Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди равоншиносӣ

Салом. Мумкин пурсам оё фарзандамба иҷозат диҳам, ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода барад ё не? Пешакӣ миннатдорам.

Салом Завқибек.
Барои баъзе кӯдакону наврасон навору мусиқиҳое, ки дар интернет гузошта мешаванд, далелҳои зиёде исбот мекунанд, ки ин чизҳо ба саломатии равонӣ ва беҳбудии кӯдакону наврасон зарари ҷиддӣ мерасонанд. Ба ин ташхисҳое ишора кард, ки мувофиқи он барои хавотир шудан сабаби ҷиддӣ вуҷуд дорад. Наврасони аз 12 то 15 солае, ки дар як рӯз, аз се соат зиёд вақташонро ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва месенҷерҳоро сарф мекунанд, 2 баробар зиёд бо душвориҳои равонӣ (психикӣ), аз ҷумла бо нишонаҳои депрессия ва ҳисси ташвишу хавотирӣ дучор мегарданд. Онҳо аз бехобӣ азоб мекашанд. Ҳамчунин касе метавонад онлайн ӯро ба бадахлоқӣ тела диҳад ё ин ки ӯ аз афту андомаш норозӣ шуда, худашро ноӯҳдабаро ҳис карданаш мумкин. Ғайр аз ин, ӯ метавонад бо нишонаҳои афсурдаҳолӣ дучор шавад, ки аз ин бештар духтарон азоб мекашанд.
Чӣ тавр волидон фарзанди худро аз чунин хатар ҳимоя карда метавонанд? Волидон чӣ кор карда метавонанд?
Завқибек, аз вазъият хабардор бошед. Вазъиятро дар тарозуи ақл бар кашед ва хулоса кунед, ки оё ба фарзандатон аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода бурдан лозим аст ё не. Агар шумо ба фарзандатон истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро иҷозат диҳед, пас, фаромӯш накунед, ки он чӣ гуна хатарҳо дорад ва назорат карда истед, ки фарзандатон чӣ тавр аз он истифода мебарад. Инро чӣ тавр кардан мумкин аст?Фарзандатонро аз маводи зараровар муҳофизат кунед. Ба ӯ фаҳмонед, ки кадом маълумот зараровар аст ва бояд худро аз он дур гирифт. Ба ин ҷо мавзӯъҳои дар бораи зино, ҳар гуна нопокӣ ё чашмгушнагӣ, рафтори шармовар, беҳудагапӣ ва шӯхиҳои бемаънӣ ва ҳоказо дохил мешавад. Маҳдудият гузоред. Масалан, ба фарзандатон гӯед, ки кай ва чӣ қадар ӯ метавонад аз шабакаи иҷтимоӣ истифода барад. Бо ёрии аниматсияи фломастерии «Шабакаҳои иҷтимоӣ. Калларо кор фармо» ба фарзандатон фаҳмонед, кӣ чаро дар истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ маҳдудият гузоштан муҳим аст.

Бо эҳтиром, Ризвона.


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.