Салом Абдуманон.
Шумо дар худ харобшавии вазни бадан, арақкунӣ, алалхусус дар вақти хоб ҳис кардед? Пас агар шумо тез-тез тасб мекунеду сулфа доред, пас бояд ҳатман ба духтури оилавиатон, ё духтури силшинос муроҷиат намоед. Духтур бо шикоятҳои шумо шинос шуда, дарҳол гирифтани муоинаи балғам ва акси қафаси синаро мефармояд.
Абдуманон, аз ҳама оддитарин маълумотро бояд донед: сулфаи аз ду ҳафта зиёду давомдори бо балғам, ҳарорати давомдори бадан ва арақкуниву бандшавии иштиҳо, дарди қафаси сина, харобшавӣ ва бемадорӣ-ин нишонаҳо ки шуд, шумо бояд фавран ба духтури силшинос муроҷиат кунед. Тахмин зуком аст гуфта интизори худ аз худ шифо ёфтан нашавед.
Шумо метавонед ба Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил» ба духтури силшинос Аъзамова Шаҳноза муроҷиат намоед.
Бо эҳтиром, Ризвона
Бо эхтиром,
равоншиноси МД «МЧ ВНМО»--
Чураева Ризвона
Душанбе, Точикистон
Тел. моб. +992 935 039 886
кори +992 234 33 43