Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди равоншиносӣ

Салом муаллима. Надонистам, ки ба кӣ дардамро холӣ кунам. Якчанд сол пеш ҳамсарамро аз даст додам, он кас аз олам гузаштанд. Аммо он дарду ғамро аз дилам бароварда наметавонам. Оё ман катӣ ягон чиз шуда истодааст?

Салом Майсара.
Гум кардани ҳамсар, хешу табор ё дӯсти наздикамон чунон дарди сахт аст ки, ҳеҷ дарди дигар ба он баробар шуда наметавонад.
Албатта шуморо фаҳмида мешавад, Майсараҷон, чунки шахс зиқу ноумед мешавад ва худро нодаркор ҳис мекунад.  Дилатонро ба касе, ки ба ӯ бовар доред, холӣ кунед. Фикру ҳиссиётатонро дар рӯзномаатон нависед. Ин ба шумо кӯмак мекунад, ки ба зиндагӣ бо чашми умед нигаред.
«Ҳар чиз вақту соати худро дорад... Вақте барои гиристан ва вақте барои хандидан, вақте барои нолидан ва вақте барои рақсидан».
Барои ҳамин, Майсараҷон, вақте аз рӯйи реҷа амал мекунед (хоб, кор ва машғулиятҳои дигар), шумо тезтар ба ҳаёти муқаррарӣ бармегардед. Бо корҳои фоидабахш машғул шудан ба шумо кумак мекунад, ки дарду ғаматонро фаромӯш кунед.
Ба бисёриҳо кардани корҳое, ки хотираҳояшонро дар бораи шахси азизашон зинда нигоҳ медоранд, ёрдам мекунад. Шумо метавонед суратҳо ё чизҳои он шахсро ҷамъ оред ё дар дафтаре хотираҳоеро нависед, ки фаромӯш кардан намехоҳед. Чизҳоеро, ки хотираҳои ширинатонро зинда мегардонанд, нигоҳ доред ва баъдтар, вақте хоҳиш пайдо шавад, онҳоро аз назар гузаронед.
Боз барои пурратар маълумот гирифтан, метавонед ба ман алоҳида нависед.
Бо эҳтиром, Ризвона.


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.