Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди равоншиносӣ

Салом апаи Ризвона. Бо падару модарам чӣ хел забон ёбам? Ҳамиқа мекунам, намешад. Вайо мара фаҳмидан намехоҳанд. Шумо ай ба ҷойи ман мебудед, чӣ ко мекардед?

Салом Саидаҷон
Агар бо падару модарат забон ёбӣ, зиндагиат оромтар мешавад.
Ин воқеаро тасаввур кун: Ҷамшеди 17-сола вазифаҳояшро иҷро мекунад ва акнун мехоҳад каме дам гирад. Нафаси осуда кашида, ӯ худро ба рӯи кат мепартояд ва телевизорро дармегиронад.
Дар ҳамин лаҳза падараш аз дар медарояд. Ҷамшедро дида ӯ асабӣ мешавад.
«Ҷамшед! Барои чӣ ту телевизор тамошо карда шиштӣ? Ту ба додарат барои тайёр кардани дарсҳояш ёрдам надодӣ-ку! Ту, бача, ягон вақт гапи гуфтагира намекунӣ!»
«Боз сар шуд»,— ғур-ғур карда мегӯяд Ҷамшед.
«Чӣ гуфтӣ?» — наздиктар омада мепурсад падараш.
«Ҳичӣ»,— оҳ кашида мегӯяд Ҷамшед.
Падараш сахт асабонӣ шуда мегӯяд: «Ин чӣ хел гапзанӣ?»
Саидаҷон, агар ту ба ҷойи Ҷамшед мебудӣ, барои он ки вазъият ин хел нашавад, чӣ кор мекардӣ?
Исто ва фикр кун! Агар вақти ҳай кардани мошин ту ба ҷое расӣ, ки раҳаш маҳкам бошад, чӣ кор мекунӣ? Албатта, кӯшиш мекунӣ, ки роҳи дигареро ёбӣ. Гап задан бо падару модар ҳам ба ҳай кардани мошин монанд аст.
Мисол: Духтаре бо номи Лайло мегӯяд: «Ба ман бо падарам гап задан душвор аст. Баъзан чунин мешавад, ки ман диламро ба ӯ холӣ мекунам, лекин ӯ баъди камтар вақт мепурсад: “Нафаҳмидам, ту чизе гуфтӣ?”»
Лайло чӣ кор карда метавонад?
Ба сари падараш дод занад.
Лайло мегӯяд: «Дада, охир ман гапи муҳим дорам! Барои чӣ гӯш намекунед?»
Дигар бо падараш дар ин бора гап назанад.
Лайло ба падараш дигар дар ин бора даҳон намекушояд.
Дар ин бора баъдтар гап занад.
Лайло метавонад ба падараш мактуб нависад ва ё фурсати беҳтарро интизор шуда, дар ин бора гап занад.
Ту ба Лайло чӣ маслиҳат медодӣ?
Фикр кун: Диққати падари Лайло парешон аст ва ҳушаш дар дигар ҷост. Барои ҳамин ӯ аз ҳолати Лайло бехабар аст. Агар Лайло якум вариантро интихоб кунад, падараш барои чӣ хафа шудани духтарашро намефаҳмад. Албатта, аз додзании ӯ вазъият аз будаш бадтар мешавад. Ғайр аз ин бо ин кораш Лайло ба падараш беҳурматӣ нишон медиҳад. Пас, ин вариант ба ҳеҷ кас фоида намеорад.
Мошине дар роҳ бо монеа дучор мешавад
Бо падару модар гап задан баъзан осон нест, аммо ту беилоҷ нестӣ. Ту метавонӣ дигар роҳро ёбӣ
Варианти дуюм аз ҳама роҳи осон метобад. Лекин он аз ҳама роҳи хуб нест. Барои чӣ? Чунки барои ёрдам кардан ба Лайло падараш бояд аз душвориҳои ӯ бохабар бошад. Бо хомӯшӣ проблема ҳал намешавад.
Агар Лайло варианти сеюмро интихоб кунад, ӯ намегузорад, ки байни ӯву падараш девор пайдо шавад. Ӯ фурсати қулайро интизор шуда, дар бораи ин масъала бо падараш гап мезанад. Боз ӯ метавонад ба падараш хат нависад. Агар чунин кунад, мумкин даррав худро сабук ҳис кунад.
Хат навиштан боз як ҷиҳати нағз дорад. Вақте Лайло хат менависад, ӯ кӯшиш мекунад, ки фикрашро фаҳмотар баён кунад. Вақте падараш мактубро мехонад, аз дарди дили духтараш огоҳ мешавад. Варианти сеюм ҳам барои Лайло хуб аст, ҳам барои падараш. Фарқаш нест Лайло чӣ хел мекунад: хат навишта фикрашро мефаҳмонад ё фурсати беҳтарро интизор шуда, бо падараш гап мезанад. Чунин рафтори бохирадона ба роҳи сулҳу осоиштагӣ мебарад.
Лайло боз чӣ хел рафтор карда метавонист?
Саидаҷон, агар ягон варианти дигар ба сарат ояд, онро дар поён навис. Баъд навис, ки он чӣ натиҷа меорад.
Лекин бояд донист, ки падар ва модари худро бояд иззат намоӣ. Бигзор, ки  суханонат ҳамеша форам бошанд. Дар шунидан бошитоб, дар гуфтан оҳиста ва дар хашм оҳиста бошӣ.
Фикратро равшан баён кун
Дар хотир дор, ки падару модарат гапи туро дигар хел фаҳмида метавонанд.
Масалан: падару модарат мепурсанд, ки барои чӣ ту зиқӣ. Ту ҷавоб медиҳӣ: «Биёед дар ин бора гап назанем».
Падару модарат бошанд, гапи туро ин хел мефаҳманд: «Ман ба шумо он қадар бовар надорам. Беҳтараш дар ин бора бо дӯстонам гап мезанам». Чӣ хел ҷавоб додан нағзтар мебуд? Масалан, ин хел: «Камтар баъдтар гап занем, майлаш?»
Саидаҷон, тасаввур кун, ки ту бо душворие рӯ ба рӯ шудӣ. Падару модарат мехоҳанд ба ту ёрдам кунанд. Лекин ту мегӯӣ: «Хавотир нашавед, ман худам ин масъаларо ҳал мекунам».
Падару модарат гапатро ин хел мефаҳманд: __________
Беҳтараш ин хел ҷавоб диҳӣ: _______
Ба худат савол деҳ:
Ман чӣ кор карда метавонам?
Агар ягон вақт бо падару модарам гап задан нахоҳам, чӣ кор карда метавонам?
Агар ман дар бораи ягон мавзӯъ гап задан нахоҳам, лекин падару модарам маро маҷбур кунанд, чӣ кор карда метавонам?

Бо эҳтиром Ризвона


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.