Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди равоншиносӣ

Салом алейкум муаллимаи азиз. Ман як чандсавол дорам дар бораи «издивочи бармахал», андешаи Шумо дар ин бора -- Рахмонали Хабибов

Салом мӯҳтарам Раҳмоналӣ.
Оиди издивоҷи бармаҳал гуфтанӣ ҳастам, ки
шахсе, ки оиладор шуданӣ аст, бояд «аз ҳад ҷавон набошад», чунки дар навҷавонӣ хоҳиши сахти шаҳвонӣ метавонад ба шахс халал расонад, ки қарори хирадмандона барорад.
Ин ҷавононро дар пеш чӣ интизор аст? Танҳо пушаймонӣ. Бештари ҷавонон гирифтори хатари сирояти ВНМО  ва дигар бемориҳои бо роҳи ҷинсӣ гузаранда, издивоҷҳои аз ҳад бармаҳал ва ҳомиладорӣ, вайроншавии оилаҳо, маводи мухаддир, хушунат ва истисмори ҷинсӣ рӯбарӯ ҳастанд.  Дар давраи ҳомиладорӣ ё таваллуд наврасон ду маротиба бештар аз калонсолон мемиранд.
Издивоҷ бояд танҳо дар байни шахсони ба балоғатрасида бошад.
Агар шахс барои барпо кардани оила нияти ҷиддӣ дошта бошад, хуб мебуд, ки аз худ чунин пурсад: «Оё ман дар ҳақиқат ба издивоҷ кардан тайёрам?» Дар бораи муҳаббат, алоқаи ҷинсӣ, муносибат ё тарбияи фарзандон фикр кардан — ин ҷавоби саволашон нест. Баръакс, зану шавҳари оянда бояд ба мақсадҳои муайян диққат диҳанд.
Ҷавоне ки дар ҷустуҷӯи ҳамсар аст, бояд дар бораи принсипи зерин бодиққат андеша ронад: агар дар  давраҳои қадим мард мехост, ки зан гирад ё оила барпо кунад, ӯ бояд аз худаш чунин мепурсид: «Оё ман тайёрам, ки ба занам ва фарзандонамон, ки шояд баъдтар таваллуд шаванд, ғамхорӣ кунам ва онҳоро хӯронда пӯшонам?» Дар аввал ӯ бояд меҳнат мекард: нисбати киштзору ҳосилот ғамхорӣ менамуд. Чунин принсип дар рӯзҳои мо низ истифода мешавад. Марде ки зан гирифтан мехоҳад, бояд барои ӯҳдадориро ба дӯши худ гирифтан, тайёр бошад. Агар саломатиаш имкон диҳад, ӯ бояд кор кунад. Агар мард нисбати ниёзҳои ҷисмонӣ, эҳсосӣ ва рӯҳонии оилааш ғамхорӣ накунад, вай аз беимон ҳам бадтар аст!
Агар зан шавҳар кардан хоҳад, вай нишон медиҳад, ки ба иҷро кардани вазифаҳои ҷиддӣ розӣ аст. Ӯ барои ба шавҳараш кӯмак расондан ва нисбати хонаводаи худ ғамхорӣ намудан, ҳунару хислати зарурӣ дорад.  Мардон ва заноне, ки ноболиғанд ва ба иҷрои вазифаҳое, ки бо издивоҷ алоқаманданд, тайёр нашуда, саросемавор издивоҷ мекунанд, онҳо худбинона рафтор мекунанд, чунки дар бораи ҳамсари ояндаашон фикр намекунанд. Вале онҳое ки издивоҷ кардан мехоҳанд, пеш аз ҳама бояд аз ҷиҳати рӯҳониву равонӣ тайёр бошанд.
Ба издивоҷ тайёрӣ дидан инчунин мулоҳиза оиди нақшҳоеро дар бар мегирад, ки  ба зану шавҳар дахл дорад. Мард бояд донад, ки сарвари оила будан, чӣ маъно дорад. Нақши сарварӣ ба ӯ ҳуқуқ намедиҳад, ки золимона рафтор кунад. Ҳамчунин зан бояд дарк кунад, ки зан кадом нақши сазоворро мебозад. Оё ӯ аз дилу ҷон ба «шариати шавҳардорӣ» итоат мекунад? Лекин ҳокимияти шавҳараш дар оила қонуни дигар дорад. Вақте ки дар бораи ҳокимияти шавҳар чун шахси нокомил сухан меравад, оё зан ба шавҳараш кӯмак ва итоат карда метавонад? Агар чунин имконият ба ӯ ҷолиб натобад, беҳтараш шавҳар накунад.
Ғайр аз ин, зану шавҳар барои ғамхорӣ кардан нисбати талаботҳои асосии якдигар бояд тайёр бошанд. Хирадмандон фармудаанд «Бигзор ҳар яке аз шумо зани худро мисли худ дӯст дорад ва зан шавҳари худро бояд эҳтиром намояд».
Давраи мулоқот — на танҳо давраи вақтхушӣ мебошад. Дар ин давра марду зан чӣ гуна бо якдигар муносибат карданро мефаҳманд ва издивоҷ кардан ё накарданашонро қарор мекунанд. Аммо айни замон бояд худдорӣ кард. Хоҳиши алоқаи ҷинсӣ хеле сахт буда метавонад, зеро набояд рад кард, ки ба ҳамдигар иштиёқ доштани марду зан табиист. Вале онҳое ки ҳақиқатан якдигарро дӯст медоранд, аз амале ки ба шахси дӯстдоштааш зарари рӯҳонӣ мерасонад, дурӣ меҷӯянд. Аз ин рӯ, ҳангоми мулоқот худдорӣ намоед. Новобаста аз он ки шумо издивоҷ мекунед ё не, ин хислат дар тамоми давраи ҳаётатон ба шумо манфиат меорад.
Барои ҳамин хуб мебуд ки барои барпо кардани оила шахс саросема нашавад.


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.