Салом Акобир.
Биёед якчанд маслиҳатҳои бохирадона барои нигоҳ доштани муносибати хуб дида бароем. Бисёр одамон ин маслиҳатҳои ба кор бурда муваффақ гаштанд.
Бахшанда бошед
«Агар касе барои аз дигаре шикоят кардан сабаб дошта бошад... якдигарро аз таҳти дил бахшед».
Ҳамаи мо хато мекунем. Баъзан мо дигаронро меранҷонем ё дигарон моро меранҷонанд. Барои ҳамин мо муҳтоҷем, ки дигарон моро бахшанд ва мо дигаронро. Баъди он ки мо шахсро мебахшем, дигар дар бораи ӯ фикрҳои бад намекунем. Мо «дар ивази бадӣ бадӣ» намекунем ва гаштаю баргашта хатои шахсро хотиррасон наменамоем. Лекин, агар сухану рафтори касе ба мо сахт расида бошаду он аз дилу фикрамон наравад-чӣ? Он гоҳ мо бояд бо шахс дар танҳоӣ ва эҳтиромона гап занем. Мақсади мо набояд исбот кардани рафтори нодурусти каси дигар, балки барқарор кардани сулҳ бошад. Яъне назари худро на ба айбҷӯии дигарон, балки ба хислатҳои мусбии шахс равона созем.
Фурӯтан ва боэҳтиром бошед
«Хоксорона дигаронро аз худ боло донед».
Агар мо фурӯтану боэҳтиром бошем, ба одамон бо мо будан маъқул аст. Онҳо медонанд, ки мо бо онҳо меҳрубон, бомулоҳиза хоҳем буд ва дидаю дониста онҳоро хафа намекунем. Вале, агар мо худро аз дигарон боло гирем ё ҳама вақт ду пойро дар як мӯза монда, талаб кунем, ки хости мо шавад, мо сабабгори ҷангу ҷидол мешавем ва дигаронро дар хиҷолат мегузорем. Агар мо ин хел кунем, одамон худашонро аз мо дур мекашанд ва дӯстони мо кам мешаванд ё ки мо тани танҳо мемонем.
Акобир, метавонед ҳамаро бо як чашм бинед. Чунки «Худо ҳамаро бо як чашм мебинад, ва ҳар кӣ аз ӯ тарсаду дуруст рафтор кунад, аз кадом халқе набошад, ба ӯ маъқул аст».
Мо одамонро аз рӯйи миллат, забон, мақому мартаба ё ранги пӯсташон маъқул намекунем. Зеро «ҳамаи халқҳо аз як одам ба вуҷуд овардааст». Аз ин бармеояд, ки тамоми одамизод бародару хоҳаранд. Вақте мо бо ҳар як кас бо меҳрубонӣ ва эҳтиром муносибат мекунем, мо онҳоро хушбахт мегардонем, худамон бошем, хушбахттар мешавем.
Нармдил бошед
Нармдилиро «мисли либос бипӯшед».
Агар мо нармдил бошем, дигарон худро бо мо озод ҳис мекунанд. Онҳо бо мо бемалол суҳбат мекунанд ва ҳатто моро ислоҳ менамоянд, зеро медонанд, ки мо ором мемонем. Вақте ғазаби касе нисбати мо бедор мешавад, аз ҷавоби нарми мо, эҳтимол, ӯ ором шавад. Дар Пандномае чунин гуфта шудааст: «Ҷавоби нарм хашмро паст мекунад, гапи сахт касро ба қаҳр меорад».
Саховатманд ва миннатдор бошед.
«Додан аз гирифтан хушбахтии бештар меорад».
Имрӯзҳо бисёри одамон чашмгуруснаанд ва танҳо дар бораи худ фикр мекунанд. Лекин, агар мо саховатманд бошем, хушбахтии бештар ҳис мекунем. Одамони дасткушод хушбахтанд, чунки барои онҳо одамон назар ба чизу чора қадри баланд доранд. Муҳаббат ба одамон онҳоро бармеангезад, ки сипосгузор бошанд ва, вақте ки касе ба онҳо саховатмандӣ нишон медиҳад, миннатдорӣ баён кунанд. Аз худ пурсед: «Оё ба ман бо одамони хасис ва ношукр будан маъқул аст ё бо одамони саховатманд ва миннатдор?» Мо аз ин чӣ меомӯзем? Акобир, чӣ гуна одамонро дидан хоҳед, худатон ҳамин хел бошед!
Акнун ман фикр намекунам, ки аз дигарон беҳтарам
Хирадмандон фармудаанд: «Ба дигарон чун ба худатон муносибат кунед... Дар назари худ доно набошед». Ин маслиҳат ба шахс ёрдам мекунад, ки бар ғурур ғолиб ояд ва ба дигарон бо назари паст нигоҳ накунад. Дигар фикр накунад, ки халқи ман аз дигар халқҳо беҳтар аст ва ӯ ба одамоне, ки динашон дигар аст, бо назари паст нигоҳ намекунад. Инчунин бештар одамдӯст шавед ва муомилаатон бо дигарон хубтар шавад.
Саломату комёб бошед!