Матлуба
Салом Чӣ хел дар оилам меҳру муҳаббат нишон тиям? Ҳамин қадар ҳаракат мекунам, ҳамаш бефоида. Бо гузашти солҳо ба якдигар камтар муҳаббат зоҳир мекунем. Ин мана ташвишба меорад. Ман чӣ кор карда метавонам?
Салом Матлуба.
Барои нигоҳ доштани пайвандҳои издивоҷ муҳаббат зарур аст. Чи хеле ки барои бардаму солим будани ҷисм хӯрок ва об муҳим аст, барои мустаҳкам нигоҳ доштани оила низ муҳаббат зарур мебошад. Ҳарчанд аз оиладориатон даҳсолаҳо гузашта бошад, доимо ба якдигар муҳаббат нишон диҳед.
Муҳаббати ҳақиқӣ фоидаи худро намеҷӯяд. Он дар пайи беҳбудии каси дигар аст. Яъне ҳамсари бохирад танҳо вақте ки муҳаббати ӯ ба ёдаш расад, ба ҳамсараш онро зоҳир намекунад. Баръакс, вақте ӯ мебинад, ки ҳамсафари ҳаёташ ба муҳаббат ниёз дорад, кӯшиш мекунад, ки эҳтиёҷоти ӯро қонеъ гардонад.
Одатан занон назар ба шавҳарон бисёртар ниёз доранд, ки ба онҳо муҳаббат нишон диҳанд. Шояд шавҳар занашро хеле дӯст медорад, аммо агар ӯ муҳаббаташро танҳо дар аввалу охири рӯз ё пеш аз алоқаи ҷинсӣ изҳор намояд, зан метавонад ба муҳаббати шавҳараш шубҳа пайдо кунад. Аз ин рӯ беҳтар мебуд, агар шавҳар муҳаббаташро дар давоми рӯз мунтазам нишон диҳад.
Шумо чӣ кор карда метавонед
Муҳаббататонро баён кунед. Суханони ширин, ба монанди «Ман туро дӯст медорам», «Ту барои ман азиз ҳастӣ» ба ҳамсафари ҳаётатон болу пар мебахшад.
Дар дили одам чизе, ки бошад, ба забон ҳамон меояд.
Маслиҳат: Суханони меҳрубононаро на танҳо гӯед, балки онҳоро дар номаҳо ва паёмҳои электронӣ низ нависед.
Муҳаббататонро дар амал нишон диҳед. Вақте шумо ҳамсари худро ба оғӯш мегиред, бӯса мекунед ё дасташро медоред, нишон медиҳед, ки «Ман туро дӯст медорам» гуфтани шумо суханони хушку холӣ нестанд. Муҳабати худро ҳамчунин бо ламс кардан, нигоҳи пурмеҳр ё тӯҳфаи ногаҳонӣ нишон дода метавонед. Агар ба занатон кӯмак карда, сумкаашро бардоред, барояш дарро кушоед, косаю табақро шӯед, ҷомашӯйӣ кунед ё хӯрок пазед, шумо на танҳо ёрдам мекунед, балки муҳаббататонро дар амал нишон медиҳед.
«Мо бояд якдигарро на танҳо дар сухан ва дар забон, балки дар амал... дӯст дорем».
Маслиҳат: Бо ҳамсаратон тавре муносибат кунед, ки ҳангоми шинос шуданатон мекардед.
Матлюба, барои якдигар вақт ҷудо кунед. Ба якдигар вақт ҷудо карда шумо пайванди издивоҷатонро мустаҳкам мекунед ва нишон медиҳед, ки муошират бо ҳамсаратон барои шумо хурсандибахш аст. Албатта, агар фарзанддор ё серкор бошед, барои бо ҳамсаратон дар танҳоӣ муошират кардан вақт ҷудо намудан душвор буда метавонад. Дар ин маврид шояд шумо метавонед, ақаллан бо ҳамдигар сайругашт кунед.
Маслиҳат: Баъзе ҳамсарон нигоҳ накарда ба серкориашон барои дар танҳоӣ вақт гузарондан мунтазам бегоҳиҳо ё рӯзҳои истироҳатро ҷудо мекунанд.
Ниёзи ҳамсаратонро фаҳмед. Ҳар як одам ҳиссиёт ва талаботи худро дорад. Барои ҳамин бо ҳамсаратон гап зада муҳокима кунед, ки дар зоҳир кардани муҳаббат аз кадом ҷиҳат беҳтар шуда метавонед. Сипас кӯшиш намоед, ки ниёзи ҳамсаратонро қонеъ намоед. Фаромӯш накунед, ки нишон додани меҳру муҳаббат барои мустаҳкам шудани издивоҷ хеле муҳим аст. Чунки «муҳаббат... фоидаи худро намеҷӯяд».
Маслиҳат: Ба ҷойи талаб кардани меҳру муҳаббат ба худ савол диҳед: «Ман чӣ кор карда метавонам, то ҳамсарам маро бештар дӯст дорад?»
«Бо гузашти вақт ёд мегиред, ки фақат дар бораи хоҳишу ниёзҳои худ фикр накунед. Ба ҷойи ин бештар миннатдор буданатонро барои корҳое, ки шавҳаратон нисбати оилаатон мекунад, нишон додан гиред ва пай баред, ки ҳар қадаре ки шумо меҳру муҳаббатро нисбати шавҳаратон нишон медиҳед, ӯ ҳамон қадар бештар шуморо дӯст медорад.
Матлуба, кӯшиш кунед, ки хоҳишҳои якдигарро фаромӯш накунед. Масалан, вақте ба шавҳаратон барои корҳои кардааш раҳмат мегӯед, ин ба ӯ маъқул аст. Ҳамин тавр шавҳаратон мефаҳмад, ки шумо нисбати ӯ бепарво нестед. Ба шумо албатта маъқул аст, вақте ки ӯ дар бораи ҳиссиётатон мепурсад. Он гоҳ шумо ҳис мекунед, ки ӯ шуморо дӯст медорад.
Саломату хушбахт бошед.