Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди равоншиносӣ

Салом. Мехостам пурсам: бо ВИЧ танҳо гурӯҳҳои муайяни аҳолӣ сироят меёбанд, ё ин ки касе бо онҳо шину хез кунад? Ба куҷо равам ва худро дар кучо ташхис кунам? Аз медсестрамон фахмидам, ки як хамсоямон касали ВИЧ будаст.

Cалом Мунавар.

Шахсоне, ки рафтори хатарнок доранд, хавфи сироятёбиашон ба ВНМО (вируси норасоии масунияти одам)- яъне ВИЧ зиёдтар мегардад. Дар хотир бояд дошт, ки ҳар як шахс метавонад бо ин масъала дучор шавад. Сирояти вирус ба воситаи хун, алоқаи ҷинсӣ ва аз модари мубталои ВНМО ба кӯдак - дар вақти ҳомиладорӣ, таваллуд ва синамаконии кӯдаки навзод мегузарад.
Мунавар, ман фаҳмида истодаам, ки шумо дар навбати худ аз чунин одамон тарс доред. Агар маълумоти пурра оиди ин сироятёбӣ дошта бошед, пас наметарсед. Инҳо ҳама воҳимаҳои барзиёданд ва дар асл муошират ва шину хез бо одамони бо ВНМО зиндагикунанда комилан бехавф мебошад. Дар ҳолати истифода аз як ҳаммом, ҳоҷатхона, ҳавзҳои оббозӣ, косаву табақ ВНМО ба касе намегузарад. Олимон ва кормандони тиб исбот намудаанд, ки ВНМО дар муҳити беруна қобилияти зиндагӣ кардан надошта, дар мавриди муносибатҳои маишӣ интиқоли ВНМО тамоман ғайриимкон аст. То имрӯз дар ҷаҳон ягон ҳодисаи интиқоли ВНМО бо роҳҳои маишӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Барои гирифтани маълумоти муфассал ва машварат, ҳамчунин ба таври махфӣ гузаштани санҷиш оид ба сирояти ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба марказҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО муроҷиат намудан мумкин аст.


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.