Салом Сангинамоҳ
Шумо офарин, ки ба ин шабака муроҷиат кардед. Хеле хуб аст, ки ҷуръат кардед, то кӯмак пурсед.
Муносибати шумо метавонад вазъиятро беҳтар ё бадтар кунад.
Ин воқеаро тасаввур кунед: Толиб дигар ҳеҷ гоҳ ба мактаб рафтан намехоҳад. Ҳамааш се моҳ пеш сар шуд, вақте ҳамсинфонаш дар бораи Толиб овозаи бад паҳн карданд. Ӯро ҳар хел лақабу номҳо мемонданд. Баъзан касе аз пешаш гузашта, гӯё нохост китобҳояшро аз дасташ зада чаппа мекард. Вақте пушташ ба тарафи бачаҳо гардондагӣ буд, ӯро тела медоданд ва бечора намедонист, ки ин корро кӣ кард. Дина бошад, косаи сабри Толиб лабрез шуд. Ба телефонаш хабар омад, ки агар пагоҳ мактаб равад, ӯро мурданивор мезананд.
Агар шумо ба ҷойи Толиб мебудед, чӣ кор мекардед?
Ноумед нашавед! Агар касе шуморо ғам диҳад, шумо бе мушту лағад ҷавоби ӯро дода метавонед.
Ором бошед. Хирадмандон фармудаанд: «Аблаҳ тамоми хашми худро берун меоварад, вале хирадманд... онро сокит мекунад». Бо тамоми қувват кӯшиш кунед, ки ором бошед ё ақаллан худро ором нишон диҳед. Агар ба касе, ки шуморо ғам медиҳад ё паст мезанад, аҳамият надиҳед, ӯ шуморо ба ҳоли худ мегузорад.
Қасд нагиред. Инчунин навишта шудааст: «Ба ҳеҷ кас дар ивази бадӣ бадӣ накунед». Қасд гирифтан вазъиятро бадтар мекунад.
Аз хатар гурезед. «Шахси бофаросат мусибатро мебинад ва пинҳон мешавад». Чи қадаре ки аз шумо вобаста бошад, аз одамон ё воқеаҳое, ки ба саратон хатар оварда метавонанд, дур бошед.
Ҷавобе диҳед, ки интизор набошанд. «Ҷавоби нарм ғазабро фурӯ менишонад». Шумо метавонед барои ором кардани вазъият шӯхӣ кунед. Масалан, агар ягон кас ба шумо гӯяд, ки аз ҳад фарбеҳӣ, метавонед ин хел ҷавоб диҳед: «Ҳеҷ гап не, мана замин мебардорад!»
Хеста равед. Агар шумо ҳеҷ чиз нагуфта хеста равед, ин нишон медиҳад, ки шумо одами пухта ҳастед ва аз касе, ки шуморо ғам медиҳад, як сару гардан болоед. Ӯ худдорӣ надорад, шумо бошед, иродаи қавӣ доред.
Боварӣ инкишоф диҳед. Одамоне, ки ғам додани дигаронро дӯст медоранд, касеро, ки худашро паст ҳисоб мекунад, даррав пай мебаранд. Агар шумо худатонро паст ҳисоб кунед, барои ин хел одамон луқмаи тайёр мешавед. Лекин, агар онҳо бинанд, ки шумо ба худатон боварӣ доред, ба шумо ҳуҷум намекунанд.
Воқеаро ба ягон кас нақл кунед. Зане, ки пештар муаллима буд, чунин мегӯяд: «Ман ба ҳама касоне, ки ба сарашон зӯрӣ мекунанд, маслиҳат медиҳам, ки хомӯш набошанд ва воқеаро ба ягон кас нақл кунанд. Ин нодуруст нест. Агар шахс гап занад, масъала ҳал мешавад ва хулиган ба дигарон ҳам зарар намерасонад».
Агар ба худатон боварӣ дошта бошед, аз хулиган як сару гардан боло мешавед
Оё шумо медонед?
Одамон на фақат бо мушту лағад зӯрӣ мекунанд.
Вақте шуморо ҳақорат мекунанду паст мезананд. Духтаре ба хотир меорад: «Ман ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам, ки ҳамсинфонам ба ман чӣ хел номҳо мемонданд. Ман худро одами нодаркор ва беқадру қимат ҳис мекардам. Агар маро бо мушт мезаданд, беҳтар мешуд».
Вақте дигарон худро аз шумо дур мекашанд. «Як вақт ин хел шуд, ки ҳамсинфонам худро аз ман дур кашидан гирифтанд. Вақте мехостам ҳамроҳи ягон кас шишта, хӯрок хӯрам, онҳо тавре мекарданд, ки гӯё дар барашон дигар ҷо нест. Як соли дароз ман гиря мекардам ва тоқа мехӯрдам» (Ҳалима).
Вақте шуморо ба воситаи интернет паст мезананд (авбошӣ дар интернет). «Одам метавонад дар сари компютер шишта бо ду гапи навиштааш обрӯи дигар касро резонад ё ҳатто ҳаёташро сӯзонад. Мумкин ин гап воҳима тобад, лекин ин хел шуданаш мумкин аст!» (Дониёл).
Пастзанӣ дар замонҳои пеш ҳам буд. Масалан, дар замонҳои қадим паҳлавононе зиндагӣ мекарданд, ки дигаронро ғам медоданд.
Ба сари дигарон зӯрӣ кардан ё касеро ғам додан шӯхии безарар нест.
Бисёр ҷавонон аз сабаби он ки дигарон онҳоро ғам медиҳанд, худкушӣ мекунанд.
Агар шуморо ғам диҳанд, бояд ҷавоб гардонед. Бисёр вақт касеро, ки ғам медиҳанд, зӯраш ба хулиган намерасад. Агар дидед, ки касеро ғам медиҳанд, бояд худро ба нодонӣ занед?
Агар шумо бинед, ки касеро ғам медиҳанду дар ин бора гап назанед, шумо ба хулиган ёрдам мекунед ва шарики гуноҳи вай мешавед. Дар ин вазъият «ман ба ҳеҷ кас кор надорам» гуфта, хап шиштан намешавад. Касоне, ки ба сари дигарон зӯрӣ мекунанд, дар асл худашонро паст ҳисоб мекунанд.
Ҳарчанд баъзе касоне, ки дигаронро паст мезананд, худбоваранд, бисёрашон аз худ дилпур нестанд. Барои ҳамин онҳо дигаронро паст зада, худро болотар ҳис мекунанд.
Касоне, ки дигаронро паст мезананд, метавонанд ислоҳ шаванд. Агар ба хулиган ёрдам кунанд, ӯ метавонад тарзи рафтор ва фикрашро ислоҳ кунад.
Шумо чӣ кор карда метавонед?
Агар шуморо касе ғам диҳад ва ё ба саратон зӯрӣ кунад, чӣ кор мекунед? Чӣ мегӯед
Бо эҳтиром Ризвона.