Салом Гуландом.
Шахсе ки бисептол мехурад, иммунитеташ паст мебошад. Аз рӯи Дастурамал оид ба табобат ва назорати диспансерии сирояти вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон агар шахс ташхиси CD4 шуморааш аз < 350 ҳуҷайра /мл паст бошад, пас бисептол таъин мекунанд, то дар шахси сироятёфта пневмонияи пневмосистӣ авҷ нагирад. Дар ҳолате ки агар ташхиси CD4 аз >350 ҳуҷайра/мл боло бошад, пас шахс дигар бисептол намехӯрад. Барои ҳамин шахс бояд табобати зиддиретровирусиро сари вақт истеъмол кунад.
Гуландом, агар фарзандатон ба табобати ТЗРВ (табобати зиддиретровирусӣ) пайравии хуб дошта бошад, самаранокии табобат дар ташхис дида мешавад. Шумо метавонед бо духтаратон ба Маркази мо биёед ва машварати муфассалро гиред.
Бо эҳтиром, Ризвона.