Салом Чаманоро.
Вақте ҳамсаратон бо ягон гап ё амалаш шуморо ба ғазаб меорад, шумо ҳаракат мекунед, ки худро ба даст гиред. Ӯ пай мебарад, ки шумо чун пештара бо ӯ муносибат накарда истодаед ва саволҳо додан мегирад. Ин бошад, вазъиятро бадтар мекунад. Пас, дар ин ҳолат чӣ тавр худро ба даст гирифта метавонед?
Шумо бояд чиро донед
Ғазабро идора накардан ба саломатӣ зарар меорад. Мувофиқи баъзе тадқиқотҳо идора накардани ғазаб фишори хунро баланд карда метавонад ба бемориҳои дил, депрессия ва ҳазм накардани хӯрок оварда расонад. Ғайр аз ин, он сабаби бехобӣ, хавотирӣ, бемориҳои пӯст ва сактаи дил гардад. Беҳуда масалан наомадааст : «Аз хашм даст бикаш... ки он фақат зиён меорад».
Ғазабро дар дил гирифта гаштан низ зарар дорад. Хашму ғазабро идора накардан ба касалие монанд буда метавонад, ки одамро дарунакӣ тамом мекунад. Масалан, шумо ба ҳама чиз бо шубҳа нигариста, нуқтаи назари айбҷӯёнаро дар худ инкишоф медиҳед. Як умр бо чунин шахс зиндагӣ кардан душвор аст, ва ин рӯҳия ба издивоҷатон зарари ҷиддӣ расонда метавонад.
Шумо чӣ кор карда метавонед
Ба хислатҳои хуби ҳамсаратон диққат диҳед. Се хислати ҳамсафари ҳаётатонро, ки қадр мекунед, нависед. Вақте ки ягон амали ӯ шуморо асабонӣ мекунад, ин хислатҳоро ба хотир оред. Ин ба шумо ёрдам мекунад, ки худро ба даст гиред.
Бо омодагӣ бахшед. Дар аввал ба вазъият аз нуқтаи назари ҳамсаратон нигаред. Ин ба шумо ёрдам мекунад, ки ҳиссиёти ҳамсаратонро фаҳмед ё ҳамдард бошед. Сипас аз худ пурсед: «Оё ин вазъият кирои ба ғазаб омадану набахшидан мебошад?»
Принсипе мавҷуд аст: «Аз хато чашм пӯшидан касро зеб медиҳад».
Ҳиссиётатонро меҳрубонона ва бо мулоимӣ фаҳмонед. Дар ин вақт ҷонишини «ман»-ро истифода баред. Масалан, ба ҷойи «Шумо ин қадар бепарво. Занг зада дар куҷо буданатонро гӯед намешавад» гуфтан, «Рӯз бевақт шуд ва ман хавотир шудам, ки бо шумо ягон чӣ рӯй надода бошад» гӯед. Агар шумо ҳиссиётатонро бо мулоимӣ фаҳмонед, ин ба шумо ёрдам мекунад, ки хашму ғазабатонро идора кунед.
Принсипи дигаре ҳаст: «Бигзор суханони шумо ҳамеша форам... бошанд».
Боэҳтиромона гӯш кунед. Баъди баён кардани ҳиссиётатон гапи ҳамсаратонро набурида бодиққат гӯш кунед. Вақте ки ӯ гапашро тамом кард, барои боварӣ ҳосил кардан, ки гапашро дуруст фаҳмидед ё не, чизи фаҳмидаатонро бо гапҳои худатон гӯед. Барои идора кардани ғазаб бодиққат гӯш кардан хеле муҳим аст.
"Ҳар кас бояд дар шунидан бошитоб, вале дар гуфтан... оҳиста бошад".
Агар худро ором нишон дода ғазабро дар дил гирифта гардем, ин душвориро ҳал намекунад ва мо як рӯз не як рӯз мекафем. Барои ҳамин беҳтараш дар бораи душвориатон боэҳтиромона гап занед.
Ҳамсар агар доимо гӯш кунад ва ба хавотириҳо ҷиддӣ муносибат кунад, инро зан хеле қадр мекунад. Ҳатто ӯ агар розӣ набошад ҳам, фикру ақидаи завҷаашро ба назар мегирад. Ӯ ҳеҷ гоҳ барои баён кардани ин ё он ҳиссиёт занро паст намезанад. Дар ин ҳолат ҳамдигарфаҳмӣ байни ҳамсарон мешавад ва ҳурмату эҳтиром як чизи муҳиму муқаррарӣ мегардад.
Саломат бошед.