Салом Маҳмуд.
Пеш аз ҳама доруҳои зиддиретровирусӣ барои пахш намудани вирус равона шуда истодааст. Агар вирус маҳкам бошаду номуайян гардад, пас сатҳи ҳуҷайраҳои иммунии шахс баланд мешавад. Қабул накардани доруҳо 2-3 рӯз пай дар пай дар баъзе мавридҳо мумкин аст, ки барои зиёд гардидани сатҳи сарбории вирусӣ то ҳадди муайяншаванда оварда расонад. Дар ин ҳолат шахс метавонад гирифтори боз бемориҳои иловагӣ гардад. Барои ҳамин, доруҳоро сари вақт бояд истеъмол намуд.
Маҳмуд, ғайр аз он, агар фосилаҳои қабул накардани доруҳо мунтазам бошанд, вирус метавонад ба доруҳо устувор шавад ва реҷаи табобат кору самаранокиашро қатъ мекунад. Духтур бояд реҷаи шуморо тағйир диҳад ва доруҳои навро интихоб намояд.
Доруҳои зиддиретровирусӣ ВНМО-ро пурра нест карда наметавонад, аз ин сабаб доруҳоро ҳар рӯз, доимо, дар як вақти муайян истеъмол намудан лозим аст. Ҳангоми вайрон намудани реҷаи истеъмоли доруҳо муолиҷа бесамар мегардад ва муқовиматпазирӣ, яъне устуворӣ нисбати доруҳо инкишоф меёбад.
Бо эҳтиром, Ризвона.