Салом Фарзона.
Бемории равонӣ натиҷаи сустиҳои шахс нест. Бемориест, ки одамро парешонҳол месозад ва ба тарзи фикрронӣ, рафтор ва ҳолати равонияш таъсири манфӣ мерасонад. Бисёр вақт ба шахс халал мерасонад, ки бо одамони гирду атроф муносибати нағз дошта бошад ва ҳаёти муқаррариро ба сар барад. Метавонад дар ҳар инсон, новобаста ба синну сол, маданият, миллату нажод, дин, маълумотнокӣ ва сатҳи даромад пайдо шавад.
Баъзан феълу атвори шахс ногаҳон дигар шуда метавонад. Ӯ аз ҳад бисёр хоб меравад ё бехобӣ мекашад, аз пештара бисёртар ё камтар хӯрок мехӯрад ва ё ташвишу хавотирӣ ҳис карда рӯҳафтода мешавад. Агар шумо дар худ ва наздикатон чунин нишонаҳоро пай баред, ба духтур муроҷиат кунед, то ки ӯ сабаби ин дигаргуниҳоро фаҳмида, муолиҷа кунад. Табобати тиббӣ ва доруҳои лозима барои камтар кардани нишонаҳои беморӣ ва аз ҳаёт хурсандӣ гирифтан ёрдам мекунанд. Агар нишонаҳои беморӣ ҷиддӣ ва тӯлонӣ бошанд, аз рӯйи хирад мебуд, ки чунин нафарон табобатро ба қафо напартоянд.
Фарзона, дар бораи саломатии равониатон ғамхорӣ кунед. Ҳиссиёти манфӣ хурсандии моро гум мекунад. Аз ин сабаб, мо бояд дили рамзиамонро ҳимоя кунем.
Барои ҳамин бояд:
Хӯроки серғизо хӯред
Пайваста бо варзиш машғул шавед
Аз хоб сер кунед
Мунтазам чизҳои хубро омӯзиши шахсӣ гуза́ронед
Фикру эҳсосоти худро ошкоро рӯи қоғаз нависед ва ё ба шахси бовариноку дилпуратон гӯед.
Бо эҳтиром, Ризвона.