Салом Акрам.
Танҳоӣ чун вабои аср аст. Тақрибан нисфи калонсолон дар Иёлоти Муттаҳида мегӯянд, ки худро танҳо ҳис мекунанд. Танҳоӣ хусусан дар байни ҷавонон бисёр дида мешавад.
Созмони умумиҷаҳонии ҳифзи тандурустӣ Комиссияи навро таъсис дод, ки вазифаи он мустаҳкам намудани муносибат байни ҷомеа мебошад. Ин гурӯҳ танҳоиро як мушкилии шадиди саломатӣ медонад ва дар тамоми давлатҳо, новобаста ба вазъи иҷтимоияшон роҳҳои беҳтарӣ мубориза бо танҳоиро меҷӯяд.
Худро аз дигарон дур нагиред. Истифодаи аз ҳад зиёди шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷумлаи корҳое мебошад, ки моро аз дигарон дур месозад. Ба ҷойи он беҳтараш бо одамони гирду атрофатон бештар муошират карда барои худ дӯстони ҳақиқӣ ёбед.
Ба дигарон дасти ёрӣ дароз кунед. Корҳои нек на танҳо моро ба дигарон наздик месозанд, балки боз хурсандӣ меоранд. «Додан аз гирифтан хушбахтии бештар меорад».
Саломат бошед ва танҳоиро бартараф кунед.