Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди равоншиносӣ

Фарзандамон дар хона бекор нишаста мегӯяд:«Ман зиқ шудам!». Пеш аз гуфтани он ки телевизор мон ё бо бозии компютерӣ машғул шав. Дар ин ҳолат чӣ кор кунем, ки фарзандамон бо чизе банд бошаду- "зиқ шудам" нагӯяд.

Волидони мӯҳтарам.
Намуди вақтхушӣ ва зиёд будани онҳо метавонад вазъиятро аз будаш бадтар кунад. Барои баъзе кӯдакон ҳаёти ҳаррӯза назар ба тамошои телевизор ва бозиҳои компютерӣ дилгиркунанда метобад ва корҳои одӣ барои онҳо шавқовар нестанд.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бисёртар вақт гузарондан таъсири манфӣ расонда метавонад. Вақте наврасон мебинанд, ки дӯстонашон чӣ хел вақт гузаронда истодаанд, ҳаёти худашон хушку холӣ метобад. Хоҳу нохоҳ онҳо фикр мекунанд “Ҳама дар гирду атроф хурсандӣ мекунанд, ман бошам дар хона танҳо нишаста аз зиқӣ мекафам”.
Ғайр аз ин, шабакаҳои иҷтимоӣ пеши роҳи зиқии шахсро гирифта наметавонад. Соатҳое, ки ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузаронад, сарфи беҳудаи вақт мегардад. Соатҳои зиёдро сарф мекунанд, монда мешаванд, вале ҳамааш бефоида.
Волидон, зиқӣ имконияти хуб дода метавонад, чунки  ба кӯдакон имконият медиҳад, то қобилиятҳои худро ошкор кунанд. Қуттии одӣ ба мошини вақт, киштӣ, мошини тезрав ё киштии кайҳонӣ табдил меёбад ва кампале, ки дар рӯйи миз партофта шудааст, ба хайма.
Зиқӣ сабаб мегардад, ки чизе ихтироъ кунӣ. Аз ин бармеояд, ки он ҳамавақт бад буда наметавонад.
Хулоса. Вақте фарзандатон зиқ мешавад, ба ин чун ба мушкилӣ нигоҳ накунед, баръакс, инро ҳамчун имконият ба кор бурда қобилияти онҳоро инкишоф диҳед.
Вақте фарзандатон зиқ аст, шумо чӣ кор карда метавонед
Агар имконият бошад, фарзандатонро барои бозӣ ба берун фиристед. Аҷоиб, ки нури офтоб ва ҳавои тоза зиқиро тез аз байн мебарад. Ҳамин ки кӯдаконатон барои бозӣ ба кӯча мебароянд, тасаввуроташон ба кор медарояд ва онҳо ҳар хел бозиҳо фикр карда мебароранду худашонро бо он банд мекунанд.
«Барои ҳар чиз замоне ҳаст... вақте барои хандидан... ва вақте барои рақсидан».
Дар ин бора фикр кунед. Шумо чӣ кор карда метавонед, то ки фарзандонатон бисёртар дар ҳавои тоза бошанд? Агар имконияти дар берун бозӣ кардан набошад, кадом супоришҳои шавқоварро шумо дар хона барои онҳо ташкил дода метавонед?
Ба фарзандатон ёд диҳед, ки дар бораи дигарон фикр кунад. Фарзандонатон метавонанд, алафи боғи пиронсолонро дараванд, баргҳояшро ҷамъ кунанд, барои онҳо ягон чизи бомазза пазанд ё даромада онҳоро хабар гиранд. Барои дигарон ин корҳои хурдро кардан хурсандии зиёд меорад.
«Ҷони сахӣ пурфайз мешавад, ва касе ки сероб кунад, худаш низ сероб мегардад».
Дар ин бора фикр кунед. Чӣ тавр ба фарзандатон ёрдам дода метавонед, то аз кӯмак ба дигарон хурсандӣ гирад?
Барои фарзандатон намуна бошед. Фаромӯш накунед, ки чизе ки шумо дар бораи корҳои ҳаррӯзаатон мегӯед, ба фарзандатон таъсир мерасонад. Агар мо доимо аз ҳаёт шикоят кунем, фарзандонамон низ ҳамин хел мекунанд. Лекин агар ба ҳама чиз дуруст нигоҳ карда, корҳои ҳаррӯзаамонро бо хурсандӣ иҷро кунем, фарзандонамон низ инро ёд мегиранд.
  «Дилхушро ҳамеша базм аст».
Дар ин бора фикр кунед. Шумо дар бораи корҳои ҳаррӯзаатон чӣ мегӯед? Вақте шумо зиқ мешавед, чӣ кор мекунед?
Маслиҳат. Ба кӯдакатон кӯмак кунед, ки тасаввуроташро ба кор бурда корҳои шавқовареро, ки бо он машғул шудан мехоҳад, рӯйхат кунад. Дар баъзе оилаҳо қуттие ҳаст, ки ҳама фикру пешниҳодҳои худро навишта ба он партофта метавонад.
Ин имконияти хубро аз даст надиҳед!
Вақте кӯдакатон шикоят карда мегӯяд, ки ӯ зиқ аст, даррав ба дасташ телефонро надиҳед ё нагӯед, ки телевизор тамошо кунад, то ки бо ин корҳо банд шуда, ба шумо халал нарасонад. “Ман зиқ шудам” гуфтани кӯдак маънои онро дорад, ки ӯ мехоҳад бо падару модараш вақт гузаронад. Ин имконияти хубро аз даст надиҳед!
Волидони мӯҳтарам, биёед як бор такрор кунем: чӣ тавр ба фарзандамон ёрдам кунем, ки зиқ нашавад?
Агар имконият бошад, фарзандатонро барои бозӣ ба берун фиристед. Дар ҳавои тоза тасаввуроти кӯдакон ба кор медарояд ва онҳо ҳар хел бозиҳо фикр карда мебароранду бо он банд мешаванд.
Ба фарзандатон ёд диҳед, ки дар бораи дигарон фикр кунад. Вақте ба дигарон ёрдам мекунӣ, ин хурсандии зиёд меорад ва аз зиқӣ ному нишоне намемонад.
Барои фарзандатон намуна бошед. Агар шумо нисбати корҳои ҳаррӯзаатон назари дуруст дошта бошед ва аз ҳаёт хурсандӣ гиред, эҳтимоли зиёд аст, ки фарзандатон низ инро ёд мегирад.

Саломат бошед.


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.