Муҳтарам Завкибек.
Мехостам фаҳмам, ки дар ягон ҷо кор мекунед, ё мехонед? Ё ин ки тамоман бекор ҳастед?
Шояд якчанд сабабҳо бошад, ки ба чунин хулоса омадед? Ҳар воқеаву ҳодисаҳои рухдодаро дар алоҳидагӣ муҳокима карда мешавад.
Агар дар умум гирем, ташвиши аз ҳад зиёд мушкилиро ҳал намекунад. Ҳар рӯз ташвиши худро дорад, барои ҳамин набояд ба ташвиши имрӯза, ташвиши гузаштаву ояндаро илова кунем. Агар мо аз рӯи чунин маслиҳат амал кунем, ташвишу ғами худро камтар намуда сабукӣ ҳис мекунем.
Баъзан шуморо вазъияти ҳозира ташвиш дода метавонад. Нагузоред, ки ғаму ташвишҳо шуморо шикананд. Барои паси сар кардани ин вазъиятҳо ҳар кори аз дастатон меомадаро кунед ва ғаму ташвишатонро метавонед ба Худо супоред.
Дар бораи душвориҳои оянда ғам хӯрдан бефоида аст. Барои ҳамин шумо набояд дар бораи воқеаҳое ки ҳоло рӯй надодаанд, ғам хӯред. Чунки одатан он чизҳое, ки мо фикр мекунем, рӯй намедиҳанд. Ғайр аз ин вазъияте нест, ки ҳалнашаванда бошад. Баръакс, агар тарсу ҳарос 10 % бошад, боқимонда 90% - ро мо худамон бар болои он зам мекунем. Ва дар чунин ҳолат вазъиятро аз будаш бадтар месозем.
Ин ба шумо ёрдам мекунад, ки ором шуда фикру ҳиссиётҳои нодурустро аз худ дур созед. Китобҳоипанду насиҳатомезро хонед, ки бо ёрии он мо ғаму ташвишамонро паси сар, камтар ва ё умуман бартараф карда метавонем. Вай ба шумо қувват ва тароват бахшида метавонад. Вақте дар бораи чизҳои хондаатонпайваста мулоҳиза ронда фикр мекунед, ки чӣ тавр дар ҳаёт ба кор бурда метавонед, ин шуморо қавитар мегардонад, дилшикастагиатонро ором мекунад, заифонро қавӣ, рӯҳафтодагонро бошад, тасаллӣ медиҳад.Бароиҳаминагаршумоҳаркориаздастатонмеомадарокардабошед, инбашумоёрдаммекунад, киоромшудафикруҳиссиётҳоинодурустроазхуддурсозед.
Завќибек, боз мақсадҳоихудродидабароедварӯиварақнависед, кидарояндаиназдикчӣнақшаҳодоред. Бароиамалӣгардониданиончӣбашумохалалмерасонад? Байниварақхаткаткашед: даряктарафниятҳоимусбӣвадартарафидигарманфиронависед. Ҳаргоҳе, кибасаратонфикрҳоояд, онроёбатарафимусбӣ, ёбатарафиманфӣнависед. Вахудатонметавонедбинед, чарофикрҳоиманфӣ зиёд. Метавонед мулоҳизаронӣ карда, чора андешед, то фикру мулоҳизаҳои тару тозаро бо манфӣ иваз намоед. Ва кӯшиш намоед, то ба ин ҳадафҳои мусбӣ расед.
Саволҳои иловагӣ бошад, ба WhatsApp–и ман нависед: 935039886
Бо эҳтиром,
равоншиноси МД «МЧ ВНМО»--
Чураева Ризвона
Душанбе, Точикистон
Тел. моб. +992 935 039 886
кори +992 234 33 43