Ассалом Сабо.
Ҳар сол миллионҳо нафарро таҷовуз ва ё зӯроварии ҷинсӣ мекунанд. Бештар ҷавонон қурбони ин гуна корҳо мешаванд.
Агар шумо мебудед, чӣ кор мекардед?
Истед ва фикр кунед.
Вақте шаб дар берун мегардед, бо шумо ягон фалокат рӯй доданаш мумкин аст, ҳатто агар шумо ба ин гуна хатарҳо тайёр бошед. Вақти номусоид ва нокомӣ ба ҳама... рӯй хоҳад дод.
Ба баъзе ҷавонон бегонагон ҳамла меоранд. Ба дигарон бошад, наздикон ё хешу табор.
Айби шахс нест. Баъзан шахс фикр мекунад, ки бояд як илоҷ карда халос мешудам, набояд ин қадар сода мешудам. Падару модар фақат мегӯянд, ки дар берун бо хоҳарам якҷоя бозӣ кунам, аммо сад афсус, ки ба гапи онҳо гӯш надодам. Ин ҳодиса ба оилаамон чӣ тавр таъсир мекарда бошад. Ин воқеа ба сари оилаамон бадбахтӣ овард. Шахс худро барои ин айбдор ҳис мекунад ва то ҳол бо ин ҳиссиёт мубориза мебарад. Асосаш ин хоҳиши вай набуд. Баъзе одамон фикр мекунанд, ки худи шахс айбдор аст, ки таҷовуз шудааст. Аммо ҳеҷ кас намехоҳад, ки ӯро таҷовуз кунанд. Агар шумо ҳам қурбони ҳамин хел рафтори ваҳшиёна шуда бошед, дар ин ҷо айби шумо нест.
Албатта, «айби ту нест» гуфтан осон аст, аммо ба ин бовар кардан душвортар аст. Баъзеҳо он ҳодисаи нохушро фаромӯш карда наметавонанд ва худро гунаҳкор ҳис мекунанд. Аз ин сабаб бисёр азоб мекашанд. Хап шиштани шахс на ба фоидаи ӯ, балки ба фоидаи ҷинояткор аст.
Ба шахсе, ки ба ӯ бовар мекунем, диламонро холӣ кунем. Ин ёрдам мекунад, ки ба воқеаи рӯйдода тан диҳем ва аз банди ғам озод шавем.
Бори дарду аламро танҳо набардоред. Аз дигарон ёрдам пурсед ва дилатонро ба ягон кас холӣ кунед.
Ин ёрдам мекунад, ки қаҳру ғазабро аз дил берун кунед ва бори аламатонро танҳо набардоред.
Дар бораи саломатиатон ғамхорӣ кунед ва кӯшиш кунед, ки бисёр ғам нахӯред. Дамгириро фаромӯш накунед ва аз ҳама муҳимаш ба Худо, ки сарчашмаи оромию тасаллист, такя кунед.
Сабо, агар синну солатон барои вохӯрӣ расида бошад.
Агар шуморо ба рафтори нопок тела доданӣ шаванд, бо боварӣ «Ба ман даст нарасон!» ё «Дур шав аз ман!» гуфта метавонед. Натарсед, ки писаре, ки бо ӯ вомехӯред, аз шумо хафа мешавад ва шумо ӯро аз даст медиҳед. Агар ӯ баъд аз ин рафторатон шуморо партояд, пас, ӯ сазовори шумо нест. Шумо сазовори марди ҳақиқӣ ҳастед, ки шуморо ва фикру ақидаатонро ҳурмат кунад.
ТЕСТ
«Дар мактаби миёна бачаҳо аз пушти синабандам кашида, ҳар хел гапҳои бешармона мегуфтанд, ба монанди он ки, агар бо онҳо ҳамхоба шавам, чӣ хел хуб мешавад».
Рафтори он бачаҳо чӣ хел буд?
Шӯхӣ?
Ишқбозӣ?
Рафтори норавои шаҳвонӣ?
«Дар автобус як бача ба ман гапҳои бемаънӣ гуфта, маро ба оғӯш гирифтанӣ шуд. Ман дасташро тела дода, гуфтам, ки он сӯ равад. Ӯ ҳайрон-ҳайрон ба ман нигоҳ кард, гӯё ман ягон девона бошам».
Рафтори ин бачаро чӣ хел номидан мумкин?
Ишқбозӣ?
Рафтори норавои шаҳвонӣ?
Ҷавоби дуруст ба ҳамаи саволҳо варианти В аст.
Рафтори норавои шаҳвонӣ аз шӯхӣ ва ишқбозӣ чӣ фарқ дорад?
Шӯхӣ ва ишқбозӣ дутарафа аст. Лекин рафтори норавои шаҳвонӣ мисли ҳамла аст. Ба касе, ки ин корро мекунад, мегӯянд, ки бас кунад, ӯ бошад, бас намекунад.
Рафтори норавои шаҳвонӣ оқибати хеле бад дорад. Он метавонад ба таҷовуз оварда расонад.
Аз байни калонсолон ба кӣ дилатонро холӣ карда метавонед?
Бо эҳтиром, Ризвона.