Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди равоншиносӣ

Салом муаллимаҷон.Чӣ тавр фарзандонамро тарбия кунам? Назорати онҳо сол то сол вазнин шуда истодааст. Ҳиҷ дили ҳамунора наёфтестам. Ёрдамам кунен.

Салом Садорат.
"Ин суханон, ки ман имрӯз ба ту амр мефармоям, бигзор бар дили ту бошад ва онҳоро ба писаронат талқин бикун".
Волидон дар оила бар фарзандон ӯҳдадор карда шудаанд. Шумо чун волид вазифадоред, ки фарзандатонро таълим диҳед, то меъёрҳои хуб ва некро дӯст дорад ва чун шахси масъулиятнок ба воя расад. Шумо ҳамчунин бояд, дили писар ё духтаратонро фаҳмед. Албатта дар ин кор намунаи шахсии шумо хеле муҳим аст. Шумо ҳамон вақт ба фарзандатон маслиҳатҳои хуб дода метавонед, агар аввал онро дар дили худ ҷо кунед.
1. Тавре, ки фарзандонатон озодона гап зананд
Гуфта шудааст: «Дар шунидан бошитоб, дар гуфтан оҳиста бошед». Шумо мехоҳед, ки фарзандонатон ҳангоми бо шумо сӯҳбат кардан, худро озод ҳис кунанд. Фарзандон бояд донанд, ки вақте онҳо гап задан мехоҳанд, шумо барои гӯш карданашон тайёред. Муҳити орому осоиштаро фароҳам оваред, то онҳо фикрашонро озодона баён карда тавонанд. Агар фарзандонатон фикр кунанд, ки шумо сахтгирона ва танқидомез рафтор мекунед, онҳо шояд бо шумо кушоду равшан сӯҳбат карда натавонанд. Аз ин рӯ, бо фарзандонатон пурсабр бошед ва онҳоро зуд-зуд ба муҳаббати худ бовар кунонед.
Чунин карда метавонед:
Вақте ки фарзандонатон бо шумо гап задан мехоҳанд, дастрас бошед
Бо онҳо на танҳо дар вақти душворӣ, балки ҳамеша сӯҳбат кунед
2 Фаҳмед, ки онҳо аслан чиро дар назар доранд
Хирадмандон фармудаанд: "Ҳар шахси бофаросат бо дониш амал мекунад". Баъзан ба шумо лозим меояд, ки барои фаҳмидани ҳиссиётҳои аслии фарзандонатон, дар паси суханонашон чӣ истоданашро аҳамият диҳед. Одатан барои ҷавонон аз пашша фил сохтан ё гуфтани он суханоне, ки онҳо дар асл гуфтанӣ набуданд, хос аст. «Касе ки ношунида ҷавоб гардонад, беақл аст». Барои ҳамин аз суханони онҳо зуд ба қаҳр наоед.
Чунин карда метавонед:
Нигоҳ накарда ба он ки фарзандонатон чӣ мегӯянд, суханашонро набуред ё сахт ба дил наздик нагиред.
Ба хотир оред, ки худи шумо дар синну соли онҳо чӣ гуна ҳиссиёт доштед ва чӣ ба назари шумо муҳим буд.
3 Якдигарро дастгирӣ кунед
«Эй писарам! Насиҳати падари худро бишнав, ва таълими модари худро рад накун». Падар ва ҳам модар ҳуқуқи ба фарзандон сардорӣ карданро доранд. Шумо бояд фарзандонатонро таълим диҳед, ки иззататонро ба ҷо оранд ва ба шумо итоат кунанд. Агар волидон «дар як фикр муттаҳид» набошанд, фарзандон инро ҳис карда метавонанд. Аз ин рӯ агар шумо бо суханони ҳамсаратон норозӣ бошед, ҳаракат кунед, ки дар назди кӯдакон инро баён накунед, зеро чунин шуданаш мумкин аст, ки онҳо ҳурматашонро нисбати шумо гум хоҳанд кард.
Чунин карда метавонед:
Муҳокима карда ба як хулоса оед, ки чӣ тавр фарзандатонро тарбия хоҳед кард.
Агар дар мавриди таълиму тарбияи фарзандон фикрҳои шумо гуногун бошад, кӯшиш кунед, ки фикри ҳамсаратонро ба назар гиред.
4 Нақша тартиб диҳед
«Бачаро бо роҳе ки ба ӯ мувофиқ аст, тарбият намо». Тарбияи бомуваффақияти фарзандонатон худ ба худ ба даст намеояд. Шумо бояд нақшае кашед, ки таълиму тарбияро дар бар гирад. Таълиму тарбия танҳо маънои ҷазо доданро надорад, балки маънои онро дорад, ки ба фарзандонатон кӯмак кунед, то онҳо сабабҳои гузошта шудани қоидаҳоро фаҳманд. Ин ба онҳо ёрӣ медиҳад, ки виҷдони солимро инкишоф диҳанд.
Чунин карда метавонед:
Ба фарзандонатон кӯмак расонед, то онҳо хатарҳои ахлоқиеро, ки масалан, дар интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ вомехӯранд, муайян карда, аз онҳо дурӣ ҷӯянд. Ба онҳо чӣ тавр аз таҷовузкорон дурӣ ҷустанро омӯзонед.
Фарзандро бо роҳе ки ӯ бояд биравад, тарбия намоед.
Садорат, барои ҳамин аз худ бипурсед...
Чӣ тавр ман боварӣ дошта метавонам, ки фарзандам ба ман дар бораи ҳама чиз гап мезанад?
Ман оиди тарбияи фарзанд аз дигар волидон чӣ омӯхта метавонам?

Бо эҳтиром, Ризвона


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.