Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди равоншиносӣ

Салом. Чӣ тавр занҷири нафратро кандан мумкин, то ки қасд нагирам? Чунки медонам, ки оқибати бад дорад. Лекин чӣ хел бо ин мубориза барам?

Ба ҳеҷ кас дар ивази бадӣ бадӣ накунед... Ба қадри имкон, то ҷое ки аз дастатон меояд, бо ҳамаи одамон муросо кунед... қасд нагиред"... чунки чунин навишта шудааст. Албатта, вақте касе моро меранҷонад, ба ғазаб омадан як чизи табиӣ аст. Бо вуҷуди ин ҳаракат кунем, то ба он шахс зарар нарасонем. Беҳтараш шубҳа накунем, ки як рӯз не, як рӯз адолат барқарор мешавад. Шумо чӣ кор карда метавонед? Вақте одами нокомил қасд мегирад, ба оташи нафрату кароҳаташ равған мерезад. Аз ин рӯ, агар ягон кас шуморо хафа карда бошад, дар ҷавоб ӯро хафа накунед. Баръакс, оромӣ ва худдориро нигоҳ доред. Дар баъзе мавридҳо оиди кори шудагӣ фаромӯш кардан беҳтар аст. Аммо воқеаҳое мешаванд, ки дар бораашон ҳатман гуфтан лозим. Масалан, агар шуморо ғорат кунанд, шояд дар ин бора ба полис ё дигар кормандони дахлдор хабар диҳед. Қасдгирӣ ба худи шахс зарар меорад. Вале агар ба назаратон мушкилиро оромона ҳал кардан номумкин тобад-чӣ? Ё фарз кардем барои оромона ҳал кардани мушкилие шумо ҳар кори аз дастатон меомадаро кардед. Чи хеле набошад, қасд нагиред, охир ин вазъиятро аз будаш бадтар мекунад. Ба ҷойи ин занҷири нафратро канед ва аз ақли худ дур кунед.

Барои ҳамин танҳо суханони нешдор нагуфтан ё рафтори бад надоштан кифоя нест. Мо бояд фаромӯш накунем, ки нафрат аввал дар ақлу дили инсон пайдо мешавад. Бинобар ин, ҳамин ки заррае ҳисси нафратро дар худ пай бурдем, бояд дарҳол онро решакан кунем. Танҳо дар ин сурат мо дигаргун шуда занҷири нафратро канда метавонем. Шумо чӣ кор карда метавонед?
Маҳмадсаид, бодиққат дар бораи фикр ва ҳиссиётатон нисбати дигарон андеша ронед, махсусан нисбати онҳое, ки нажод ё миллаташон дигар аст. Аз худ пурсед: «Ман дар бораи онҳо чӣ ақида дорам? Оё ақидаи ман дар асоси донишест, ки шахсан дар бораи онҳо дорам ё ман рӯйбинӣ мекунам?» Барои ҳамин дар интернет маълумотеро, ки ҳисси нафратро бармеангезад, тамошо накунед ва нахонед. Ҳаракат кунем,  то нафратро аз ақлу диламон берун кунем.
Саломат бошед.


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.