Салом Мадина.
Узри зиёд, ки ба саволатон зуд ҷавоб надодам.
Шумо мисли дигар волидон оиди кӯдакатон дар ташвиш ҳастед.
Падару модар вазифадоранд то фарзандони худро таълиму тарбия намоянд. Яъне ба фарзандатон дуруст рафтор карданро ёд диҳед ва барои ин худатон намуна бошед. Вақте фарзанд хато мекунад, волиди бохирад сари қаҳр ӯро ҷазо намедиҳад. Шумо ин тавр амал намуда нишон медиҳед, ки «дар шунидан бошитоб, вале дар гуфтан ва дар хашм оҳиста» мебошед. Агар волид фарзандашро ҷазо доданӣ шавад, ӯ набояд ин корро барои хунук кардани дилаш кунад, балки аз рӯи дӯстдориаш. Баъзан кӯдакро барои ислоҳ кардани рафтори нодурусташ ҷазо медиҳанд, ки ин ҳам тарбия аст. Вале мақсади асосии тарбия ин аст, ки кӯдак чӣ хубу чи бад буданашро фаҳмад ва дуруст рафтор карданро ёд гирад.
Бояд гуфт, ки солҳои охир бисёр волидон фарзандонашонро таълим ва ҷазо намедиҳанд, барои ислоҳ шуданашон онҳоро сарзаниш намекунанд. Зеро метарсанд, ки дар натиҷа кӯдаконашон худро паст ҳис карда, бовариро ба худ гум мекунанд ва худбаҳодиҳии онҳо зарар мебинад. Лекин волидони бохирад дар оила қоидаҳои муайян ҷорӣ мекунанд ва ба фарзандонашон риояи онҳоро ёд медиҳанд. Барои чун одами хуб ба воя расидан кӯдакон бояд аниқ донанд, ки чӣ мумкин асту чӣ не. Агар кӯдакро ислоҳ ва тарбия накунем, вай ба қаиқи бе руле монанд мегардад, ки оқибат роҳгум мезанад ё ҳатто ғарқ мешавад.
Мадинаҷон, ба гапи худ истед. Агар кӯдакатон ба қоидаҳои шумо итоат накунад, ҷазо диҳед. Лекин вақте ӯ ба гапатон гӯш дода боодобона рафтор мекунад, ҳатман ӯро таъриф кунед. Таъриф кӯмак мекунад, ки вақте ӯро барои ягон хатогиаш ислоҳ мекунед, онро ба осонӣ қабул кунад. Чунин ривоят аст: «Он чӣ одам мекорад, ҳамонро дарав хоҳад кард».
Инчунин бомулоҳиза бошед. Вақте кӯдакро ҷазо доданӣ мешавед, синну сол, қобилият ва то чӣ андоза ҷиддӣ будани хатояшро ба назар гиред. Тарзи ҷазо бояд бо хатогии кӯдак алоқаманд бошад. Масалан, агар вай бо телефон аз меъёр зиёд бозӣ кунад, муваққатан телефонро аз ӯ гиред. Чунки он вақт вай хатогиашро дарк карда дигар такрор намекунад. Ҳамчунин фарзандатонро ҳеҷ вақт танҳо барои нағмаю қилиқҳои кӯдаконааш асабонӣ шуда назанед. Агар кӯдак ягон одати баде пайдо кардаасту он хатояшро такрор ба такрор кунад, барои ислоҳ шуданаш ӯро ҷазо додан лозим аст. Лекин агар кӯдак нохост кори нодурусте кунад, инро ба вай фаҳмондан кифоя аст.
Мадинаҷон, боз як принсипе ҳаст: «Фарзандони худро ба хашм наоред, то онҳо рӯҳафтода нашаванд». Яъне бо муҳаббат тарбия кунед. Вақте кӯдакон медонанд, ки волидонашон аз муҳаббат онҳоро ислоҳ кардан мехоҳанд, қабул кардани ҷазо барояшон осон мегардад. Вақте фарзанд ба ягон хатогӣ роҳ диҳад, ӯро боварӣ бахшед, ки дӯсташ медоред ва барои қарорҳои хуби пешинааш аз ӯ фахр мекунед. Ба ӯ фаҳмонед, ки агар вай камбудиашро ислоҳ кунад, хатои кардааш обрӯи ӯро намерезонад. Ва ӯро боварӣ бахшед, ки ҳама вақт ба ёрдами ӯ тайёред, чунки муҳаббат пуртоқат ва меҳрубон аст.
Хирадмандон фармудаанд: «Кӯдакро дар роҳи рост таълим деҳ, пир шавад ҳам, аз он дур намешавад».
Барои маълумоти пурра ё саволҳои иловагӣ метавонед ба WhatsApp и ман 935039886, ё почтаи электронӣ [email protected] нависед.
Бо эҳтиром Ризвона.