Ба ҳамсоя воқеаро нақл мекунед ва ваъда медиҳед, ки зарарро бартараф мекунед.
Мумкин дилатон ба варианти 1 кашол бошад. Лекин чӣ коре накарда бошед, ба гардан гирифтани хатоҳо роҳи беҳтарин аст.
Барои ба гардан гирифтани хатогиҳо се сабаб ҳаст
Ин аз рӯйи инсоф аст.
«Дар ҳар бобат мехоҳем ҳалолкорона рафтор кунем».
Касеро, ки ба гуноҳҳояш қоил мешавад, зудтар мебахшанд.
«Касе ки ҷиноятҳои худро пинҳон дорад, муваффақият намеёбад; вале касе ки иқрор шавад ва онҳоро тарк кунад, сазовори раҳм мегардад».
Комилаи 20-соларо барои бо суръати баланд ҳай кардани мошин ҷарима мекунанд. Лекин Комила ба падараш ҳеҷ чиз намегӯяд. Ӯ нақл мекунад: «Як сол пас падарам коғази ҷаримаро дида, аз ин воқеа хабардор шуд. Ин рафторам ба ман вазнин афтод!»
Алӣ, аз ин ҷо чӣ дарс гирифтан мумкин аст? Комила мегӯяд: «Пинҳон кардани хатогиҳо вазъиятро бадтар мекунад. Оқибат ҳамааш маълум мешавад ва ту як рӯз не, як рӯз барои хатогиҳоят ҷавоб медиҳӣ».
Алӣ, чӣ хел аз хатоҳоямон дарс гирем?
Одаме, ки хатогиҳояшро ба гардан мегирад, хоксору фурӯтан ва шахси пухта мебошад.
Қадами дуюм аз хатоҳо дарс гирифтан аст. Духтаре бо номи Вазира мегӯяд: «Ман кӯшиш мекунам, ки аз хатоҳоям дарс гирам, шахси беҳтар шавам ва дафъаи дигар онҳоро такрор накунам».
Фарз кардем, шумо велосипеди акаатонро гирифта ягон ҷояшро задед ё вайрон кардед. Чӣ кор мекунед?
Ба умеде, ки акаатон пай намебарад, ҳеҷ чиз намегӯед?
Ба акаатон воқеаро нақл мекунед?
Ва ё воқеаро нақл мекунед, лекин айбро ба гардани дигар кас бор мекунед?
Мисоли дигар. Шумо аз тест баҳои паст мегиред, чунки тайёрӣ надидед. Чӣ кор мекунед?
Баҳона мекунед, ки тест душвор буд?
Айбатонро ба гардан мегиред?
Ё мегӯед, ки муаллим шуморо чап гирифтааст?
Доим ба хотир овардани хатоҳои пештара ба монанди он аст, ки шахс вақти ҳай кардани мошин ба оинаи ақиб нигоҳ мекунад
Алӣ, акнун дар мисоли якум худро ба ҷойи акаатон ва дар мисоли дуюм худро ба ҷойи муаллиматон монед. Агар шумо даррав хатоятонро ба гардан гиред, акаатон ва муаллиматон дар бораи шумо чӣ фикр мекунанд? Агар ба гардан нагиред-чӣ?
Акнун дар бораи ягон хатогие, ки соли охир кардед, фикр кунед ва ба ин саволҳо ҷавоб нависед:
Он хатогӣ чӣ буд? Баъд шумо чӣ кор кардед?
Онро баҷо кардед.
Айбро ба сари дигар кас задед.
Хаторо даррав ба гардан гирифтед.
Агар шумо хатоятонро ба гардан нагирифта бошед, баъд аз он чӣ ҳис кардед?
Хурсандӣ. «Хайрият, ҳеҷ кас нафаҳмид!»
Виҷдонатон шуморо азоб дод. «Бояд росташро мегуфтам».
Чӣ хел рафтор кардан беҳтар мебуд?
Аз хатоятон чӣ дарс гирифтед?
Шумо чӣ фикр доред?
Барои чӣ бисёр одамон хатогиҳояшонро ба гардан намегиранд? Чӣ ба онҳо халал мерасонад?
Агар хатогиҳоятонро доим ба гардан нагиред, одамон дар бораи шумо чӣ фикр мекунанд? Агар ба гардан гиред-чӣ?
Алӣ, шумо чӣ кор карда метавонед?
Дар муддати 12 моҳи наздик шумо оиди хатогиҳоятон кадом мақсад мондан мехоҳед?
Ба мақсади гузоштаатон муваффақият металабам.
Бо эҳтиром Ризвона