Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди равоншиносӣ

Ассалом аппачон! Ма тули 6 мох аст издивоч кардам, нав шукронаи Аллох хомиладор шудам. Шавхарам бисëр инсони хуб аст, лекин мара дустдори намекунад. Ë буса мегуяд бадам меояд, ма чандин маротиба гуфтамаш ки яборам намегуи дустам медори. Ë ягон гапи хубум намегуи, ки камехам бошад дилам ба зиндаги гарм шавад. Мегад зана дустдори кни хаво мегира, махам ай хами сабаб бошад ки дусташ намедорам лекин дар рафторам нишон намедихам агар дустдориш кунам, мегад гамум нате камбудияш хаминаст ки да шабакахои ичтимои занхои лучу урëнро тамошо карда онхоро хамчунон гапхо менависад, яктои онхоро ба мара гуфтаги нест. Максади ма аппачон чи кор кунам ки акидаи шавхарамро дигар кунаму, дустам дорад? Ма одат дорам касе ки дустам намедорад, дусташ намедорум, асабхоям да ин муддати кутох тамом шудай, агар дустм бдора чон ма метимуш, некем беахмиятиш мара дилхунук кадагияй ай зиндаги.

Салом  Асила.
Оиладорӣ ва фарзандон туҳфаи қиматбаҳои Офаридгоранд. Ҳама мехоҳанд, ки ҳаёти оилавиашонро беҳтар ва хушбахттар созанд. Ба маслиҳатҳои бохирадона аҳамият диҳед.
Шавҳарон, зани худро дӯст доред
«Шавҳарон... бояд занони худро мисли тани худ дӯст доранд. Марде, ки зани худро дӯст медорад, худро дӯст медорад, чунки ҳаргиз касе тани худро бад намебинад, балки онро мехӯронад ва азиз медорад».
Шавҳар сардори оила аст. Вале шавҳари хуб дағал ё сахтгиру серталаб нест. Ӯ занашро қадр мекунад ва дар бораи ниёзҳои моддӣ ва равониаш ғамхорӣ мекунад. Шавҳар ҳамчунин ҳаракат мекунад, ки занаш хурсанд бошад ва ҳамеша гапи худро намегузаронад. Вай бо занаш дар бораи фикру ҳиссиёташ кушоду равшан гап мезанад ва суханони ҳамсарашро бодиққат гӯш мекунад. Шавҳари хуб ҳеҷ гоҳ ғазабашро ба сари занаш намерезад ва ӯро намезанад ё суханони пасту баланд намегӯяд.
Занон, шавҳари худро эҳтиром кунед
«Зан бояд ба шавҳари худ эҳтироми зиёд дошта бошад».
Вақте зан шавҳари худро ҳурмату эҳтиром карда қарорҳои ӯро дастгирӣ мекунад, дар оила тинҷию оромӣ зиёдтар мешавад. Агар шавҳар ягон хато кунад, зан ӯро паст намезанад, балки оромона ва бо эҳтиром муносибат мекунад. Вақте зан дар бораи ягон душворӣ гап заданӣ мешавад, ӯ вазъиятро дар лаҳзаи мувофиқ ва бо эҳтиром ба шавҳараш мефаҳмонад.
Ба ҳамсаратон вафодор бошед
«Мард... бо зани худ мепайвандад ва ҳар ду як тан мешаванд».
Вақте марду зан оиладор мешаванд, онҳо муносибати наздик пайдо мекунанд. Барои пайванди издивоҷро мустаҳкам нигоҳ доштан ҳамсарон бояд самимона тез-тез бо ҳам муошират намоянд ва бо корҳои форами худ, ҳатто хурд бошанд ҳам, якдигарро хурсанд кунанд. Онҳо бояд ба якдигар вафодор бошанд ва ҳеҷ гоҳ хиёнат накунанд, зеро хиёнат мисли зарби шамшер аст. Агар яке аз онҳо ба ин кор даст занад, аз боварии ҳамсари худ мебарояд ва оилааш вайрон шуда метавонад.

Вақте ҳамсаратон порнография тамошо мекунад
Шояд шумо дар ин бора ба ҳеҷ кас гуфта наметавонеду ба шумо сахт мерасад ва дарун-дарун месӯзед.
Шавҳаронатон ба доми балоангези порнография афтодааст.
Ҳамсари ҷабрдида чӣ кор карда метавонад?
Ҳарчанд рафтори шавҳаратон дар ихтиёри шумо нест, шумо метавонед, дардатонро сабуктар кунеду осоиштагӣ ба даст оред. Якчанд маслиҳати судмандро мебинем.
Худро айбдор накунед. Баъзе занон гумон мекунанд, ки порнография тамошо кардани шавҳарашон айби онҳост. Аз чунин рафтори шавҳаратон худро безебу назарногир мешумуред: «Барои чӣ шавҳарам маро неву дигар занонро тамошо мекунад? Аз афташ, ман аз дигарон камӣ дорам». Баъзе занон худро барои муносибаташон айбдор мекунанд, зеро гумон доранд, ки рафторашон вазъиятро аз будаш бадтар мекунад.
Агар чунин фикрҳо аз сари шумо гузаранд, дониста бошед, ки шумо барои рафтори шавҳаратон масъул нестед. «Ҳар кас саргарм ва фирефтаи хоҳишу ҳавасҳои худ шуда ба озмоиш дучор мегардад». Ҳеҷ кас шуморо айбдор намекунад, баръакс, барои вафодориятон шуморо қадр мекунанд.
Ба порнография рӯ овардани марде маънои онро надорад, ки занаш аз ягон ҷиҳат нуқсону камбудӣ дорад. Мутахассисон мегӯянд, ки ҳар кӣ майнааш бо порнография заҳролуд шудааст, хаёлҳои нотабииву ваҳшиёнае мепарварад, ки ҳеҷ як зан онҳоро қонеъ карда наметавонад.
Шояд фикр кунед, ки шавҳарам дар куҷо бошаду бо чӣ кор машғул аст.  Аз ҳад зиёд ғам нахӯред. Баъзе занон мегӯянд, ки дар ҳузури касоне, ки аз душвории шавҳарашон огоҳанд, шарм медоранд. Дигарон бошанд, худро танҳо ҳис мекунанд, зеро гумон доранд, ки касе аз ин дардашон хабар надорад.
Чунин ҳиссиётҳо табииянд, вале, агар шахс ба онҳо дода шавад, ғамгину дилмонда мегардад. Ба ҷойи ин, дилатонро пурра ба Худо холӣ намоед. Дар ин ҳолат қуввату осудагӣ пайдо мекунед.

Саломату сарбаланд бошед

Бо эҳтироми самимӣ Ризвона.


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.