Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди равоншиносӣ

Салом. Чанд сол аст, ки бо шавҳарам муносибати хуб надораму, зери хушунати равонӣ қарор дорам. Доим ман қатӣ ман муомилаи хуб надорад, худи шахсони бегонаем. Фақат мегуяд ки афти диданат надорам. Оё вазъиятамро дигар карда метавонам, ягон умед ҳаст????

Салом Майсара.
Муносибатҳои шахсӣ бисёр вақт аз худи шахс вобастагӣ дорад. Айбҷӯ набошем ва фикр накунем, ки айб танҳо дар дигарон аст. Агар дидед, ки дар оила зиддият шуд, яъне ин маънои онро дорад, ки айб дар ду тараф аст. Худатон вазъиятро таҳлил кунед, шояд айби худро ёбед. Аз худи одам вобастагӣ дорад, ки муносибатҳои ҳамдигарро дуруст кунад. Он зане, ки ба шавҳараш маъқул аст, дорои чӣ гуна хислатҳо бошад? Бояд бо ҳамсаратон сӯҳбати як ба яки оромона бурда, пурсед: "Кадом хислатҳоро дар зани худ мехоҳӣ бинӣ?" Майсараҷон, бояд инро як чизи зарурӣ биҳисобед, ё барои худатон дар ягон ҷо қайд кунед. Ва ҳаракат кунед, то ки чунин хислатҳоро дар бар кунед.
Майсараҷон, баъд бояд боз хислати бахшидан, ё гузашт карданро дошта бошем. Ҳаракат кунед, ки камбудиҳоро рӯпӯш кунед, ҳамааш ба хотири мустаҳкам намудани оила ва нигоҳ доштани муносибатҳои хуб дар он. Розӣ шавед, ки чӣ гуна мо дар оила бо ҳамсарамон рафтору муомила мекунем, ҳамин қадар ба фарзандонамон таъсир мерасонад. Онҳо ҳам дар навбати худ бо ҳамсарашон чунин рафтор мекунанд. Ҳеҷ гоҳ умедатонро наканед. Оилаи хушбахтро метавонед барпо кунед.

Бо эҳтиром, Ризвона.


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.