Салом Шарофат.
Вақте ақидаҳо фарқ мекунанд.
Агар одатҳо ва шахсияти ҳамсарон аз ҳамдигар фарқ кунад ва онҳо ба чизҳои гуногун шавқ дошта бошанд, ин дар оилаашон душвориҳоро ба миён оварда метавонад. Лекин махсусан дар мавридҳои зерин ба як хулоса омадан душвор аст:
Чӣ қадар гузаронидани вақт бо хешу табор?
Пулро чӣ тавр дуруст истифода бурдан?
Кӯдакдор шудан ё нашудан?
Агар ақидаҳои шумо ва ҳамсаратон гуногун бошанд, шумо чӣ кор карда метавонед?
Шумо бояд чиро донед:
Ба якдигар мувофиқ будан маънои як ақида доштанро надорад. Ҳатто зан ва шавҳаре, ки ба якдигар хеле мувофиқанд, ҳамеша як ақида надоранд ва дар масъалаҳои ҷиддӣ низ фикрашон аз ҳам фарқ дошта метавонад.
Баъзеҳо дар оилаҳое калон шуданд, ки ба ҳамдигар хеле наздик буданд. Ҳар рӯзҳои истироҳат онҳо бо бибию бобо, тағою амак, холаю амма ва фарзандонашон вақт мегузаронданд. Лекин дар оилаи ҳамсарашон бошад, ин хел набуд. Барои ҳамин зану шавҳар нисбати чӣ қадар бо оила вақт гузарондан ё бо хешу таборе, ки дар дурӣ зиндагӣ мекунанд, чӣ қадар муошират кардан ақидаҳои гуногун доранд.
Ё ин ки азбаски зану шавҳар дар муҳити гуногун калон шуданд, нисбати чӣ тавр сарф кардани пул нуқтаи назари гуногун доранд. Аз ин сабаб якчанд моҳи аввали оиладориашон онҳо дар ин бора баҳс мекарданд. Барои ҳал кардани ин душворӣ якчанд бор сӯҳбат кардан лозим омад.
Ду кас ба як манзара ҳар хел нигоҳ мекунад. Ба ин монанд ҳамсарон нигоҳи гуногун дошта метавонанд.
Баъзе душвориҳо танҳо бо гузашт кардан ҳал намешаванд. Масалан, агар хусуру хушдоманатон касал шуда ба нигоҳубин мӯҳтоҷ шаванд, он гоҳ чӣ кор мекунед? Агар ҳамсаратон фарзанддор шудан хоҳаду шумо не, он гоҳ-чӣ?
Ақидаи гуногун доштан маънои онро надорад, ки оилаи шумо хушбахт шуда наметавонад. Баъзе мутахассисон мегӯянд, ки агар шумо ва ҳамсаратон дар масъалаҳои ҷиддӣ ба як хулоса омада натавонед, бояд як илоҷ карда хости дилатонро кунед, ҳатто агар барои ин ҷудо шудан лозим ояд. Лекин чунин «ҳалли душворӣ» маънои онро медошт, ки шумо ҳиссиёти худро аз ваъдае, ки ҳангоми издивоҷ дода будед, болотар мемонед, зеро шумо ваъда дода будед, ки ба пастиву баландии зиндагӣ нигоҳ накарда бо ҳамсаратон якҷоя мемонед.
Шарофатҷон, шумо чӣ кор карда метавонед
Ба ваъдае, ки ҳангоми издивоҷ дода будед, вафо кунед. Агар чунин кунед, шумо масъалаҳои душворро на чун рақиб, балки чун як даста ҳал мекунед.
Хирадмандон фармудаанд : «Он чӣ Худо бо ҳам пайвастааст, одам набояд ҷудо кунад».
Хароҷотро ҳисоб кунед. Масалан фарз кардем, ки якеатон фарзанддор шудан мехоҳед, дигаре бошад, не. Дар ин маврид якчанд масъалаҳоро дида баромадан лозим аст:
То чӣ андоза пайванди издивоҷатон мустаҳкам аст.
Оё пайванди издивоҷатон фишори иловагиеро, ки калон кардани фарзанд меорад, бардошта метавонад?
Масъулиятҳое, ки фарзанддорӣ меорад.
Ба ин на танҳо хӯрондан, пӯшондан ва бо ҷойи зист таъмин кардани фарзанд дохил мешавад, балки чизҳои бештар низ.
Вазъияти иқтисодиатон.
Оё шумо яку якбора аз ӯҳдаи кор, оила ва дигар масъулиятҳо мебароед?
Принсипе оварда шудааст: «Кадоме аз шумо бурҷе сохтанӣ шуда, аввал нишаста, харҷи онро ҳисоб намекунад?»
Масъаларо ҳаматарафа дида бароед. Шояд ҳамин тавр шумо ба як хулоса омада тавонед. Барои мисол агар гап дар бораи кӯдакдор шудан равад, ҳамсаре, ки зид аст, аз худ пурсида метавонад:
Ман умуман фарзанддор шудан намехоҳам, ё фақат ҳозир?
Оё ман шубҳа дорам, ки волиди хуб мешавам?
Оё ман аз он метарсам, ки ҳамсарам ба ман беаҳамият мешавад?
Аз дигар тараф ҳамсаре, ки фарзанддор шудан мехоҳад, ба худаш саволҳои зеринро дода метавонад:
Оё мо масъулиятҳое, ки волидон доранд, ба дӯш гирифта метавонем?
Оё барои калон кардани фарзанд зӯрамон мерасад?
Бо ҷиҳатҳои хуби ақидаи ҳамсаратон розӣ шавед. Ду одам ба як манзара ҳар хел нигоҳ мекунад. Ба ин монанд, ҳамсарон ба як масъала нигоҳи гуногун дошта метавонанд. Масалан нисбати чӣ тавр сарф кардани пул ҳар як ҳамсар ақидаи худро дорад. Ҳангоми ҳал кардани масъалаи баҳснок аввал ҷиҳатҳоеро муҳокима кунед, ки ҳардуятон розиед.
Кадом мақсадҳои шумо якхелаанд?
Ҷиҳатҳои хуби ҳар як ақида кадом аст?
Оё шумо ё ҳамсаратон тайёред, ки барои нигоҳ доштани оила бо ақидаи якдигар розӣ шавед?
Принсипи дигаре: «Бигзор ҳар кас фоидаи худро неву фоидаи каси дигарро ҷӯё бошад».
Шарофатҷон, як чизро фаҳмед, ки тарзи фикррониатон ё иҷро кардани ягон кор ҳамеша як хел буданаш шарт нест. Муҳим он аст, ки ақидаи якдигарро ҳурмат кунед. Ақидаи дигар касро қабул кардан маънои мағлуб шуданро надорад.
Масъалаҳои ҷиддиро пеш аз оиладор шудан муҳокима кардан лозим аст. Лекин ба ҳар ҳол вазъиятҳои ногаҳонӣ рӯй доданаш мумкин аст ё ин ки бо гузашти вақт ҳиссиёт ва хоҳиши яке аз ҳамсарон дигар шуда метавонад.
Саломат бошед.
Ҳамфикру бомулоҳиза бошед!