Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди равоншиносӣ

Салом. Ман бахшида наметонум, чунки ай кудаки фақат ҳақорату доду войро мешунидум. Ҳатто вақте калон шудм, аз дигарон хафа шуда чанд рӯз дар дилам гирифта мегаштум ва ҳатто шабҳо хобам намебурд. Баъд худма идора карда наметонум. Ай ҳамин боис, ки асабам монда мешад ва шабҳои бедорхоби мара монда кардаст. Метонен, ки мара ёрдам кнен. Раҳмат.

Салом Гулсифат.
Дар ҳақиқат, ранҷидан ва қаҳру ғазаб шахсро на хушбахт мекунаду на солим. Тадқиқотҳо низ исбот мекунанд, ки агар шахс бахшанда набошад, метавонад...
ба ғазаб омада ё хафа шуда муносибаташро бо дигарон вайрон созад ва оқибат танҳо монад;
тез хафа шавад, аз пашша фил созад ё ҳатто аз зиқӣ ба депрессия афтад;
ба чизҳои бад сахт аҳамият дода, зиндагиашро талх кунад;
аз фаҳмидани он ки кори нодуруст карда истодааст, азоб кашад;
бештар асабӣ шавад ва ба саломатиаш зарар расонад, масалан, фишори хунаш баланд шавад, ба касалиҳои дил гирифтор гардад, буғумдарду сардард шавад.
Бахшидан- ин аз гуноҳи касе гузаштан, аз сари қаҳру ғазаб фаромадан, ба дил кина нагирифтан ва нияти бад надоштан мебошад. Ин маънои онро надорад, ки мо кирдори нодурустро сафед кунем ё тавре рафтор кунем, ки гӯё чизе рӯй надодааст. Бахшидан ин амалест, ки аз рӯйи меҳру муҳаббат карда мешавад ва шахс инро ба хотири нигоҳ доштани сулҳу оромӣ ва муносибатҳои нағз мекунад.
Ғайр аз ин, шахсе, ки мебахшад, мефаҳмад, ки ҳамаи мо нокомилем ва ҳамаамон дар гуфтор ё рафтор хато мекунем. Барои ҳамин хирадмандон фармудаанд "Ҳатто агар касе барои аз дигаре шикоят кардан сабаб дошта бошад, нисбати якдигар пурсабр бошед ва якдигарро бо омодагӣ бахшед".
Бахшидан нишонаи муҳаббате аст, ки ягонагии пурра меорад. Дар ҳақиқат, мувофиқи як сайти тиббӣ бахшидан ба кас ёрдам мекунад, ки...
нисбати шахси гунаҳкор ҳамдарду меҳрубон бошад, ҳолати ӯро фаҳмад ва муросо кунад;
ҳолати рӯҳиву равониаш беҳтар шавад;
аз ҳад зиёд ташвиш накашад, ғам нахӯрад ва ба хашму ғазаб дода нашавад;
аломатҳои депрессияро камтар кунад.
Нисбати худ бахшанда бошед. Худро бахшидан кори хеле душвор аст, аммо ин барои ҷисман ва рӯҳан солим мондан муҳим аст. Чӣ ба шумо кӯмак мекунад, то нисбати худ бахшанда бошед?
Нисбати худ серталаб набошед, ба гардан гиред, ки шумо низ мисли дигарон хато мекунед.
Аз хатоҳои худ дарс гиред, то онҳоро ҳар чӣ камтар такрор кунед.
Нисбати худ пуртоқат бошед. Барои дигар шудан вақт лозим аст, чунки аз баъзе одатҳои бад халос шудан осон нест.
Бо одамоне дӯстӣ кунед, ки рӯҳбаланд мекунанд, таъсири хуб мерасонанд, меҳрубонанд ва ҳамзамон рости гапро мегӯянд.
Вақте ягон касро хафа мекунед, ба гуноҳатон иқрор шавед ва дарҳол бахшиш пурсед. Агар сулҳҷӯ бошед, дар дил оромӣ пайдо мекунед.
Мо фикру рафтори одамонро дигар карда наметавонем, лекин худамонро дигар карда метавонем. Барои ҳамин, агар оромию осоиштагиро хоҳем, бояд қаҳру ғазабро аз худ дур кунем. Осоиштагӣ ва қаҳру ғазаб барои мо мисли шимол ва ҷануб ду чизи муқобилу аз ҳам дур мебошад. Чи хеле ки яку якбора дар ҳар дуи ин ҷойҳо будан номумкин аст, мо низ наметавонем ором ва дар айни замон хафаю дарғазаб бошем.
Гулсифат, биёед як маротиба фикрҳои асосиро ба ёд биёрем.
Нисбати якдигар пурсабр бошед ва якдигарро бо омодагӣ бахшед.
Агар бахшем...
муносибатамон бо дигарон беҳтар мешавад ва дар дил оромӣ пайдо мекунем
аз ҳад зиёд ташвиш намекашем, ба қаҳру ғазаб намеоем ва ғам намехӯрем
саломатиамон беҳтар мешавад.

Саломат бошед.


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.