Сардухтури санитарии Иёлоти Муттаҳида, 23-юми майи соли 2023, ҷомеаро дар бораи таъсири баде, ки шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷавонон мерасонанд, огоҳ кард.«Барои баъзе кӯдакону наврасон навору мусиқиҳое, ки дар интернет гузошта мешаванд, шояд таъсири хуб дошта бошанд. Лекин ҳамзамон далелҳои зиёде исбот мекунанд, ки ин чизҳо ба саломатии равонӣ ва беҳбудии кӯдакону наврасон зарари ҷиддӣ мерасонанд».
Сардухтур ба ташхисҳое ишора кард, ки мувофиқи он барои хавотир шудан сабаби ҷиддӣ вуҷуд дорад. Наврасони аз 12 то 15 солае, ки «дар як рӯз, аз се соат зиёд вақташонро ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва месенҷерҳоро сарф мекунанд, 2 баробар зиёд бо душвориҳои равонӣ (психикӣ), аз ҷумла бо нишонаҳои депрессия ва ҳисси ташвишу хавотирӣ дучор мегарданд». Мувофиқи райпурсӣ, ки дар байни наврасони 14-сола гузаронида шуд, «чи қадаре ки бисёртар наврас аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва месенҷерҳо истифода барад, ҳамон қадар бештар ӯ метавонад аз бехобӣ азоб кашад. Ҳамчунин касе метавонад онлайн ӯро ба бадахлоқӣ тела диҳад ё ин ки ӯ аз афту андомаш норозӣ шуда, худашро ноӯҳдабаро ҳис карданаш мумкин. Ғайр аз ин, ӯ метавонад бо нишонаҳои афсурдаҳолӣ дучор шавад, ки аз ин бештар духтарон азоб мекашанд.Чӣ тавр волидон фарзанди худро аз чунин хатар ҳимоя карда метавонанд? Дар поён якчанд маслиҳат оварда шудааст. Волидон чӣ кор карда метавонанд? Аз вазъият хабардор бошед. Вазъиятро дар тарозуи ақл бар кашед ва хулоса кунед, ки оё ба фарзандатон аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода бурдан лозим аст ё не. Агар шумо ба фарзандатон истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро иҷозат диҳед, пас, фаромӯш накунед, ки он чӣ гуна хатарҳо дорад ва назорат карда истед, ки фарзандатон чӣ тавр аз он истифода мебарад. Инро чӣ тавр кардан мумкин аст?Фарзандатонро аз маводи зараровар муҳофизат кунед. Ба ӯ фаҳмонед, ки кадом маълумот зараровар аст ва бояд худро аз он дур гирифт. Маҳдудият гузоред. Масалан, ба фарзандатон гӯед, ки кай ва чӣ қадар ӯ метавонад аз шабакаи иҷтимоӣ истифода барад.
Гулнораҷон, бодиққат бошед... чун хирадмандон рафтор кунед. Бо ёрии аниматсияи фломастерии «Шабакаҳои иҷтимоӣ. Калларо кор фармо» ба фарзандатон фаҳмонед, кӣ чаро дар истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ маҳдудият гузоштан муҳим аст.
Бо эҳтиром Ризвона.