Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди равоншиносӣ

Салом. Мумкин савол диҳам. Чӣ кор кунам ки бо занам дар оила муносибати хуб дошта бошам? Занон ба чӣ гуна кӯмак ниёз доранд? Раҳмат.

Салом Абдурасул.
Пеш аз ҳама мақсад гузоред, ки хонаи шумо мисли паноҳгоҳ бошад.
Бисёриҳо фикр мекунанд, ки вазифаи асосии шавҳар ин аз ҷиҳати моддӣ таъмин кардани оила аст. Лекин баъзе занон ҳарчанд аз ҷиҳати моддӣ таъминанд, дар ҳолати хавотирӣ ва ҳатто тарсу ҳарос қарор доранд. Баъзе шавҳарон бо одамони бегона хушмуомила буда, дар хона бошанд, дағаланд. Пас ба занашон мегӯянд “Ман шавҳари ту ҳастам, барои ҳамин чизе ки гӯям, ҳамонро мекунӣ”.
Чӣ тавр шавҳар вазифаи худро бо меҳрубонӣ иҷро карда метавонад? Оё хонаи худро ҷои «фароғат» ва осоишта карда метавонед?
Ҳарчанд зану шавҳар дар оила мавқеи баробар доранд, ҳар яке аз ҳамсарон дар оила нақши муайяни худро мебозанд. Зани оиладор зери «шариати шавҳардорӣ» қарор дорад. Чи тавре ки бисёр корхонаҳо сарвар ё назоратчӣ доранд, шавҳар ҳам сарвари оила таъин шудааст. Шавҳар бояд назорати кори оилаи худро ба ӯҳда гирад.
Барои шавҳари хуб шудан, мард бояд зани худро дӯст дорад. Ӯро рӯҳбаланд кунад ва борашро сабук созаду кӯмаки саривақтии рӯҳонӣ расонад.
Баъзе занон мегӯянд, ки барои шавҳарашон канизак шуданд. Марде, ки оилаи хушбахт дорад, мегӯяд: «Ман бисёр вақт аз занам мепурсам, ки чӣ кор кунам, то кори ӯро сабук кунам. Ман ҳамсарамро дӯст медорам, барои ҳамин имконият меҷӯям, то дар корҳои хона ба вай ёрӣ расонам».
Абдурасул, вақте завҷаатон худро бад ҳис мекунад, нисбати ӯ боз ҳам бештар ғамхору дилсӯз бошед. Кӯшиш кунед, ки ҳолати ӯро фаҳмед ва пуртоқатӣ зоҳир намоед.
Як сарвари оилае нақл мекунад: «Вақте мебинам, ки занам хеле ҳассос аст, ман сахт кӯшиш мекунам, то аз гуфтани чизе ки аҳволи ӯро бадтар мекунад, худдорӣ намоям».
Бо мақсади ҷазо додани завҷаатон бо ӯ қаҳрӣ нашавед. Вақте шавҳар аз занаш меранҷад, ӯ рӯзҳои дароз метавонад гап назанад ва зан худро гунаҳкору ночиз ҳис кунад.
Ҳамчун мард метавонед вазифаи худро чун шавҳар ва падар хуб иҷро кунед.
Бо завҷаатон дар бораи фикру ҳиссиёти худ гап занед. Занон метавонанд шикоят кунанд, ки шавҳарашон дар назди дигарон хушгапу хушчақчақ аст, лекин дар хона хапу дам мешинад. Аҳамият диҳед, ки зане дар бораи он ки шавҳараш ба ӯ дилашро холӣ мекунад, чӣ мегӯяд: «Ман ҳис мекунам, ки ӯ маро дар ҳақиқат дӯст медорад ва ман дӯсти наздикаш ҳастам».
Барои ҳамин, Абдурасул, ҳаракат кунед ки то ба охир бо завҷаатон анису мунис бошед.

Саломату бардам бошед.


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.