Салом Сабоҷон.
Бузургон фармуданд: «Ин суханон, ки ман имрӯз ба ту амр мефармоям, бигзор бар дили ту бошад ва онҳоро ба писарону духтаронат талқин бикун». Вақте ки оила бунёд шуд, волидон бар фарзандон ӯҳдадор шуданд. Шумо чун волид вазифадоред, ки фарзандатонро таълим диҳед, то оиларо дӯст дорад ва чун шахси масъулиятнок ба воя расад. Шумо ҳамчунин бояд дили писар ё духтаратонро фаҳмед. Албатта дар ин кор намунаи шахсии шумо хеле муҳим аст. Шумо ҳамон вақт ба фарзандатон принсипҳои ҳаётро хуб таълим дода метавонед, агар аввал онро дар дили худ ҷо кунед.
1. Тавре кунед, ки фарзандонатон озодона гап зананд. «Дар шунидан бошитоб, дар гуфтан ва хашм оҳиста бошед». Шумо мехоҳед, ки фарзандонатон ҳангоми бо шумо сӯҳбат кардан, худро озод ҳис кунанд. Фарзандон бояд донанд, ки вақте онҳо гап задан мехоҳанд, шумо барои гӯш карданашон тайёред. Муҳити орому осоиштаро фароҳам оваред, то онҳо фикрашонро озодона баён карда тавонанд. Агар фарзандонатон фикр кунанд, ки шумо сахтгирона ва танқидомез рафтор мекунед, онҳо шояд бо шумо кушоду равшан сӯҳбат карда натавонанд. Аз ин рӯ, бо фарзандонатон пурсабр бошед ва онҳоро зуд-зуд ба муҳаббати худ бовар кунонед. Чунин карда метавонед: Вақте ки фарзандонатон бо шумо гап задан мехоҳанд, дастрас бошед. Бо онҳо на танҳо дар вақти душворӣ, балки ҳамеша сӯҳбат кунед.
2. Фаҳмед, ки онҳо аслан чиро дар назар доранд. Баъзан ба шумо лозим меояд, ки барои фаҳмидани ҳиссиётҳои аслии фарзандонатон, дар паси суханонашон чӣ истоданашро аҳамият диҳед. Одатан барои ҷавонон аз пашша фил сохтан ё гуфтани он суханоне, ки онҳо дар асл гуфтанӣ набуданд, хос аст. Аз суханони онҳо зуд ба қаҳр наоед.
Чунин карда метавонед: Нигоҳ накарда ба он ки фарзандонатон чӣ мегӯянд, суханашонро набуред ё сахт ба дил наздик нагиред. Ба хотир оред, ки худи шумо дар синну соли онҳо чӣ гуна ҳиссиёт доштед ва чӣ ба назари шумо муҳим буд.
3. Якдигарро дастгирӣ кунед. Донишмандон фармудаанд: "Эй писарам! Насиҳати падари худро бишнав, ва таълими модари худро рад накун". Ҳам падар ва ҳам модар ҳуқуқи ба фарзандон сардорӣ карданро доранд. Шумо бояд фарзандонатонро таълим диҳед, ки иззататонро ба ҷо оранд ва ба шумо итоат кунанд. Агар волидон «дар як фикр муттаҳид» набошанд, фарзандон инро ҳис карда метавонанд. Аз ин рӯ агар шумо бо суханони ҳамсаратон норозӣ бошед, ҳаракат кунед, ки дар назди кӯдакон инро баён накунед, зеро чунин шуданаш мумкин аст, ки онҳо ҳурматашонро нисбати шумо гум хоҳанд кард. Чунин карда метавонед: Муҳокима карда ба як хулоса оед, ки чӣ тавр фарзандатонро тарбия хоҳед кард. Агар дар мавриди таълиму тарбияи фарзандон фикрҳои шумо гуногун бошад, кӯшиш кунед, ки фикри ҳамсаратонро ба назар гиред.
4. Нақша тартиб диҳед: «Бачаро бо роҳе ки ба ӯ мувофиқ аст, тарбият намо». Тарбияи бомуваффақияти фарзандонатон худ ба худ ба даст намеояд. Шумо бояд нақшае кашед, ки таълиму тарбияро дар бар гирад. Таълиму тарбия танҳо маънои ҷазо доданро надорад, балки маънои онро дорад, ки ба фарзандонатон кӯмак кунед, то онҳо сабабҳои гузошта шудани қоидаҳоро фаҳманд. Ин ба онҳо ёрӣ медиҳад, ки виҷдони солимро инкишоф диҳанд.
Чунин карда метавонед: Ба фарзандонатон кӯмак расонед, то онҳо хатарҳои ахлоқиеро, ки масалан, дар интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ вомехӯранд, муайян карда, аз онҳо дурӣ ҷӯянд. Ба онҳо чӣ тавр аз таҷовузкорон дурӣ ҷустанро омӯзонед. Барои ин бисёр заҳмат кашидан лозим аст, лекин шумо боварӣ дошта метавонед, ки кӯшишу ғайрати шуморо Худо баракат хоҳад дод ва ба шумо хурсандии бузург хоҳад овард.
Сабоҷон, аз худ бипурсед...Чӣ тавр ман боварӣ дошта метавонам, ки фарзандам ба ман дар бораи ҳама чиз гап мезанад? Ман оиди тарбияи фарзанд аз дигар волидон чӣ омӯхта метавонам?
Бо эҳтироми самимона, Ризвона.