Салом Нозим.
Имрӯз бисёр одамон аз бемории равонӣ азоб мекашанд, ё дӯст ва хешу таборашон ба ин беморӣ гирифтор шудаанд.
Мо дар «замонҳои сахт» зиндагӣ дорем, ки сабаби бемориҳои гуногуни равонӣ мешаванд ва ин ба саломатии рӯҳиву равонии одам бетаъсир намемонад.
Албатта, донистани он ки чӣ қадар одамон аз ҳисси хавотирӣ ва депрессия азоб мекашанд, муҳим аст. Вале фаҳмидани ҳиссиёти худ ва наздиконамон аз ин ҳам муҳимтар мебошад.
Саломатии равонӣ чист?
Одаме, ки аз ҷиҳати рӯҳиву равонӣ солиму бардам аст, корҳои ҳаррӯзаро бо майлу хоҳиши зиёд иҷро менамояд. Ӯ аз уҳдаи вазифаҳои ҳаррӯзааш хуб мебарояд, ба ҳар гуна фишор тоб меорад ва аз ҳаёт хурсандӣ мегирад.
Бемории равонӣ...натиҷаи сустиҳои шахс нест. Бемориест, ки одамро парешонҳол месозад ва ба тарзи фикрронӣ, рафтор ва ҳолати равонияш таъсири манфӣ мерасонад.
Бемории равонӣ бисёр вақт ба шахс халал мерасонад, ки бо одамони гирду атроф муносибати нағз дошта бошад ва ҳаёти муқаррариро ба сар барад.
Метавонад дар ҳар инсон, новобаста ба синну сол, маданият, миллату нажод, дин, маълумотнокӣ ва сатҳи даромад пайдо шавад.
Баъзан феълу атвори шахс ногаҳон дигар шуда метавонад. Ӯ аз ҳад бисёр хоб меравад ё бехобӣ мекашад, аз пештара бисёртар ё камтар хӯрок мехӯрад ва ё ташвишу хавотирӣ ҳис карда рӯҳафтода мешавад.
Нозим, агар шумо дар худ ва наздикатон чунин нишонаҳоро пай баред, ба духтур муроҷиат кунед, то ки ӯ сабаби ин дигаргуниҳоро фаҳмида, муолиҷа кунад.
Табобати тиббӣ ва доруҳои лозима барои камтар кардани нишонаҳои беморӣ ва аз ҳаёт хурсандӣ гирифтан ёрдам мекунанд. Агар нишонаҳои беморӣ ҷиддӣ ва тӯлонӣ бошанд, аз рӯйи хирад мебуд, ки чунин нафарон табобатро ба қафо напартоянд.
Саломат бошед.