Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди равоншиносӣ

Ассалом. Мехостам ба ман маслиҳат диҳед тамоман аз дунё дилам хунук шудас, умед ба фардо надорам, дар сарам танҳо ва танҳо тарки дунё. Ҳолатам тамоман руз то руз безеб мешавад, ягон умеди зистан надорам. Роҳамро гум кардам дар ҳаёт.

Ассалом мӯҳтарам Мммм.
Дар саросари ҷаҳон одамон ба бисёр мушкилиҳо дучор шуда зиқу рӯҳафтода мешаванд ва дарду азоб мекашанд. Оё ин гуна ҳиссиёт ба шумо шинос аст? Шояд, шумо аз ягон беморӣ азоб кашед ё шахси наздикатонро аз даст дода бошед. Эҳтимол, шумо фикр кунед: «Оё ягон вақт ҳаёт беҳтар мешавад?»
Бисёр одамон ба ояндаи нек умед банданд ҳам, дилпур нестанд, ки ин умеду орзуяшон ягон вақт ҷомаи амал мепӯшад.
Бисёр одамон душвориҳои гирду атрофро дида зиқ мешаванд ва ҳатто ба хашму ғазаб меоянд. Баъзеҳо барои беҳтар кардани ҳаёт мубориза мебаранд.
Умед ҳолати шахсро беҳтар гардонда метавонад ва ба бисёр чиз қодир аст, чунки умед таъсири калон дорад.
Ба оянда умед бандед. Умедвории оқилона ба кас ёрдам медиҳад, ки нигоҳ накарда ба душворӣ хурсандиро нигоҳ дорад. Чӣ хеле мегӯянд "Дунё ба умед аст".
Мӯҳтарам мизоҷ, бо як ҷумлаи шумо шахс наметавонад ба пуррагӣ вазъият, ҳолат, ҳиссиёти шуморо муайян созад.
Барои муайян намудани беморӣ (ё худ рӯҳафтодагиву зиқӣ, парешонхотирӣ, афсурдаҳолӣ- депрессия) ҳатман ба духтури асабшинос (невропатолог) муроҷиат намоед. Духтур ҳолати шуморо муаяйн намуда, ё табобатро сар мекунад, ё ба руҳшинос (психиатр), ё равоншинос (психолог), психотерапевт равон мекунад.
Баъдан метавонед ба WhatsApp - и ман +992935039886 нависед, ё хоҳед дар ҳамин чат ҳам нависед, мешавад.


Бо эҳтиром, Ризвона.


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.