Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди равоншиносӣ

САЛОМ МАН ЗАН ХАСТАМ ОМУЗГОРАМ.ТУЛИ 10СОЛ МЕШАВАД БЕМОРИИ АСАБ ХАСТАМ.КАМУБЕШ ТАБОБАТ МЕКУНАМ АММО СИХАТ НАМЕШАВАМ.БАЪДИ АЗКОР ОМАДАНАМ ХАСТА МЕШАВАМ.КАМЕ КОР ХАМ КУНАМ ЗУД ХАСТАВУ АСАБИ МЕШАВАМ.ОВОЗИ БАЛАНДУ МУСИКИРО ТАХАММУЛ НАДОРАМ.БИСЁР ХОБ КАРДАН МЕХОХАМ АММО ХОБАМ НАМЕОЯД.ТАМОМИ УЗЫИ БАДАНАМ МЕСУЗАД.ОЗМОИШИ ХУН ДОДАМ ХАМААШ ХУББУД.АММО ЧИКОР КУНАМ МАСЛИХАТАМ ДИХЕД.ТАШАККУР.

Салом Шаҳноза.
Имрӯз бисёр одамон аз бемории равонӣ азоб мекашанд ва ин ба саломатии рӯҳиву равонии одам бетаъсир намемонад.
Агар шумо дар худ нишонаҳоро пай баред, ба духтур муроҷиат кунед, то ки ӯ сабаби ин дигаргуниҳоро фаҳмида, муолиҷа кунад. Табобати тиббӣ ва доруҳои лозима барои камтар кардани нишонаҳои беморӣ ва аз ҳаёт хурсандӣ гирифтан ёрдам мекунанд.
Шаҳнозахон, аз мактубатон фаҳмидам ки Шумо давоми 10 соли тӯлонӣ ба ин бемории асаб гирифтор ҳастед. Пас аз рӯйи хирад мебуд, ки  табобатро ба қафо напартоед. Метавонед дар аввал ба духтури асабшинос (невропатолог)  ва баъдан ба руҳшинос (психиатр) муроҷиат намоед.
Ақаллан як-ду рӯз ба ягон ҷо равед, масалан ба кӯҳ ё осорхона ё пиёда сайругашт кунед. Ҳатто вақте ба ҳаёти муқаррариятон каме дигаргунӣ медароред, ин ғаму ташвишатонро кам мекунад.
Боз дар хотир доред, ки ба дигарон ёрдам дода шумо ба худатон кумак мекунед. Вақте дигаронро дастгирию дилбардорӣ мекунед, аз нав хурсанд мешаведу ҳаётатон пурмазмун мегардад.
«Додан аз гирифтан хушбахтии бештар меорад». 
Ғаму дард кумак мекунад, то фаҳмем, ки чӣ дар зиндагӣ муҳимтар аст.  Фикр кунед, ки ҳаётатонро ба чӣ сарф кардан мехоҳед. Агар лозим ояд, ба ҳаётатон дигаргунӣ дароред.
1. Ниёзатонро ба назар гирифта муайян кунед, ки чӣ қадар вақтро бо дигарон мегузаронеду чӣ қадар вақтро дар танҳоӣ.
2. Хӯроки солим хӯред, ба таври кофӣ об нӯшед ва машқи ҷисмонӣ кунед.
3. Аз хоб сер шавед. Дар ҳолати бедорхобӣ маҳз асабшинос ба шумо кӯмак расонида метавонад.
4. Кӯшиш кунед, ки бо дӯстонатон муошират намоед ва барои дамгирӣ низ вақт ҷудо кунед.
Шаҳнозаҷон, албатта, боз дигар маслиҳатҳое ҳастанд, ки ба шумо кумак карда метавонанд. Вале, агар шумо ақаллан баъзе аз ин маслиҳатҳоро ба кор баред, албатта сабукӣ ҳис мекунед.
Бо эҳтиром, Ризвона


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.