Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди равоншиносӣ

Салом муаллима. Ҳамин як чира пурсам. Шахс ҳамин барои мулоқоту шиносоӣ чӣ ягон қоида дорад?

Мулоқоту шиносоӣ гуфта муоширати марду занеро меноманд, ки нисбати якдигар ҳиссиёти ошиқона доранд. Ин гуна муошират метавонад дар байни одамон ё дар танҳоӣ, ба воситаи телефон ё СМС гузарад. Одами масъулиятнок мулоқотро вақтхушӣ намеҳисобанд, балки ба он чун ба қадами ҷиддие, ки ба издивоҷ равона мекунад, менигаранд.
Шахс боварӣ дорад, ки принсипҳову қонунҳо ба вай дар қабул кардани қарорҳое ёрдам карда метавонад ва манфиат меорад. Мо ин принсипҳову қонунҳоро худамон набаровардаем, лекин кӯшиш мекунем, ки аз рӯйи онҳо зиндагӣ кунем. Биёед дида бароем, ки чӣ тавр баъзеи онҳо ба мулоқоту шиносоӣ дахл доранд.
Издивоҷ пайванди якумра мебошад. Ҳар як фард мулоқоту шиносоиро чун қадам сӯйи издивоҷ меҳисобад, барои ҳамин ба он ҷиддӣ муносибат мекунад.
Мулоқоту шиносоӣ танҳо бояд барои шахсоне бошанд, ки ба синну соли оиладоршавӣ расидаанд. Дар ин ҷо гап дар бораи гузаштани синни балоғат меравад, ки дар ин вақт хоҳишҳои шаҳвонӣ бахусус пурзӯр мегарданд.
Онҳое, ки мулоқот мекунанд бояд муҷаррад бошанд. Баъзе одамоне, ки мувофиқи қонун бо ҳамсари худ ҷудо шуданд, аз нав оиладор шуда наметавонанд. Чунки барои Ӯ танҳо зино сабаби ҷудошавӣ буда метавонад.
Фарзандон бояд ба падару модари худ итоат кунанд. Аз рӯйи ин амр фарзандоне, ки бо волидонашон зиндагӣ мекунанд, бояд мувофиқи қарорҳои падару модари худ, ки барои мулоқоту шиносоӣ муқаррар намудаанд, рафтор кунанд. Падару модар метавонанд барои писар ё духтари худ синну соли мулоқот карданро муайян кунанд. Волидон пешакӣ муқаррар менамоянд, ки кадом корҳо ҳангоми мулоқоту шиносоӣ равоянд.
Ҳар як фард худаш қарор мекунад, ки мулоқот кунад ё не ва бо кӣ мулоқот кунад. Ин ба принсипи зерин мувофиқат мекунад: «Ҳар кас бори худро хоҳад бардошт». Лекин бисёриҳо хирадмандона рафтор карда аз одамони рӯҳан баркамол маслиҳат мепурсанд.
Бисёре аз корҳое, ки одатан ҳангоми мулоқот карда мешавад, дар асл гуноҳи ҷиддӣ мебошад ва бояд аз бадахлоқии ҷинсӣ даргурез бошем. Ин на танҳо алоқаи ҷинсиро дар бар мегирад, балки корҳои зеринро низ: узвҳои ҷинсии якдигарро шаҳватомез навозиш намудан ва тариқи даҳон ё мақъад алоқаи ҷинсӣ кардан. Агар онҳое, ки дар издивоҷ нестанд, алоқаи ҷинсӣ накунанду ҳамзамон чунон рафтор намоянд, ки шаҳвати якдигарашонро бедор мекунад, ин «нопокӣ» ҳисоб меёбад.  Ҳатто сӯҳбатҳои бадахлоқона ҳукм карда мешавад.
Дил ё шахси ботинии мо маккор аст. Он шахсро бармеангезад, ки ба корҳои нодуруст даст занад. Барои ба ин роҳ надодан шахсоне, ки мулоқот мекунанд, бо якдигар танҳо намемонанд ва аз ҳолатҳое, ки ба бадахлоқӣ тела медиҳанд, даргурезанд. Масалан, онҳо кӯшиш мекунанд, ки дар байни дӯстони баркамол ва ё дар ҳузури шахси сеюм вохӯранд. Шахсоне, ки оиладор шудан мехоҳанд бояд аз шиносшавӣ ба воситаи Интернет эҳтиёт шаванд. Ҳамчунин онҳо бояд донанд, ки инкишоф додани дилбастагӣ бо шахсе, ки тамоман ӯро намешиносанд, хатарнок аст.

Бо эҳтиром, Ризвона


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.