Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди равоншиносӣ

Ассалом муаллима. Мехостем фаҳмидан, ки оё фарзанди хешамон метавонад шавҳар кунад? Охир вай ВИЧ дорад. Аммабачааш духтарро дӯст доштааст. Аммо метарсад, чунки маълумот дар бораи СПИД надорад. Ба мо чӣ маслиҳат медодед?

Ассалом мӯҳтарам Саъдиев.
Ҳар шахс метавонад оила барпо кунад. Шахсе, ки ВНМО дорад, инчунин метавонад дар навбати худ шавҳар кунад, ё зан гирад.
ВНМО (ВИЧ) аз БПНМ (СПИД) фарқ дорад. ВНМО- вируси норасоии масунияти одам ин марҳилаи аввали сироятёбӣ мебошад. Шахсони ВНМО дошта метавонанд солҳои зиёд ҳамчун барангезанда бошанд. Агар бемор доруҳои зиддиретровирусиро дар вақту соати муқарраршуда хурад ва ташхиси Сарбории вирусиаш номуайян гардад, ба сатҳи бемории БПМН намегузорад. Да ин ҳолат метавонад оила барпо кунад ва ҳатто ҳамсари худро бо ВНМО гирифтор накунад.
Бо эҳтиром, Ризвона.


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.