Салом Момогул.
Дар як китоби қадима оварда шудааст: «Дӯст ҳама вақт дӯст медорад, ӯ бародарест, ки барои рӯзи сахт зода шудааст». Ин чӣ маъно дорад? Вақте шахси наздикамон аз бемории равонӣ азоб мекашад, шояд, мо худамонро гум карда, чӣ кор карданамонро надонем. Лекин бисёр роҳҳое ҳастанд, ки муҳаббатамонро ба ӯ нишон дода метавонем.Чӣ ёрдам мекунад?
«Дар шунидан бошитоб бошед». Яке аз роҳҳои беҳтарин ин гӯш кардани шахси наздикамон мебошад. Ҳамзамон дар ёд доред, ки ба ҳар сухани ӯ чизе гуфтан шарт нест. Муҳимаш ӯ ҳис кунад, ки касе суханонашро бодиққат гӯш мекунад ва ҳамдардӣ менамояд. Кӯшиш кунед, ки дарди дилашро фаҳмед ва ягон зарра ӯро ҳукм накунед. Фаромӯш накунед, ки ӯ фикр накарда суханонеро гуфта метавонад, ки баъд пушаймон мешавад.
«Рӯҳафтодагонро тасаллӣ диҳед». Шояд, дӯсти наздики шумо бо ҳисси хавотирӣ мубориза барад ва ё худро беқадру ночиз ҳис кунад. Агар дар ин ҳолат чӣ гуфтанатонро надонед, нишон диҳед, ки ӯ барои шумо азиз аст ва ин ӯро тасаллӣ дода метавонад.
«Дӯст ҳама вақт дӯст медорад». Ба хешатон кумаки худро пешкаш кунед. Фикр накунед, ки чӣ хел ёрдам карданро медонед, беҳтараш аз ӯ пурсед. Агар ӯ надонад, ки чӣ мехоҳад, пешниҳод кунед, ки ягон корро дукаса иҷро намоед, масалан, ба сайругашт равед. Ғайр аз ин, шумо метавонед харид ё рӯбучин кунед ва ё боз дар ягон кори дигар кумак расонед.
«Пуртоқат бошед». Шояд, шахси наздикатон на ҳама вақт ба суҳбат кардан майлу хоҳиш дорад. Ба ӯ гӯед, ки кадом вақте хоҳад, шумо бо хурсандӣ ӯро гӯш карда метавонед. Аз сабаби беморӣ ӯ метавонад сухане гӯяд ё коре кунад, ки ба одам сахт расад. Масалан, ӯ метавонад нақшаи якҷоя кашидаатонро рад кунад ё ногаҳон табъаш хира шавад. Дар чунин ҳолат пурсабр бошед ва фаҳмиш зоҳир кунед. Кумаки шумо бебаҳост. Кӯшиш кунед, ки ба хешатон дӯсти боваринок бошед. Албатта, шумо ҳама душвориҳои ӯро ҳал карда наметавонед, лекин ҳаракат кунед, ки бодиққат ӯро гӯш кунед. Баъзан барои сабук шудан ба вай даркор аст, ки ба касе дарди дил кунад. Шумо шояд ҳама вақт дилкушоду хушчақчақ ҳастед ва ӯро рӯҳбаланд мекунед. Метавонед ягон вақт вайро ба меҳмонӣ даъват кунеду хӯроки бомаза пазед. Меҳру муҳаббати шуморо ҳис карда, хешатон шояд дилашро ба шумо холӣ кунад. Ин чиз шуморо сахт дастгирӣ кунад!
Момогул, бе пуртоқатӣ намешавад. Вақте хешатон бо ягон кораш шуморо зиқ мекунад, ба худ ёдрас кунед, ки ин айби ӯ неву айби беморияш аст. Ин ёрдам мекунад, ки асабонӣ нашавед ва ба ҳиссиёту ниёзҳояш бодиққат бошед. Хешатонро ҳама вақт дастгирӣ карда, тасаллӣ диҳед. Вақте ҳисси хавотирӣ ӯро азоб медиҳад, ҳеҷ гоҳ ба кардани ягон кор маҷбур накунед.
Бо эҳтироми самимӣ Ризвона.