Ассалом Анвар.
ППТ- ин пешгирии пеш аз тамос.
ППТ ин истифодаи доруҳои зиддиретровирусӣ (ЗРВ) пеш аз ба вуҷуд омадани вазъияти хатари ВНМО (алоқаи ҷинсии муҳофизатнашуда ё истеъмоли маводи нашъадор) барои пешгирии сирояти ВНМО мебошад. ППТ ин қабули доруҳои ЗРВ бо мақсади пешгирӣ то даме, ки хатари гирифтор шудан ба ВНМО вуҷуд дорад, пешбинӣ мекунад. ППТ як усули дигари пешгирии ВНМО ба ғайр аз истифодаи рифола ва равғани молиданӣ, маслиҳат оид ба тағйир додани рафтор, пешгирии пас аз дучоршавӣ ва табобати сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда мебошад. Самаранокии ППТ бевосита аз дурустӣ ва мувофиқати дору вобаста аст. Доруҳои зиддиретровирусӣ барои ППТ дар Маркази ВМНО ройгон дода мешаванд.
Бо эҳтиром Ризвона.