Салом Баҳодур.
Дар маданияти баъзе халқҳо ошкоро зоҳир кардани эҳсосот ҷоиз аст,—одамон шодиву маҳзунии худро аз дигарон пӯшида намедоранд. Дар минтақаҳои дигари дунё бошад одамон, хусусан мардҳо тарбият гирифтаанд, ки эҳсосоти худро пӯшида доранд.
Дар қадим намунаҳои шахсони зиёдест, ки ғаму андӯҳи худро ошкоро зоҳир менамуданд. Онҳо инсонҳои пурэҳсос буданд. Чандин борҳо волидон орзу карданд, ки кош ба ҷои фарзандашон мемурданд. Охир то чӣ андоза ғайритабиист пеш аз волидон мурдани фарзанд!
Равоншиносон дар ин бора чӣ маслиҳат медиҳанд? Ин мутахассисон тавсия медиҳанд, ки ғаму андӯҳро изҳор бояд кард, на ин ки даруни худ фурӯ нишонд. Албатта, ғаму андӯҳ дар маданиятҳои ҳархела бо роҳҳои гуногун изҳор мегардад.
Баҳодур, гиря кардан як ҷузъи табиати одамист. Ғаму андӯҳ ва гиря ҳангоми марги шахси наздик аксуламали комилан табиист.
Агар шахс гиря кунад, эҳсоси талхӣ каме паст мешавад. Гиря кардани онҳое, ки касеро аз даст додаанд, монеъ набояд шавад. Ҳарчанд ки ба атрофиён “гиря накун” гуфтан осон аст, дар ин вазъ чунин суханҳо бефоидаанд.
Шояд ба назари баъзеҳо чунин тобад, аммо онҳое ки ин гуна мусибатро аз сар гузарондаанд, нақл мекунанд, ки ғаму ғуссаашон аз мурдани кӯдак ҳамон гунае буд, ки дар ҳоли аз даст додани шахси зиндагидида мекарданд. Онҳо мегӯянд, ки кӯдак ҳанӯз хеле пеш аз тавлидаш барои падару модараш азизу маҳбуб аст. Ин як пайванди махсусе байни модару кӯдак мебошад. Барои модар марги кӯдак—марги як шахсияти нотакрор аст. Ва ин аст чизе, ки атрофиён бояд бифаҳманд.
Касоне ҳастанд, ки дар марги шахси наздики фавтида худро гунаҳкор мекунанд. “Вай намемурд,— худро итминон медиҳанд онҳо,— фақат агар ӯро тезтар ба назди духтур мебурдам” ё “агар маҷбураш мекардам, ки назди духтури дигар равад”, ё “...агар ӯро водор мекардам, ки ба саломатиаш бештар аҳамият бидиҳад”.
Гум кардани фарзанд фоҷиаи мудҳишест, ки захми амиқ мегузорад. Ҳамдардиву дилсӯзӣ волидонро дастгирӣ хоҳад кард.
Албатта, таври азсаргузаронии ғаму андӯҳи ҳар як инсон фарқ мекунад. Мо намехоҳем бигӯем, ки як тарзи он аз тарзи дигар барои ҳар як инсон беҳтар аст. Вале агар беҳбудие дар аҳволи шахси доғдида ба назар нарасад ва ӯ ба ҳолати нави зиндагӣ одат накунад, воқеият хавфнок аст. Дар ин вақт шояд кӯмаки дӯстони дилсӯз лозим ояд. «Дӯст ҳар вақт дӯст медорад ва бародар барои рӯзи сахт таваллуд мешавад». Аз ин рӯ, аз ҷустуҷӯи кӯмак, аз сӯҳбат ё гиря кардан натарсед.
Саломат бошед.