Волидон ва фарзандон, бо муҳаббат муошират кунед.
Ҳуснияҷон, умуман, фарзандон волидонашонро ва волидон фарзандони худро дӯст медоранд. Ҳарчанд волидон ва фарзандон сахт мехоҳанд, ки ба якдигар наздик бошанд, лекин баъзан онҳо дар муошират душворӣ мекашанд. Барои чӣ чунин рӯй медиҳад? Чаро ба волидон ва фарзандон оиди баъзе мавзӯъҳо муошират кардан душвор аст? Чӣ ба онҳо кӯмак мекунад, ки муошираташонро беҳтар гардонанд?
БАРОИ МУОШИРАТ ВАҚТ ҶУДО КУНЕД
Ба бисёр оилаҳо барои муоширати хуб вақти кофӣ ёфтан душвор аст. Дар замонҳои қадим фарзандон рӯзи худро бо модарашон дар хона ё ҳамроҳи падарашон дар саҳро ё ҷои кори ӯ мегузаронданд. Ва ба фарзандону волидон барои якҷоя будан ва сӯҳбат кардан вақт фаровон буд. Аз ин рӯ, волидон дар бораи талаботу хоҳишҳо ва хулқу рафтори фарзандони худ фаҳмида метавонистанд. Ба монанди ин, фарзандон низ барои нағз шинохтани волидонашон вақт ва имконияти зиёд доштанд.
ДАР байни бисёр ҷавонони Иёлоти Муттаҳида чунин пурсиш гузаронда шуд: «Агар шумо нохост мефаҳмидед, ки волидонатон пагоҳ вафот мекунанд, имрӯз ба онҳо бештар чӣ гуфтан мехостед?» Қариб 95 фоизи онҳо гуфтанд, ки дар бораи проблемаҳо ё якдигарнофаҳмиҳои бо волидон доштаашон гап намезаданд, баръакс ба онҳо «маро бубахшед», «ман шуморо сахт дӯст медорам» мегуфтанд. (Китоби «For Parents Only» муаллифон: Шонти Фелдан ва Лиса Райс).
То чӣ андоза ҳаёти имрӯза аз он замон фарқ мекунад! Дар бисёр давлатҳо, кӯдакони хурдсолро, баъзан ҳатто дусолаҳоро ба муассисаҳои томактабӣ, масалан ба боғча медиҳанд. Бисёр падарону модарон дар ҷои дигар, аз хонаашон дур кор мекунанд. Ва ҳатто дар он вақти кӯтоҳе, ки волидон ва фарзандон якҷоя мешаванд, онҳо ба ҷои бо ҳам муошират кардан, вақтро ба тамошои телевизор, истифодаи компютер ё дигар воситаҳои электронӣ сарф мекунанд. Дар бисёр оилаҳо фарзандон ва волидон ҳаёти алоҳида мебаранд ва дар асл якдигарро нағз намедонанд. Муошират шояд байни онҳо тамоман вуҷуд надорад. Оё шумо метавонед, аз ҳисоби корҳои дигар вақт ҷудо карда, онро бештар бо оилаатон гузаронед? Баъзе оилаҳо қарор мекунанд, ки ба тамошои телевизор ва истифодаи компютер аз меъёр зиёд вақт сарф накунанд. Дигарон бошанд, мекӯшанд, ки дар давоми рӯз ақаллан як бор якҷоя хӯрок хӯранд. Ибодати оилавӣ низ имконияти хуберо пешкаш мекунад, то волидон ва фарзандон ба ҳам наздик шаванд ва оромона мавзӯъҳоро муҳокима намоянд. Ҳафтае тақрибан як соатро бо ин мақсад ҷудо кардан албатта хуб аст, лекин барои роҳ кушодан ба муоширати кушоду самимӣ чизи бештар лозим аст. Барои ин мунтазам ва зуд-зуд муошират кардан ҳатмист. Пеш аз он ки фарзандатон ба мактаб, ё донишгоҳ равад, ба ӯ ягон сухани рӯҳбаландкунанда гӯед. Ин метавонад дар давоми рӯз ба фарзандатон хеле кӯмак расонад.
Баъзе волидон тавонистанд дар ҳаёти худ дигаргуниҳо дароранд, то вақти бештарро бо кӯдаконашон гузаронанд. Масалан модари ду фарзанд, бо ин мақсад кори худро, ки аз саҳар то бегоҳ буд, тарк кард. Ӯ мегӯяд: «Саҳарӣ ҳамаи мо саросемавор ба кор ва ба мактаб баромада мерафтем. Вақте ки бегоҳ ман аз кор бармегаштам, медидам, ки кӯдаконро мураббиашон аллакай хобонда буд. Гарчанд аз кор рафтани ман маънои онро дошт, ки мо акнун ба пули камтар бояд қаноат кунем, аммо ҳозир ман аз фикру душвориҳои фарзандонам бохабарам ва метавонам ба онҳо маслиҳат диҳам, онҳоро рӯҳбаланд кунам ва таълим диҳам».
«ДАР ШУНИДАН БОШИТОБ» БОШЕД
Баъди бо бисёр ҷавонон сӯҳбат кардан, боз чизи дигареро пай бурдем, ки ба муошират халал мерасонад. Онҳо мегӯянд: «Аксари ҷавонон пеш аз ҳама аз он шикоят мекунанд, ки волидонашон онҳоро гӯш намекунанд». Вале ин на танҳо душвории фарзандон аст. Волидон низ бисёр вақт нисбати фарзандонашон чунин шикоят доранд. Пас, барои ҳамеша бо ҳам муоширати хуб доштан аъзоёни оила бояд якдигарро хеле бодиққат гӯш кунанд. Чунки хирадмандон фармудаанд:
«Бигзор ҳар кас дар шунидан бошитоб, дар гуфтан оҳиста ва дар хашм оҳиста бошад».
Ҳуснияҷон, оё шумо фарзандонатонро бодиққат гӯш мекунед?
Албатта, агар шумо хаста бошед ё чизе, ки онҳо мегӯянд, ба назаратон на он қадар муҳим тобад, ин кор душвор буда метавонад. Аммо чизе, ки ба назари шумо камаҳамият метобад, метавонад барои фарзандатон хеле муҳим бошад. «Дар шунидан бошитоб» будан маънои онро дорад, ки на танҳо ба чизе, ки кӯдак мегӯяд, балки ҳамчунин ба тарзи гуфтани ӯ бодиққат будан лозим аст. Оҳанги овоз, авзои рӯ ва имову ишораҳои вай метавонанд дар бораи ҳиссиёташ бисёр чизро ошкор намояд. Инчунин додани саволҳо муҳим аст. «Андешаи дили одам обҳои чуқур аст,— гуфта мешавад,— вале шахси хирадманд онҳоро мекашад». Ба шумо лозим аст, ки ҳангоми бо фарзандонатон гап задан фаҳмиш зоҳир кунед, яъне аниқ кунед, ки дар асл чӣ онҳоро ташвиш медиҳад. Ва хусусан вақте ки фарзандатон бо шумо оиди мавзӯъҳои нозук гап мезанад, шумо бояд фаҳмиш ва хирад нишон диҳед.
Ҳуснияҷон, агар нахоҳед, ки фарзандатон аз ҳамсолонаш маслиҳат ҷӯяд, ҳамеша бо омодагӣ вайро гӯш кунед. Як хоҳари наврас навишт, ки ҳар боре, ки ӯ дар бораи ҷавонписаре гап занад, волидонаш асабӣ мешаванд. Аз ин, ӯ хиҷолат мекашад ва дигар гапашро давом дода наметавонад. Дигар хоҳари ҷавон чунин навишт: «Бисёр наврасон аз волидонашон маслиҳат пурсидан мехоҳанд, аммо волидон ба суханони онҳо ҷиддӣ муносибат намекунанд, аз ин рӯ, фарзандон ба пеши дигарон мераванд, ҳатто ба назди онҳое, ки таҷрибаашон кам аст». Агар шумо меҳрубонона гапи фарзандатонро оиди ҳар мавзӯъ бо омодагӣ гӯш кунед, ӯ бемалол гапҳояшро ба шумо мегӯяд ва бо хурсандӣ аз рӯи маслиҳати шумо амал мекунад.
«ДАР ГУФТАН ОҲИСТА» БОШЕД
Вақте ки волидон ба суханони фарзандашон дарҳол ба таври манфӣ муносибат мекунанд, яъне зиқ мешаванд ё дод мезананд, ин ҳам муоширати онҳоро душвор мегардонад. Фаҳмост, ки волидон мехоҳанд фарзандонашонро муҳофизат кунанд, чунки дар ин «айёми охир» хатарҳо зиёданд, хоҳ аз ҷиҳати ҷисмонӣ, равонӣ бошад, хоҳ аз ҷиҳатҳои дигар. Аммо ҷавонон на ҳамеша инро дарк мекунанд ва шояд чунин фикр кунанд, ки волидон ба онҳо ягон озодӣ намедиҳанд.
Аз рӯи хирад мебуд, ки шумо ба баён кардани фикри худ аз ҳад саросема нашавед. Дар ҳақиқат, вақте фарзандатон дар бораи ягон чизи дарднок ё чизе, ки табъатонро хира мекунад, гап мезанад, оромиро нигоҳ доштан на ҳама вақт осон аст. Вале муҳим аст, ки пеш аз чизе гуфтан ӯро бодиққат гӯш кунед. Агар шумо ором монед, шумо бисёр чизро мешунавед ва фарзандатон гапашро давом дода метавонад. Шумо танҳо ҳамон вақт ба ӯ кӯмак карда метавонед, агар вазъиятро пурра фаҳмед. Шояд дар паси суханони «сахт»-и ӯ ҳаяҷон ва изтироб ниҳон бошанд. Чун волиди меҳрубон, гӯшатонро барои фаҳмидан ва забонатонро барои тасаллӣ бахшидан истифода баред.
«ДАР ХАШМ ОҲИСТА» БОШЕД
Мо на ҳамеша нисбати шахсоне, ки дӯсташон медорем, пуртоқатӣ зоҳир мекунем. Эй падарону модарон, фарзандони худро ба хашм наоваред, ки мабодо онҳо маъюс шаванд».
«Ҳар гуна хафагӣ ва қаҳр, ва ғазаб ва фарёд, ва бадгӯӣ бигзор аз шумо бо ҳар навъ шарорат дур шавад».
Инкишоф додани пурсабрӣ, фурӯтанӣ ва худдорӣ ба мо кӯмак мекунанд, ки ҳатто дар ҳолатҳои душвор ором монем.
Инак, Ҳуснияҷони азиз, агар муошират дар оилаи шумо ба андозае, ки шумо мехостед, кушоду равшан набошад, рӯҳафтода нашавед. Минбаъд низ дар беҳтар кардани муоширати худ саъю кӯшиш кунед ва истифода бурдани маслиҳатҳоро давом диҳед. Ҳозир бошад, ҳамаи мо корҳое мекунем, ки баъд пушаймон мешавем. Аз ин рӯ, аз бахшиш пурсидан шарм надоред. Якдигарро аз таҳти дил бахшед. «Дар муҳаббат пайванд» шавед. Муҳаббат ба бисёр чиз қодир аст. Он «пуртоқат ва бошафқат аст... ба хашм намеояд, ба дил кина намегирад... ҳама чизро рӯпӯш мекунад, ба ҳама чиз боварӣ дорад, ба ҳама чиз умед мебандад, ба ҳама чиз тоб меорад». Агар шумо зоҳир кардани муҳаббатро давом диҳед, муошират дар оилаи шумо торафт беҳтар мегардад. Ин ба шумо хурсандӣ меорад ва оромӣ мебахшад. Дар навбати худ муносибати шумо бо фарзандатон боз ҳам бештар мустаҳкам мешавад.
Ба худ савол диҳед:
Чаро барои муошират вақт ҷудо кардан муҳим аст?
Бо эҳтироми самимӣ Ризвона.